logo

сиёсат

КОРХОНАИ МЕБЕЛ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҚОМАТ АФРОХТ

15 март дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бисот” иштирок намуданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона дар майдони қариб як гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иззатулло Давлатов бо харҷи беш аз 27 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо асосан номгӯи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравии замонавӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар маҷмӯъ, иқтидори солонаи корхона коркарди зиёда аз 600 метри мукааб чӯб, 15 ҳазор адад тахтаҳои махсус, ба монанди ДСП, МДФ, ДВП ва истеҳсоли 1 ҳазору 500 маҷмӯи мебелҳои гуногуни мулоим буда, пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Олмон ва Италия ворид карда шудаанд.
Раванди истеҳсоли мебел, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи саноат мураккабтарин кор дониста мешавад, дар асоси дархости ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ, инчунин, талаботи бозор пурра дар дохили корхона сурат мегирад. Ашёи хом, ба монанди чӯбу тахта, фурнитура ва дигар қисмҳои металлӣ, ки барои истеҳсоли мебел зарур аст, аз Федератсияи Россия, Италия ва Туркия ворид карда мешавад.
Ба гуфти масъулони корхона тамоми намуди мебел ва дарҳои байниҳуҷравӣ, ки дар ин ҷо истеҳсол карда мешаванд, аз лиҳози тарҳ ва сифат ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, дар бозори Тоҷикистон ва минтақа харидорони бештар доранд.
Айни замон дар ин корхона зиёда аз 80 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидааст ва барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби намояндагони бузургтарин ширкатҳои мебелбарории Олмон, Туркия ва Булғористон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ низ ба роҳ монда шудаанд.
Дар шафати ин корхона як бинои хуштарҳу замонавии сеошёна, ки толори фурӯши мебели “Бисот” ном гирифтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори фурӯши мебел намунаи маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаро тамошо карда, ба муассис, ки дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда гузоштааст, миннатдорӣ баён намуда, барои дар оянда ба таври густурда ба роҳ мондани фаъолият ва содироти мебел ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, маслиҳатҳои муфид доданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар вақти истеҳсоли мебел, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳ ба сифат ва тарҳи он равона карда шавад. Зеро имрӯз дар бозори минтақа ва ҷаҳон молу маҳсулоте метавонад рақобатпазир бошад, ки дорои сифати баланд ва ҷавобгӯи замони муосир аст. Бо дарки муҳимияти ин масъала, масъулони корхона мутахассисони варзидаро ба кор ҷалб намуда, дар вақти истеҳсоли ҳама намуди мебел ашёи сифаташ баландро истифода мебаранд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба истифода додани чунин корхонаҳо, ки асосан молу маҳсулоташон воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронда шудааст, дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат қадами устувор ба ҳисоб меравад. Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, хусусан дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе, аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар шафати корхонаи мазкур бунёди коргоҳи истеҳсоли қисмҳои металлии мебел ва як бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои коргарон ба нақша гирифта шудааст.
Дар марҳилаи дуюм бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нав воридоти қисмҳои металлии мебел аз хориҷи кишвар коҳиш меёбад ва дар ин замина, маҳсулоти тайёр бо нархи нисбатан арзон пешниҳоди харидорон мегардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2019    №: 54    Мутолиа карданд: 278
28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед