logo

фарҳанг

ПАЁМ. ЗАБОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Забони тоҷикӣ, ки ҳатто дар давраҳои зиёди  бедавлатии тоҷикон забони давлатии давлатдорони дигарон будааст, имрӯз соҳибони воқеиашро ёфтааст. Маҳз аз ин лиҳоз, баҳри чун гавҳараки чашм пос доштани забони модарию давлатӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ  пайваста мекӯшад, то ин забон дар ҷомеа манзалати шоистаи хешро бо ҳамин ном дарёфта бошад. Дар бештар маврид ба масъалаи забон, забондонию забондӯстӣ ва забономӯзӣ рӯ оварда, ба арҷгузории он аҳли ҷомеа, бавижа ҷавононро даъват намудани Роҳбари давлат шаҳодати ин гуфтаҳост. 
Дар  ҳамин радиф дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таҳлили таҳсили ҷавонон  нарасидани кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва паст будани сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти кишвар бо нигаронӣ қайд карда, онҳоро ба қатори «проблемаҳои ҳалталаб» ном бурданд, ки ҳар ду ҳам сабаби ба таври бояду шояд омӯхта нашудани забонҳо, аз ҷумла забони тоҷикӣ, шуда метавонад. Баҳри ноил гардидан ба ин натиҷа бояд ҳарчи бештар усулҳои фаъоли замонавӣ,  техникию технологии дастрас ҷорӣ карда шаванд.
Дар Паём вазъи таълими забонҳои хориҷиро таҳлил карда, ба хулосае омадаанд, ки «натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд» ва барои бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузоштанамон мусоидат наменамоянд. Бинобар ин, ба  Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, ишора рафт, ки «мо ин корро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар мекунем, на бо мақсади дигар». 
Мо - тоҷикони ин сарзамини муқаддас вазифадорем, ки барои интишор ва рушди забонамон дар беруни кишвар ҳаматарафа мусоидат намоем. Васеъ шудани доираи забони тоҷикӣ  ба мақсаду манфиати давлату мамлакат ва ҷомеа бояд истифода гардад. 
Қобили тазаккур аст, ки дар кишварҳои ҳамсояву дур, ба мисли Ӯзбекистон, Қирғизистон, Россия,  Украина, Беларус, Германия, Австрия, Чехия, Булғористон, Исроил, ИМА ва Канада курсҳои гуногуни омӯзиши забони тоҷикӣ амал менамоянд. Дар мактабҳои олии ин кишварҳо барномаҳои махсуси  забони тоҷикӣ амалӣ мегарданд.
 Мо аз расонаҳои электронӣ 12 барномаи таълими забони тоҷикиро дарёфтем. Аксари онҳо бо мақсади шиносоӣ бо ин забон таҳия шуда, бештар вижагии роликию видеоӣ доранд.  Дар сайтҳо низ оид ба омӯзиши забони тоҷикӣ маводи зиёд ва мухталиф пайдо кардан мумкин аст, вале сифати онҳо хеле корталаб аст. 
 Агентии тарҷумаи забонии  «Е-Транс» низ фаъолияти густурда дорад. Марказаш дар шаҳри Москва  қарор дошта, дар бисёр шаҳрҳои Россия, аз ҷумла Санкт - Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Қазон, Хабаровск, Краснодар, Иркутск ва ғайра амал менамояд.
Дар ду донишгоҳи Украина таълими тахассусии забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Ҷумҳурии Белорус низ асосан бо тарҷумаи ҳуҷҷату асноди шахсӣ ва тарҷумаи баъзе асарҳои адибони тоҷик машғуланд, ба омӯзиши онҳо низ мароқи афзоянда зоҳир мешавад. Умуман, таваҷҷуҳи  мардуми Россия, Украина, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ба забони тоҷикӣ қобили дастгирист. 
Дар Германия, Франсия, Чехия, Булғория, ИМА ва Россия ба тадқиқоти забони тоҷикӣ олимони зиёд машғул буда, таълифоти ҷолиб доранд. Масалан, дар Германия агар аз солҳои 60 - и асри ХХ шарқшинос Монфренд Лорентс бо омӯзиши забони тоҷикӣ машғул бошад, ҳоло ташаббуси ӯро шогирдаш Лутс Жеҳак давом дода, бо олимону луғатшиносони тоҷик Барно Орипова, Хайрулло Сайфуллоев, Нафасшо Шозодов,  Аҳмадҷон Сангинов соли 2010 «Фарҳанги  немисӣ-тоҷикӣ»-  ро аз нашр баровард ва соли 2018 нашри мукаммали он сурат гирифт. Дар дигар марказҳо низ пажӯҳишҳои зиёди ҷолиб ба субут расидаанд ва ин ҳама аз афзудани нуфузи байналмилалии забони муосири тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.  Бинобар он, месазад, ки ҳар фарди худогоҳи миллат забони давлатиашро ҳифз намуда, дар рушди он саҳмгузор бошад. 
 Ҳар халқу миллат забонашро модарӣ меномад ва нафари дигаре забонро беҳтар аз модар ёд дода наметавонад. Модар шириниву покизагӣ, таровату назокати забонашро ба фарзанд бо хуну шираш медиҳад.  Бесабаб нест, ки дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар, ки модаронро беҳтар аз ҳама арҷгузорӣ менамоянд, таъкид кардаанд, ки «бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд. Бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд».                  
Ҳамин тавр, бештар, беҳтар ва ҷиддитар гардидани муносибати аҳли ҷомеа ба забони давлатӣ нишонаи болоравии маънавиёти он буда, омили назарраси рушду инкишоф, пешравии халқу миллат ва давлат маҳсуб меёбад.
Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкор намуда,  дар сурати мушаххас ва ҳадафнок амал кардани коршиносон ва ҳар як соҳибзабон  забони тоҷикӣ манзалату мақоми хешро метавонад ҳифз намояд.  
Т. ШОКИРОВ,
профессори кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ, доктори илмҳои филология,
М. ҒОЗИЕВА,
сармуаллимаи кафедраи забони
давлатӣ ва ҷомеашиносии ДТТ
ба номи академик М. Осимӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2019    №: 67    Мутолиа карданд: 129

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед