logo

фарҳанг

ҲУНАР ВА ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОСИ ХАТЛОНЗАМИН

Дар замони бархӯрди тамаддунҳо эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши муассир доранд.
Мусаллам аст, ки ҳунар ва ҳунармандӣ маҳсули неруи зеҳнию дастии инсон буда, таҷассуми табиату шинохти сокинони ҳар як маҳаллу гузари кишварамон мебошад. Дар радифи идомаи ин гуфтаҳо доир ба чанд ҳунарманди асили шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор матлаберо пешкаш мекунем, ки онҳо бо ҳунари нотакрори хеш маҳбуби халқ гашта, зиндагии ширин доранд.

БОБОИ ХУДОЙДОД:
«ЛАҲЗАЕ БЕКОР НЕСТАМ»
Бо тавсияи Санифа Тағоймуродзода, муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ба деҳоти Сафар Гадоиён, ба хонаи ҳунарманди  91 - солаи намадмол Худойдод Шеров рафтем. Вақте мо меҳмонаш будем, ӯ барои асп абзор медӯхт. Маълум шуд, ки абзорҳои омодакардаашро бурда, дар бозори Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ мефурӯшад. Аз бобои Худойдод асрори намадмолиро пурсидем. Ӯ гуфт: «Давроне пашми гӯсфандро полида, аз он намад омода мекардам. Зеро барои молидани он бозувони боқувват доштам. Ҳоло бошад, айёми таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ барои намоиш додани тарзи намадмолӣ бандаро даъват мекунанд».
Мавсуф мегӯяд, ки барои ранг кардан, пашмҳоро дар дегҳои калоне, ки ранги лозимаро доранд, чанд маротиба тар карда мегиранд ва дар офтоб мехушконанд. Дар замонҳои пеш рангҳоро аз гиёҳ,  маъданҳои табиӣ тайёр мекарданд. Масалан, аз пӯсти пиёз ранги норанҷӣ, аз пӯсти чормағ сиёҳ, аз пӯсти дарахти зардолу сурхча, аз дарахти зирк зард, аз барги дарахти сафедор ранги қаҳвагӣ, аз ҷорӯби кӯҳӣ ранги сабз ва ғайраҳо ҳосил менамуданд.
Ҳозир бошад, ҳунармандон бо истифода аз техналогияи нав ва рангҳои гуногуни химиявӣ шаклҳои гуногуну мураккаби намадро бо тарҳу ороишҳои замонавӣ истеҳсол мекунанд.

ДУНЁБЕГИМ:  «КАСБИ МАН МЕРОСИ АҶДОД АСТ»
- Касби ман аҷдодӣ аст. Ҳамаи онро аз модарам омӯхтаам. Дар оила мо ду духтар ва чор писар будем. Вақте модари ман камзӯлу курта, тоқиву чодар медӯхт, кокул мебофт, ману хоҳарам хурд будем ва бо шавқ бари модар нишаста, ба ӯ нигоҳ мекардем. Дар давраҳои ҷавонии мо духтарро бе чодару куртаи чакан арӯс намекарданд. Аллакай, ман аз замони мактабхонӣ чакан, бардеворӣ, пардаи тиреза медӯхтам. Аз куртаҳои дӯхтаи замони арӯсиям то ҳол сето чакан боқӣ мондааст, ки онҳоро ба кадом намоише равам, ба худ мебарам, - гуфт Дунёбегим Ҷомадова.
Дунёбегим иброз дошт, ки гулҳои чодари ҳар минтақа низ аз якдигар фарқ мекунанд. Масалан, онҳо дар чодари сафед ду кабки кӯҳистон, оҳу ва парандаҳои дар шохҳои дарахтон нишастаро тасвир менамоянд. Тавре қаҳрамонамон гуфт, мизоҷонаш аз шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат матоъ барои қаламзанӣ меоранд. Замони ҷавониашон баъди пурра дӯхтани чодар дар зери он ном ва соли эҷодашро менавиштанд.
Дунёбегим бонуи дунёи  ҳунар аст. Мавсуф ғайр аз ин ҳунарҳо беҳтарин кадбону  дар деҳаашон ба ҳисоб меравад.

СОБИРАМОҲ
ҲУНАРАШ ШОИСТАИ ТАҲСИН АСТ
Вақте ба маъвои кории Собирамоҳ, воқеъ дар деҳаи Деҳқонободи Фархор, ворид гаштем, лол мондем. Ҳуҷра мисли осорхона буд. Як тараф пур аз қуроқдӯзиҳо, гулҳои бофта, лӯхтакҳои зебо бо либоси миллӣ ва дигар унсурҳои миллӣ рӯйи миз ва дар девор овезон буд.  Дар тарафи дигар бошад, мошинаи адрасбофӣ, рӯйи тахти кӯрпаҳо бо чодари қуроқдӯзӣ пӯшонда шуда буд, хуллас кас аз дидани хонаи пур аз нақшунигор, як ҷаҳон маънӣ ва ҳаловат мебарад.
Собирамоҳ зимни суҳбат гуфт: «Мо 11 нафар бону аз шаҳру навоҳиҳои гуногуни кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои омӯхтани ҳунари адрасбофӣ ҷамъ омадем. Муддати омӯзиш се моҳ буд, вале мо онро дар як моҳ аз худ карда, бо шаҳодатномаҳои устои адрасбоф ба ноҳияҳои худ баргаштем. Бо ташаббуси  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия соли 2016 аввалин курси семоҳаи адрасбофӣ бо фарогирии 20 духтари маҳаллӣ ташкил намудем».
Собирамоҳ бо хушнудӣ ёдовар шуд, ки соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд зимни баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ масъулони вилояти Суғд ба ӯ дастгоҳи адрасбофӣ туҳфа намуданд.  

ТЕХНОЛОГИЯИ НАВ ДАР АМАЛ
Мисқолбӣ Сафарова ҳунарро на аз модар, балки аз хушдоманаш омӯхтааст. Ӯ дар баробари чевари моҳир будан, ҳамчунин, дар назди хона коргоҳи «Дӯзандагӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» (бо мағоза барои арӯсон) таъсис додааст. Мавсуф дар деҳаи Гулшани Фархор зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Инчунин, шогирдонро дар ин самт тарбия мекунад.
Ӯ қайд кард, ки ҳамроҳи шогирдонаш, асосан, барои наварӯсон курта медӯзанд. Аз ин ҳисоб даромади хуб меёбад. Қариб тамоми намуди дастгоҳҳои дӯзандагии замонавиро дорад ва бе ягон мушкилӣ фармоиши муштариёнро иҷро мекунанд.

«ЧАКАН» - БРЕНДИ КӮЛОБ
Басбӣ Валиева, сарвари ҶДММ «Чакан» - и шаҳри Кӯлоб, иброз дошт, ки коргоҳи мазкур аз соли 2005 фаъолият мекунад. Ҳоло он 50 коргар аз ҳисоби занону духтарони хонашин дорад. Як хусусияти  корхона дар он аст, ки ҳунармандон фармоишҳоро на дар коргоҳ, балки дар хона омода мекунанд.
- Дастранҷи ҳунармандон 14 сол боз дар  ҷашну чорабиниҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба намоиш гузошта мешавад. Боиси сарфарозист, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо маҳсули дасти ҳунармандони корхона ба Фестивал – озмуни байналмилалӣ, ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, ширкат варзида, ҳунарҳои тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудем, - гуфт Б. Валиева.
Ғайр аз ин, ҶДММ «Чакан» бо намунаи сарулибоси тайёрнамудаи чирадастони корхона дар намоишҳои байлналмилалии Россия, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Чин ва Туркия иштирок кардааст.
Чуноне ки сардори корхона иброз дошт, муассиси ин даргоҳ падараш – Зариф Валиев, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва мутахассиси варзидаи соҳаи фарҳанг, мебошад. Баъди бемор шуданаш духтараш Басбиро ба ҳайси сарвар таъйин мекунад.
Зимни тамошои мағоза чунин ба назар мерасид, ки дар ин боргоҳи ҳунар сарулибоси миллӣ барои занону духтарони ҳамаи минтақаҳо дӯхта шудааст. Пироҳанҳои гуногуранги чакан, либос барои арӯсон: чодар, тоқию фаранҷиҳои зебову назаррабо, ҷома, ангораҳои чакан дар маҷмӯъ беш 50 намуди ҳунари дастӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Ин гувоҳӣ аз он медод, ки коргоҳ беҳтарин истеъдодҳои шаҳру  навоҳии минтақаи Кӯлобро ба ҳам овардааст.
- Се сол қабл аз тарафи ширкат пардаи қасри фарҳанги шаҳри Кӯлобро дар масоҳати 250 метри мураббаъ муддати як сол чакандӯзӣ кардем, ки бисёр зебо ва ҳайратовар буд. Инчунин, пардаи театри шаҳри Бохтар низ маҳсули дасти ҳунармандони коргоҳи мо мебошад, - зикр кард Басбӣ Валиева.
Боиси тазаккур аст, ки ҶДММ «Чакан» сазовори як қатор ифтихорнома, сипоснома ва ҷоизаҳои намоишгоҳу фестивалҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.
Хуршеди ҶОВИД,
 Маҳмуд БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2019    №: 69-70    Мутолиа карданд: 55

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед