logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ ХУСУСИЯТИ ИНСОНМЕҲВАРӢ ДОРАД

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарвоқеъ, фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии кишвар буда, бо зикри наҷибтарин дастовардҳои таърихии соли 2018, аз ҷумла оғози расмии татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» бо иштироки Сарвари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об 22-юми марти соли 2018, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархи аввали иншооти тақдирсози аср Неругоҳи барқи обии  «Роғун» ва ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон шурӯъ гардид.
Ин Паём хусусияти инсонмеҳварӣ дорад. Дар он таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Агар ба муҳтавои Паём эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолият барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд. Яке аз чунин самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, ки дар Паём зикр гардид, рушди соҳаи маориф мебошад. Тавре зикр гардид, давлату Ҳукумати кишвар пайваста ба соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ дода, бештари маблағҳои буҷет ба рушди ин соҳа равона мешавад.
Маориф соҳаест, ки ба ислоҳоти мунтазам ва бефосила ниёз дорад, аз ин рӯ, бо иқдоми Пешвои миллат ин соҳа пайваста рушд ёфта, дар инкишоф аст. Дар зарфи беш аз чаҳоряк  аср дар кишвари мо барои рушди он тадбирҳои зиёде андешида шудаанд.
Масъалагузорӣ оид ба аттестатсияи ҳамаи кормандони соҳаи маориф хеле бамаврид мебошад. Зеро тавассути гузарондани он дараҷаи тахассус, қобилияти иҷрои вазифа ва мувофиқат кардани имконияти ҷисмонӣ, синнусолӣ ва фитрии омӯзгорону кормандон, зарурати такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва вазифавӣ, беҳтар гардондани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот муайян карда мешавад.
Бо бовари том метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастурамал моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят карда, ҳамзамон ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагӣ дар ин самт аз мо азму ирода ва ташаббусҳои созанда талаб менамояд.
Таҳмина АБДУЛЛОЕВА, директори МТМУ № 13, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2019    №: 69-70    Мутолиа карданд: 111

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед