logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.345; с.2009, №5, мод.327; с.2010, №1, мод.3; с.2011, №12, мод.848; с.2013, №3, мод.191; с.2015, №11, мод.971; с.2016, №7, мод.629, №11, мод.884) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 4:
- дар сархати панҷум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
-  сархати шашум  бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе (минбаъд- пойтахт).».
2. Боби 212 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«БОБИ 212. ПАРДОХТ БАРОИ ДОДАНИ ИҶОЗАТИ СОХТМОНИ  БИНО ВА ИНШООТ ДАР ПОЙТАХТ
Моддаи 822. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои  додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт
Пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт (минбаъд-пардохт) барои ҳуқуқи сохтмони бино ва иншоот дар ҳудуди пойтахт ситонида мешавад.
Моддаи 823. Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие  мебошанд, ки ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва иншооти тиҷоратӣ машғуланд.
Моддаи 824. Имтиёзҳо
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми сохтмони биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иншоот ва корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ ва иншооти сайёҳӣ аз супоридани пардохт  озод карда мешаванд.
2. Пардохти мазкур барои сохтмони манзили истиқоматии инфиродӣ ситонида намешавад.
Моддаи 825. Объекти пардохтбандӣ
 Объекти пардохтбандӣ масоҳати умумии биноҳои истиқоматӣ, масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда ва иншооти тиҷоратӣ мебошанд, ки барои фурӯш ё гирифтани фоида аз истифодабарии он сохта мешаванд.
Моддаи 826. Меъёрҳои пардохт
Меъёрҳои пардохт аз рӯи масоҳати умумии биноҳои истиқоматӣ, масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда ва иншооти тиҷоратӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор муқаррар карда мешаванд. Тағйир додани меъёри  пардохт на зиёда аз як маротиба дар як сол бо назардошти рушди иқтисодӣ ва вазъи фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 827. Тартиби ҳисоб ва пардохти маблағи муқарраршуда
1. Маблағи пардохт дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавие, ки дар онҳо масоҳати умумии биноҳои истиқоматӣ, масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда ва иншооти тиҷоратӣ дарҷ гардидаанд, муайян карда мешавад.
2. Ҳангоми гирифтани иҷозат супорандагони пардохт ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳуҷҷатеро пешниҳод мекунанд, ки супоридани маблағи пардохтро тасдиқ менамояд.
3. Пардохт ба суратҳисоби аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, бо роҳи гузарондани маблағ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, амалӣ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1602

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2019, № 1276


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» - ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси   Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  29 марти соли  2019,  № 641


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2019    №: 65-66    Мутолиа карданд: 349

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед