logo

иҷтимоиёт

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА БЕҲБУДИ ИҶТИМОИЁТ

Лоиҳаи нави яксолаи «Сафарбаркунии ҷомеа ва тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал», ки дар 8 ҷамоати ноҳия (Ғарм, Қалъаи Сурх, Қалъанак, Навдӣ, Нусратулло Махсум, Навобод, Ҷафр ва Тагоба) ҳусни оғоз бахшид. Лоиҳа бо ташаббуси Ҳукумати кишвар бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва филиали Ассотсиатсияи КАРИТАС (Олмон) дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Дар он Ҳамдулло Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Рашт, Парвина Таҷибаева, намояндаи кишварии КАРИТАС, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ЮНИСЕФ, созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва соҳаи хусусӣ, инчунин, шахсони дорои маъюбият (ШДМ) ва доираҳои ҳавасманд ширкат доштанд.
Парвина Таҷибаева, гуфт, ки лоиҳа ҷузъи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017 - 2020» буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ ва дастгирӣ меёбад. Он дар доираи иҷрои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи ШДМ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта имзо шуда буд, амалӣ мегардад.
Зикр гашт, ки лоиҳаи мазкур идомаи Стратегияи панҷсолаи иртибот барои тағйири иҷтимоӣ, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ таҳия гардидааст. Ҳадафи он бунёди ҷомеаи фарогир тавассути беҳтар кардани дарки маъюбият, коҳиши доғгузорӣ ва пешбурди Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал (ТСМ) аст. Дар доираи лоиҳа 90 кӯдаки дорои маъюбият бо хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал ва хона фаро гирифта мешаванд.
Дар ноҳия мувофиқи омори расмӣ, шумораи ШДМ 1860 нафар буда, аз он 285 нафарашро кӯдакони дорои маъюбият (КДМ) ташкил медиҳад. Новобаста аз он, ки баъзе агентиҳо ва муассисаҳо роҷеъ ба ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои маъюбият дар маркази ноҳия фаъолият доранд, занону мардони дорои маъюбият ва волидони КДМ, ки дар деҳаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, ба иттилооти марбут ба ҳуқуқҳои худ дастрасии кам дошта, сатҳи огоҳии онҳо дар бораи маъюбият умуман маҳдуд аст.
Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Маркази дастгирии Ғарм», мутахассисони КАРИТАС 5 корманди ташкилоти шарик ва 12 корманди ТСМ - ро меомӯзонанд.
Раъно ДОДОҶОНОВА,
ходими илмии Маркази илмӣ - клиникии
педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2019    №: 67    Мутолиа карданд: 228
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед