logo

ҳуқуқ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ 36 ДАРСАД ИҶРО ШУД

Аз даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳрӯзаи дуюм оғоз гардид. Дар ин муддат иҷрои нақшаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҷумҳурӣ 36 дарсадро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Ориф Нозимиён, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ давом дорад. Дар миёни вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат ВМКБ аз ҳама пешсаф буда, дар нахустин рӯзҳои даъват нақшаро 106 дарсад иҷро кард. Дар вилояти Суғд иҷрои нақша 35 дарсад, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, аллакай аз иҷрои пурраи нақша гузориш додааст. Дар вилояти Хатлон иҷрои нақша 32 дарсадро ташкил дод. Ба ҳамин тартиб, иҷрои нақшаи комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба 36 дарсад баробар шудааст.
Ба гуфтаи масъулони Вазорати мудофиа, дар рӯзҳои аввали даъват ба таври ихтиёрӣ ҳозир гардидани ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбӣ нишон медиҳад, ки ташкилу гузарондани чорабиниҳои пеш аз даъватӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, дарки масъулияти хизмати ҳарбӣ, шаъну шарафи он ва дар таваҷҷуҳ бо хизматчиёни ҳарбӣ ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ аз ҷониби сохтору идораҳои масъули даъватӣ ва намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа амали басо ҳам зарурӣ буда, метавонад омили сари вақт иҷро шудани нақшаи даъват дар ҷумҳурӣ гардад.
Ёдовар мешавем, ки мавсими даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2019    №: 71    Мутолиа карданд: 61

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед