logo

иҷтимоиёт

АЗ ФАРЗ ТО ҚАРЗ. ШИНОХТИ АРЗИШҲО МАЪРИФАТИ БАЛАНДРО МЕХОҲАД

Шинохт ва қадри арзишҳои башарӣ ва ҷузъан арзишҳои милливу  динӣ ҳам аз қавму миллатҳо ва ҳам аз шахсиятҳои алоҳида ақлу фаросат ва мутобиқан дониши кофиро тақозо менамояд. Ба моҳият ва қимати гавҳар сарфаҳм нарафта, арзиш ва ҷойгоҳи онро дарк кардан ғайриимкон хоҳад буд. Рисолати муқаддаси тарбияти маърифати волои миллат, хоссатан таъмини камолоти маънавии ҷавонон, ба зиммаи мо - аҳли заҳмати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳам вогузор карда шудааст. Яъне, бидуни шубҳа, ба вазъияти имрӯзаи рӯҳонию ҷисмонӣ ва ақлонии зумраи назарраси ҷавонони кишвар, мавқеи сиёсии онон, муносибаташон ба равишу ҷараёнҳои мавҷуда ва дар ниҳояти кор, пешравӣ ва шукуфоии Ватани азизамон ба мавқеи пазируфтаи мо - раҳнамоён ва муршидон иртиботи ногусастанӣ дорад. То даме ки маҳз мураббиён, яъне оила, кӯдакистон, мактаб, аҳли кӯчаю маҳаллаҳо, мактабҳои олӣ, тамоми мақомоти идорию қудратӣ, назоратӣ ва созмонҳои сершумори ҷамъиятӣ  зарурати иҷрои вазифаи аввалиндараҷаи хештан - баланд бардоштани маърифати мардумро ба пуррагӣ дарк насозанд, ин муамморо ҳал кардан ва хурду калони ҷомеаро ба роҳи дуруст ҳидоят намудан ғайриимкон хоҳад буд.
Барои он ки ҷавонони мо ба моҳияти ҳувияти миллӣ бирасанд, дар рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ ба камол расанд, онҳоро дар тамоми зинаҳои таълиму тарбия ба таври шоиста ва дар асоси барномаҳои мушаххас сабақ бахшиданамон фарз мегардад.
Фазои тарбият ва тадрисро дар ягон ҷой лаҳзае холӣ мондан дуруст нахоҳад буд. Яқинан, ҳар ҷавоне, ки аз мадди назари мураббиёну раҳнамоёни хайрандеш барканор бимонад, ногузир ба доми душманони миллату давлат гирифтор мешавад. Дар ҳар муассисаи таълимию тарбиявӣ тамоми тадбирҳоро ҷустану амалӣ сохтан зарур аст, ки ҳар фард бо эътибору таваҷҷуҳи доимӣ фаро гирифта шавад. Паҳнкунандагони ғояҳои террористию ифротгароӣ, дар навбати аввал, назари тамаъҷӯёнаи худро маҳз ба ин қишри нисбатан сироятпазири ҷомеа равона мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дурбинии барояшон хос изҳор доштанд, ки авзои сиёсии сайёра басе ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. “Таъкид менамоям, ки вазъи сайёра дар ду - се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад”.
Бешубҳа, терроризм ва ифротгароӣ ватану миллат надорад. Ба пайдоишу ташаккул ва ҳарчи бештар паҳн шудани ин вабои пурдаҳшати аср заифии ҳувияти миллӣ, дар пояи шоиста қарор надоштани эҳсоси ватанпарастӣ, бетарафии ашхосу созмонҳои масъул сабаб мегарданд. Ин зуҳуроти номатлуб дар ҳар куҷое ба мисоли заҳрпечак неш зада, фавран реша меронанд.
Ин даъворо рӯйдодҳои мудҳиши даврони ахир дар Зеландияи Нав ва Ҳолланд бахубӣ собит намуданд. Дасисаангезони ғарбӣ ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонданӣ мешуданд, ки терроризм ва ифротгароӣ хоси дини ислом ва мардуми мусалмон мебошад. Воқеаи хунини яке аз ибодатгоҳҳои оромтарини шаҳрҳои  Зеландияи Нав далолат ба он намуд, ки даҳшатафкании пайравони дини насронӣ ба маротиб аз кушторҳои ба ном “мусалмонон” пурқувваттар ва бераҳмонатар аст. Яъне, агар тибқи  нуқтаи назари рақибон ва душманони идеологиамон андешаронӣ намоем, гӯё динҳои насронию яҳудӣ пуштибон, парастор ва раҳнамои ифротиён ва террористон будаанд. Аммо, ҳақиқати ҳол комилан дигаргуна мебошад. Мутаассифона, дар ҷанги идеологӣ аз дину оин ва аз мавқеи ҷойгиршавии минтақаҳо не, балки аз мавқеъ, аниқтар гӯем, аз бемавқеӣ ва бетарафии одамон, ки аксарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, устокорона ва аксаран бо неруи пул истифода мебаранд. Рӯзгорони мо мисолҳоеро ҳам медонанд, ки теъдоди дақиқи террористон аз номи ҳам дини ислом ва ҳам динҳои дигар амалҳои хунин ба ҷо овардаанду меоранд.
Ҳамин тавр, агар мо андешаи  миллиро пойдор ва муқаддасоти онро устувор нигаҳ дорем, саодати миллати азизамон бардавом, кишвари ҷоноҷонамон бештар обод ва мардуми тамаддунофарамон сарбаланд хоҳад шуд.   
Шарифзода Муъмин Машокир,
ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2019    №: 68    Мутолиа карданд: 351
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед