logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. САФИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ ДАР ҲОЛИ АФЗУДАН АСТ

Дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носир Хусрав таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» чорабинии тантанавӣ баргузор гашт, ки беш аз 1000 нафар наваскарони вилояти Хатлон ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд.

Бино ба иттилои Фақер Саъдуллоев, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, дар ҷамъомад раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, намояндагони ташкилоту муассисаҳои дахлдор, комиссарони шаҳру ноҳияҳо, волидон ва омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Қурбон Ҳакимзода вобаста ба мақоми ҳомиёни Ватан, таъмини амнияту осудагии кишвар, беҳбудии вазъи хизмати ҳарбиёну сарбозон, сухан карда, иброз дошт, ки хизмат дар сафи артиш, ҳимоя аз марзу буми Ватан - Модар мояи шараф ва ифтихори ҳар як фарди баору номус ва ватанхоҳ буд ва ин рисолат то абад мемонад. Аз таърих ва достонҳои гузаштагон то мо омада расидааст, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо шуҷоаттарин мардон гирифта мешуданд ва ин анъана имрӯз низ давом дорад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми ориёасил дорои сипоҳи бонизому машқдида буда, худро аз душман далерона дифоъ мекарданд.
- Айни замон маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар муқоиса ба солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба неруи тавоное табдил ёфтааст. Дар давраи мавҷудияташ Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол собит кард, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот нақши муассир дорад, - афзуд раиси вилоят.
Зикр шуд, ки бо дастгирии Роҳбарияти Олии кишвар дар Қувваҳои Мусаллаҳ мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ ҳаллу фасл гардида, сохтмон ва азнавсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат ёфта истодааст. Дар чунин шароит ҳар ҷавони бонангу номусро зарур аст, ки дар ҳифзи марзу буми сарзамини хеш масъулияти бештар нишон диҳад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2019    №: 67    Мутолиа карданд: 225

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед