logo

ҳуқуқ

ДУНЯВИЯТ ВА ҶОМЕАИ ИЛММЕҲВАР

Яке аз хусусиятҳои зотии инсон хирадгароиву маърифати олам аст, вале дар тӯли замон  на ҳамаи масоилро инсон аз роҳи ақлу хирад ҳал намудааст. Зеро шинохти воқеияти олам ба инсон якбора ба даст намеояд, балки зина ба зина ва насл ба насл пурратару комилтар шуда, ба ифодаи воқеияти олам баробар мешавад.
Дониш инъикоси олам буда, нахуст дар шакли тасаввуроти ибтидоӣ зуҳур мекунад. Донишҳои инсонӣ метавонанд дониши илмӣ ва ё дониши ғайриилмӣ бошанд. Инсоният то ба марҳилаи донишҳои илмӣ расидан раванди тӯлониеро пушти сар намудааст. Дар ин замина, сараввал донишҳои асотирӣ, ки инъикоси оламро бо роҳи қиссаю ривоёт ва бофтаву тахаюлот инъикос намудаанд, рӯйи кор омадаанд. Марҳилаи дигар бошад, инсон ба зинаи баъдии шинохт, яъне шинохти динӣ, ки асоси онро бовару эътиқод ташкил медиҳад, таваҷҷуҳ намудааст. Ҳар дуи ин навъи бинишҳо дониш ба ҳисоб мераванд, вале ин донишҳо донишҳои илмӣ нестанд. Зеро онҳо на аз роҳи ақлу мантиқ, на аз роҳи таҷриба, балки бардоштҳое ё боварҳову гумонҳоеанд, ки инсон онҳоро ба тарзи субъективӣ бар сари воқеияти ҷаҳон бор намудааст. 
Ҳарчанд донишҳои динӣ зинае аз маърифати олам аз ҷониби инсоният ба шумор мераванд, вале дар маҷмӯъ, наметавонанд воқеияти ҷаҳони ҳастиро ифода намоянд. Ин тарзи биниш, пеш аз ҳама, дар натиҷаи аҷзи одамон дар баробари ҳаводиси даҳшатбори табиӣ ва онҳоро саҳеҳу илмӣ шарҳ дода натавонистан шакл мегиранд. Ҳамин аст, ки набуди дониши саҳеҳи илмӣ инсонҳоро ба самти тарс, умед, азоб, эҳтиёҷҳо ва идеалҳо савқ медиҳад, ки ҳар кадоме метавон дар расмиёти динӣ ба осонӣ мушоҳида намуд. Дар ҷаҳонбинию донишҳои динӣ инсонҳо ғолибан андеша менамоянд, ки ҳеҷ чиз ба онҳо вобаста нест ва онҳо вобастаи қувваҳои мармузи осмонианд. Аз ин рӯ, ӯ бо роҳи имону эътиқод, ибодат ва тарсу парҳезкорӣ мехоҳад масъаларо ҳал намояд ва ҳамаи он чиро ки андеша мекунад ҳаллаш имконнопазир аст, ба қувваҳои мармузи осмонӣ ҳавола мекунад. Табиатан инсон ҷӯёи хушбахтӣ, рифоҳ ва осоиштагӣ аст ва чун ҳамеша бо мушкилоти табиию иҷтимоӣ бархӯрд мешавад ва онҳоро аз роҳи ақлу хирад ҳал карда наметавонад, дар ин ҳолат бовару эътиқод ва донишҳои динӣ ҷойгоҳи хосса касб менамоянд. Зеро аксари динҳо кӯшиш мекунанд, хоҳишҳои табиии инсонро бо роҳи ғайритабиӣ бароварда созанд. Аксари динҳо, ки маърифати ҷаҳонро тавассути ба ду тақсим кардани он - индунёӣ ва ондунёӣ матраҳ мекунанд, ин дунёро дунёи даргузар, муваққатӣ ва дунёе, ки дар он инсон наметавонад хушҳол бошад, арзёбӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки инсон неруҳои моҳиятии худро саркӯб намуда, на ба он самт равона месозад, ки ба хотири беҳбуд бахшидани зиндагии инсон равона гарданд, балки инсонро дар ҳолати карахтӣ нигоҳ медоранд.
Донишҳои динӣ, ки сахт маҳдуданд, қабули ҳар гуна дониш ва ҷаҳонбиниро рад мекунанд ва ба онҳо бо назари шакку тардид менигаранд. Дигарандешӣ ва озодии инсонҳоро маҳкум менамоянд ва ба ҳар навъи дигарандешӣ муҷозотро раво дида, таҳқиру барчаспҳои гуногунро мезананд. Ин боиси он мегардад, ки ҷомеаҳои бар мабнои ҳукумати теократӣ ба сарбурда, дар маҳдудияти истеҳсолӣ ва сатҳи пасти маърифатӣ қарор мегиранд ва сатҳи баланди таассубу хурофот, инчунин, анъанагароиву бозмондагии фикрӣ ба мушоҳида мерасад.
Инсоният танҳо бо роҳи шинохти илмӣ дар садсолаҳои охир тавонистааст, сатҳу сифати зиндагии хешро комилан иваз намояд, ба дастовардҳои бузургтарини илмию технологӣ даст ёбад ва аз ин тариқ, ниёзҳои моддию маънавии хешро бароварда кунад. Имрӯз кишварҳое, ки дар сатҳи минтақаву ҷаҳон ҳарфи аввалро мезананд ва қудрати минтақавию ҷаҳониро дар даст доранд, натиҷааш дарёфти донишҳои мантиқиву илмӣ аст, ки аз роҳи татбиқи онҳо тавонистаанд худро ба қудратҳои  минтақавӣ ё ҷаҳонӣ табдил диҳанд. Ин кишварҳо низ замоне таассубу хурофот ва донишҳои диниро меҳвари асосии идоракунии сиёсии худ қарор дода буданд, вале давоми 500 соли охир донишмандону мутафаккирон ва равшанфикрони ин ҷомеаҳо зина ба зина сатҳу сифати донишҳои илмиро боло бурда, илму хирадро роҳнамои кор қарор додаанд. Имрӯз дар ин гуна ҷомеаҳо бовару эътиқодоти динӣ танҳо кори  фардӣ аст ва ҳар инсон метавонад ин ё он бовару эътиқодро бипазирад ва ё баръакс, ҳеҷ як аз боварҳоро қабул накунад.
Ҷомеаи дунявӣ, ки асоси он илмгароист, ҷомеаест, ки дар он нақши ҳалкунандаро зеҳният ва тафаккури инсонӣ мебозад. Ҳамаи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ аз роҳи таҳлилҳои дурусти илмию мантиқӣ муайян шуда, роҳҳои ҳалли онҳо пешбинӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки дар ин гуна ҷомеаҳо сармояи асосӣ зиёиён ва мутафаккирон ба ҳисоб мераванд. Ҷомеаи дунявии илмгаро танҳо ба андешаи инсоният, қудрату неруи зеҳнии он такя мекунад ва  мушкилотро аз роҳи илму мантиқи зинда ҳаллу фасл менамояд. Шаҳрвандони ин навъи ҷомеа ҳар кадоме дорои ҳувият, шахсият ва андешаи худ буда, бо роҳи хираду дониш сатҳу сифати зиндагии хешро аз роҳи ақлу хирад боло мебаранд. Мутаассифона, дар ҷомеаҳои Шарқӣ, ки бештар ҷаҳонбинии динӣ ва донишҳои диниро ба гунаи асолат ва мутлақ қабул менамоянд, неруҳои зеҳнии инсонро маҳдуд карда, онро ба мавҷуди вобаста, бефоида, паст ва тарсанда табдил медиҳанд. Зеҳнияти инсонро ба самти таассуб савқ дода, қабули андешаҳои гуногун ва таҳлилу баррасии онҳоро аз байн мебаранд. Ҳамин аст, ки ҷомеаҳое, ки низоми теократӣ доранд, инсонҳоро саркӯб месозанд. Дар онҳо ҳараҷу мараҷ ниҳоят зиёд буда, сатҳи донишҳои илмӣ ниҳоят маҳдуд аст. Муносибат ба одамон дар сатҳи баланди дискриминатсионӣ (ҷинсӣ, динӣ - мазҳабӣ, табақавӣ)  вуҷуд дорад. Аксари ин навъи кишварҳо вопасгаро, мардумонаш фақир ва пуртазоду ноустувору осебпазиранд. Ҳамин гуна вазъро метавон дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ба осонӣ мушоҳида намуд. Ҳарчанд ин кишварҳо аз лиҳози захоири табиӣ кишварҳои сарватманд ба ҳисоб мераванд, вале набуди сатҳи баланди донишҳои илмӣ ва ҳокимиятҳои теократие, ки дар ин кишварҳо ҳукмрон аст, бошандагони ҷомеаро ба нафарони таассубзадаву хурофотӣ табдил дода аст. Аз тарафи дигар захоири саршори табии дар ин кишварҳо мавҷуд буда бо сабаби набуди ҷомеаи ақлгаро ва илммеҳвар дар шакли ашёи хом ба кишварҳои дигар содир мешавад.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо роҳи ривоҷ додани донишҳои динӣ, мутлақ арзёбӣ кардани онҳо, афкори ҷомеаро ба тарафи худ тамоюл бахшида, аз ин роҳ дунявияти ҷомеаро аз байн баранд. Чунин навъи муносибат барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хатарзо аст. Зеро таҷрибаи кишварҳои олам нишон додааст, ки  ҳокимияти теократӣ ҳеҷ гоҳ на ба манфиати миллатҳо ва на ба манфиати шаҳравандон амалеро анҷом дода наметавонад. Он танҳо фарогири манфиати гурӯҳҳои хурд ва табақаи рӯҳониён аст, ки аз роҳи тарвиҷи таассубу хурофот дукони тиҷоратии хешро гардон мекунанд, вале дар маҷмӯъ, миллатро дар беҳувиятӣ ва кишварро ба дастнигару истеъмолгар табдил медиҳанд. Ҳамин аст, ки дар муносибат ба навъҳои дониш бояд аз зовияи аҳамияти таърихӣ ва дурнамои рушди иҷтимоии ҷомеаҳо назар афканд. Зеро ҷомеаҳое, ки илмгароянд хирад ва тафаккур асоси истеҳсолии онҳоро ташкил медиҳад. Баръакс, ҷомеаҳое, ки дорои ҳокимияти теократианд, бархӯрдҳо рӯз ба рӯз дар онҳо меафзояд, таассубу хурофот боло мегирад, бархӯрдҳои иҷтимоӣ зиёд гардида, саркӯбгарии ҳокимияти сиёсӣ меафзояд. Озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон маҳдуд мешаванд. Табъизи ҷинсӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ меафзояд, осебпазирии иҷтимоӣ боло мегирад. Дар маҷмӯъ, ин кишварҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷойгоҳу мавқеи хешро аз даст медиҳанд.
Аз ин рӯ, пеш аз оне ки ин ё он таблиғоти аз тариқи расонаҳо ба фазо пахшгардида қабул карда шавад, борҳо бояд аз лиҳози ақлу мантиқи солими ҳар фард мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
мудири кафедраи илмҳои
гуманитарии Донишгоҳи
технологии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2019    №: 67    Мутолиа карданд: 184

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед