logo

фарҳанг

ИТТИЛОИЯ

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 40 - солагии ислоҳот ва сиёсати ошкоро дар Ҷумҳурии  Мардумии Чин Намоишгоҳи байналмилалии аксу мусаввараҳо бо ширкати  вазири фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Сафири  фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим  Салимзода, намояндагони вазорату идораҳо ва доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Шамсиддин Орумбекзода перомуни намоишгоҳи мусаввараҳо, ки фарогири беш аз 130 акс аст, ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои дӯст ва шарики стратегӣ мебошанд. Мо ба кумаку дастгирии ҳамсоякишвар дар татбиқи барнома ва тарҳҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки ба расидан ба чор ҳадафи стратегӣ - истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии кишвар равона гардидаанд баҳои баланд медиҳем. Мо ба тавсеаи робитаҳо дар самти сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба сохтори сайёҳии Тоҷикистон ҳавасмандем. Робитаҳои илмию фарҳангии  байни ду кишвар сол ба сол тақвият меёбанд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин  дар нимаи аввали соли 2019 ба таҳкими  равобити фарҳангии кишварҳоямон такони ҷиддӣ мебахшанд.
Лю Бин, иброз дошт, ки намоишгоҳ дастовардҳои бузурги  иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва технологияи инноватсионии  Чинро дар давоми чил соли ислоҳот фаро гирифтааст. Бар пояи иттилои ӯ, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар давоми чил соли ахир аз рӯи вусъати иқтисодӣ мақоми дувумро касб намуда, ба кишвари бузурги саноатию тиҷоратӣ ва дорои захираи бойи тиллою асъорӣ табдил ёфт. Дар ин муддат симои Чин ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он ба таври куллӣ дигаргун гашт. Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода» ҳаҷми умумии содирот ва воридот  198 маротиба афзуда, ҳаҷми хизматрасониҳои содиротию воридотӣ 147 баробар зиёд гардид. Дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин муддат беш аз 2 триллион доллар сармояи хориҷиро ба иқтисодиёти кишвар  ҷалб сохт. Тайи чанд соли охир саҳми Чин дар  рушди иқтисодиёти ҷаҳон беш аз 30 дарсадро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи сафири Чин дар Тоҷикистон,  ин кишвар дар раванди  ислоҳот ва сиёсати ошкоро на танҳо худ пешрафт кард, балки  дар рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон нақши муҳим бозид.                                                                                                        
Додоҷон РӮЗИЕВ,  журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2019    №: 54    Мутолиа карданд: 332

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед