logo

сиёсат

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЗАВОДИ ИСТЕҲСОЛИ АВТОБУС ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

19 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияти заводи истеҳсоли автобус оғози расмӣ бахшиданд.

Сохтмони корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ба итмом расонда шуд. Ҷамъият ҳамчун ширкати муштарак аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати тиҷоратии туркии «Улишем» таъсис ёфта, баҳри расидан ба ҳадафи миллии эълонгардида дар самти саноатикунонии кишвар роҳандозӣ шудааст.
Корхонаи муштарак иқтидори истеҳсоли автобусҳоро дар як сол то 300 адад расонда, шумораи коргаронаш аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои бунёд ва ба роҳ мондани хати истеҳсоли воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар 90 миллион сомониро дар бар мегирад.
Корхона дорои 6 хати истеҳсолӣ: кафшергарӣ, таҳрангмолӣ ва рӯпӯшкунӣ, рангуборкунӣ, бастубанди механикӣ, электрикӣ ва назорати ниҳоии сифат мебошад. Ҳар як хати истеҳсолӣ бо технологияҳои пешрафта ва муосир муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Қобили зикр аст, ки 200 адад автобуси харидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шарти бандубасти минбаъда дар ҳудуди кишвар аз ҷониби мутахассисони корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” анҷом дода шуд.
Имрӯз дар корхона мутахассисон барои баланд бардоштани малака ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар гардида, аз рафти истеҳсолоти аввал то ба итмом расондани истеҳсоли автобусҳо ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт аз омӯзиш гузаштаанд.
Маҳз баланд бардоштани савияву малакаи мутахассисони маҳаллӣ сари вақт бандубаст ва тибқи тартиби муқарраргардида супурдани автобусҳоро ба корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе имконпазир гардонд ва айни замон муддати 1 сол аст, ки автобусҳои таҳвилёфта ва дар ҳудуди кишвар бандубастгардида дар хатсайрҳои пойтахт ба хизматрасонии ҳамлу нақли сокинон ва меҳмонони пойтахт равона гардидаанд.
Автобусҳои бандубастшуда ва истеҳсолшаванда мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии “Евро - 5”, дорои муҳаррики ширкати бонуфузи “Мерседес Бенз” ва муҳаррики ширкати олмонии “Zahnrad Fabrik”, инчунин, тамоми қисмҳои эҳтиётӣ ва васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ харида мешаванд. Тибқи нақша дар назар аст, ки марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар истеҳсол карда шавад. Дар мадди аввал автобуси дохилишаҳрӣ бо дарозии 12 метр ва бо ғунҷоиши 98 нафар мусофир бо назардошти 26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст истеҳсол мегардад.
Яке аз хусусиятҳои рақобатнокии автобусҳои истеҳсолшаванда дар он аст, ки ҳамаи моделҳои автобуси тамғаи “Акиа” бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол карда мешаванд, ки ин ба кам намудани вазни умумӣ оварда расонда, аз ин ҷиҳат сарфакунии хароҷоти сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин, муҳлати истифодаи автобусҳо зиёд мегардад. Автобусҳо бо 5 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишӣ, таҷҳизоти гармиву хунукидиҳанда (кондитсионер) муҷаҳҳаз гардонда шудаанд, ки бехатар ва барҳаво ба мусофирон хизмат менамоянд. Дар назар аст, ки марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркаш низ ба роҳ монда мешавад.
Бинои бунёдшуда бо тарҳи замонавӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ ба анҷом расонда шуда, дар маҷмӯъ, масоҳати хати истеҳсолии корхона 12 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бо бунёду навсозии бино на танҳо дар хати истеҳсолӣ, балки барои кормандони корхонаи муштарак низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла ошхона барои 300 нафар, маҷлисгоҳ, ҳуҷраи либоскашӣ бо ҷевонҳои алоҳида барои ҳар корманд, таваққуфгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ ташкил карда шудаанд.
Фаъолияти корхонаи муштарак бо мақсади қонеъ намудани талаботи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳсулоти истеҳсолнамуда ва содирот намудани он ба кишварҳои минтақа мебошад.
Ба фаъолият оғоз кардани заводи истеҳсоли автобусҳои мусофирбар дар сиёсати давлати Тоҷикистон баҳри татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумат ва махсусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи табдил додани Тоҷикистон ба кишвари  саноатӣ гоми устувор мебошад ва ин ҳадафи Ҳукумат марҳила ба марҳила татбиқ мегардад.
Ҳамчунин, имрӯз аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», лоиҳаи  корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои шишапластикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шуд.
Сохтмони корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои шишапластикӣ дар ҳамбастагӣ бо яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дар ин самт – ширкати туркии “Суперлит Бору”амалӣ мешавад.
Лӯлаҳое, ки ҳангоми амалинамоии лоиҳаи мазкур истифода мешаванд, асосан аз хориҷи кишвар харид мегарданд. Бо дарназардошти рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва васеъшавии шаҳру ноҳияҳо, зарурати аввалиндараҷа ба навсозӣ ва барқароркунии шабакаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва канализатсия, инчунин, таъминоти майдонҳои кишоварзӣ бо об ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ ба миён омадааст.
Инчунин, лӯлаҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовару оташбардор мебошанд. Барои истеҳсоли лӯлаҳои зикргардида маҳсулоти зерин, аз ҷумла қуми кварсӣ, нахи шишагин ва қатрон зарур мебошанд. Боиси тазаккур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конҳои қуми кварсӣ хеле зиёд ба назар расида, дар навбати худ аз ин намуди қум истеҳсол намудани нахи шишагин низ имконпазир аст. ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” ҷиҳати сохтмони корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои шишапластикӣ Ёддошти тафоҳумро бо ширкати туркии “Суперлит Бору” ба имзо расонда, дар муҳлатҳои наздик корҳои сохтмониро шурӯъ менамояд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи нақша корхонаи мазкур дар майдони 4 гектар сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 150 км. лӯларо ташкил медиҳад. Қутри лӯлаҳои истеҳсолшаванда аз Ø300мм. то Ø3000мм-ро ташкил менамояд. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд. Истеҳсолоти мазкур ба пуррагӣ воридотивазкунанда буда, ҳангоми ба иқтидорҳои пурра баромадани истеҳсолот имконияти содирот намудани маҳсулоти корхона ба кишварҳои ҳамсоя пайдо мегардад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2019    №: 55    Мутолиа карданд: 740
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед