logo

иҷтимоиёт

БОХТАР. ЧАРО ҲАЛНОМАИ СУД ИҶРО НАМЕШАВАД?

Соли 2013 модарам Нортаджи Худойбердиева дар асоси шартномаи харидуфурӯш манзили истиқоматиро дар шаҳри Кӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар), кӯчаи Дӯстии халқҳо, бинои 68, ҳуҷраи 23 аз собиқ соҳибмулк ҶДММ «Нур» - и шаҳри Қӯрғонтеппа дар намояндагии роҳбари он Адолатхон Мирзокаримова харидорӣ намуда, дар идораи нотариалии вилояти Хатлон ба қайд гирифта буд.
Бо сабаби тӯл кашидани корҳои сохтмонии дохили хона мо хостем баъди таъмири пурра онро қабул намоем. Аз ин фурсат Дилором Туйдиева ном шаҳрванд истифода бурда, бо аҳли оилааш ба хона даромада, ғайриқонунӣ то соли 2015 зиндагӣ кардаанд. Баъди огоҳ шудан аз ин ҳолат мо шартномаи харидуфурӯши хонаро ба ӯ пешниҳод намуда, хостем хонаи моро холӣ кунад, аммо ӯ нахост.
Дар ин хусус ба суди вилоят муроҷиат кардем. Суди вилоят баррасии масъаларо ба суди шаҳри Сарбанд (ҳозира Левакант) равон кард. Дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Сарбанд аз 24 августи соли 2017 даъвои Нортаджи Худойбердиева нисбат ба Дилором Туйдиева дар бораи талаб кардани молу мулки бадастовардаи ғайриқонунӣ ва кӯчондан аз манзили истиқоматӣ, қонеъ карда шуд. Бар асоси ҳалномаи суд Дилором Туйдиева бояд бо аҳли оилааш аз манзили истиқоматии мавриди баҳс кӯчонда, хона ба Нортаджи Худойбердиева баргардонда мешуд.
Ҳалномаи суд 10 октябри соли 2017 эътибори қонунӣ пайдо кард. Дилором Туйдиева аз болои ҳалнома ба зинаҳои дигари судӣ шикоят кард, вале он дар ҳамаи зинаҳо қонунӣ ва асоснок ҳисобида шуд.
Барои иҷроиши ҳалномаи суд варақаи иҷро таҳти № 3 - 25 соли 2017 тартиб ва барои иҷроиш ба иҷрочиёни суди шаҳри Бохтар ирсол гардид. Аммо то ҳол ҳалнома оид ба кӯчондани Дилором Туйдиева бо аҳли оилааш ва баргардондани манзили истиқоматӣ ба мо тӯл кашида истодааст.
Дар ин фурсат ҳамсарам ва модарам Нортаджи Худойбердиева вафот карданд. Пас аз вафоти онҳо ман ҳамчун вориси ҳуқуқӣ якчанд маротиба талаб кардам, ки иҷроиши ҳалнома таъйин карда шавад. Мутаассифона, то имрӯз иҷрочиёни суди шаҳри Бохтар барои аз хона кӯчондани Дилором Туйдиева ягон кор накарданд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки чаро ҳалномаи суд, ки кайҳо боз эътибори қонунӣ пайдо кардааст, иҷро намешавад?
Мунира ХУДОЙБЕРДИЕВА, сокини шаҳри Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2019    №: 67    Мутолиа карданд: 186

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед