logo

сиёсат

МУАРРИФИИ КОНСЕРТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ОРКЕСТРИ ДАВЛАТИИ СИМФОНӢ”

15 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳайати корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва намояндагони аҳли фарҳангу адаб иштирок карданд.
Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 таъсис дода шудааст. Он коргоҳи навтаъсиси санъати мусиқии касбии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.
Бо дастгирии Пешвои миллат Оркестри давлатии симфонӣ бо асбобҳои муосири торӣ, нафасӣ ва зарбиву навозандагии хос ба оркестр ва бинои алоҳида таъмин гардид. Бино бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба фаъолияти эҷодии муассиса таъмир карда шуда, аз ибтидои соли 2018 расман ба фаъолият оғоз кард.
Айни замон дар ҳайати оркестр зиёда аз 100 нафар мутрибу мутахассисони ҷавони хатмкардаи мактабҳои мусиқии касбии дохил ва хориҷ ҷалб карда шудаанд.
Роҳбарияти муассисаи фарҳангӣ аз рӯзҳои нахустини ба фаъолият оғоз кардан, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат ба масъалаи қабули ромишгарону мутахассисон ба ҳайати оркестр, ташаккули репертуари оркестр аз асарҳои композиторони Тоҷикистон ва классикаи ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ карданд.
Баъди анҷоми барномаи нахустини консертӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳузури худ дар ин консерт ба аҳли санъат рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд, дар фароварди барномаи ҳунарӣ ба маҳорати ромишгарон баҳои баланд доданд ва, ҳамзамон, барои таъмини фаъолияти беҳтари оркестр, аз ҷумла интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳисси ифтихору сарфарозии насли наврас аз фарҳанги миллии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои судбахш доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2019    №: 54    Мутолиа карданд: 196

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед