logo

Хабарҳо

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Аҳмад ибни Абдуллоҳ

Дирӯз дар вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров ва раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Аҳмад ибни Абдуллоҳ оли Маҳмуд, ки дар шаҳри Доҳа доир шуд, густариши равобити гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Қатар баррасӣ гардид.
Мусоҳибон аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба ва дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки тамосҳои мунтазами роҳбарони олии ду кишвар – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ, заминаи мусоидро барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба фароҳам овардаанд.
Инчунин, зимни мулоқот таҳкими робитаҳои Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар матраҳ гардид. Зикр шуд, ки  густариши робитаҳои байнипарлумонӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ва тақвияти пояи ҳуқуқии он муҳим мебошад.
Шукурҷон Зуҳуров ва Аҳмад ибни Абдуллоҳ оли Маҳмуд  доир ба муҳимияти ҳамкории байнипарлумонӣ дар таҳкими муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар, инчунин, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Қатар табодули афкор намуда, ба роҳ мондани хатсайри ҳавоии мустақим байни Душанбе ва Доҳаро муҳим арзёбӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 99

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед