Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
«Қазинформ». Дар интихоботи ғайринавбатии президенти Қазоқистон, ки 9 июни соли равон баргузор мешавад, беш аз 1500 мушоҳиди байналмилалӣ ҳузур хоҳанд дошт, - иттилоъ дод узви КМИ Зауреш Баймолдина.
АИР Новости. Муовини вазири корҳои хориҷии ФР Александр Грушко изҳор дошт, ки айни замон ҳамкории Россия ва НАТО пурра қатъ шудааст.
Regnum.ru. Музокироти сарони Ӯзбекистону Қазоқистон дар Тошканд дар фазои дӯстона сурат гирифта, дар натиҷа даҳ санади ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон.
«ҚирТАГ». Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо даъвати канслери федералии Олмон Ангела Меркел 15-16 апрел бо сафари расмӣ дар ин кишвар хоҳад буд.
Sky News. Вазирони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтанд, ки ба гуфтушуниди тиҷоратӣ бо ИМА ҷиҳати коҳишдиҳии тарифҳои мутақобила ба молҳои саноатӣ шурӯъ кунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 595