logo

сиёсат

ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ РӮЗИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Тоҷикистон таҷлил мегардад. Имсол ҷашни Рӯзи пойтахт ба рӯзи 20 апрел рост меояд. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ – зебо ва хушу хотирмон ҷашн гирифтани он айни ҳол корҳои омодагӣ вусъат гирифтаанд. Ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили сазовори ҷашн Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, «Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба тасвиб расонда, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тасдиқ кард.

Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, мувофиқи нақша дар ин рӯз дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдону хиёбон ва назди корхонаю муассисаҳо барномаҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ, аз ҷумла вохӯрию ҷамъомадҳо бо иштироки арбобони шинохтаи ҷомеа, собиқадорону пешоҳангони меҳнат, базмҳои рақсу суруд бо ширкати санъаткорони варзидаю ҳаваскорон, мусобиқаҳои кушоди варзишӣ, ниммарафони Х байналмилалии Душанбе, ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои шаҳрӣ, ҳамчунин, сайругаштҳои оммавӣ баргузор мегарданд. Ҳунармандони моҳиру чирадаст дар доираи тадбирҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсули дастони худро ба намоиш мегузоранд. Ҳамчунин, баргузории намоиши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, баққолию қаннодӣ ва анвои нонҳои тоҷикӣ дар назар аст.
Ҷои таъкид аст, ки пойтахти Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон – Душанбешаҳри сарсабзу хуррам дар пайи талошу заҳматҳои роҳбарияти шаҳр, сокинони боору номуси пойтахт ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ободтару зеботар мегардад, биноҳои хуштарҳу баландошёна ва замонавии истиқоматию истеҳсолӣ, маъмурӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ ва иншооти дигари азим қомат меафрозанд, боғу гулгаштҳои нав бунёд меёбанд, барномаҳои бузурги созандагӣ амалӣ мешаванд.
Тавре раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 зикр намуд, соли гузашта дар пойтахт 22 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар маҷмӯъ, 27 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда имконият фароҳам оварданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ   18,3 дарсад афзоиш ёфта, ба 2 миллиарду 194,6 миллион сомонӣ баробар шавад. Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 13,8  миллиард сомонӣ расида, саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20,1 дарсадро ташкил дод. 102 майдончаи варзишию 11 боғу гулгашти нав бунёд ва зиёда аз 200 бино пурра рангубору таҷдид гардид. Дар натиҷаи чораҳои роҳандозишуда, дар мавсими гармидиҳии 2018 – 2019 боз 181 бинову иншоот ба маркази гармидиҳӣ пайваста, шумораи умумии онҳо ба 1881 расид. Бо иштироки Пешвои миллат муассисаҳои зиёди истеҳсолию иҷтимоӣ, истиқоматӣ, маъмурӣ ва мактаби байналмилалии Академияи Кембридҷ ба истифода дода шуданд.
Соли гузашта шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта шуд. Ҳамчунин, пойтахти Тоҷикистон, тибқи натиҷаи назарпурсӣ ва таҳлилҳои маркетингии агентиҳои таҳлилии Русия,  дар қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва шаҳрҳои машҳуртарини барои сафари тирамоҳии сайёҳони рус мувофиқи ИДМ эътироф ва пешниҳод гардид.
Ҷиҳати муаррифии шоистаи шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат  ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт дар доираи Соли рушди сайёҳӣ Фестивали тобистонаи Душанбе - «Dushanbe Summer Fest» (нахустин бор), фестивалу ҳамоишҳои  байналмилалӣ ва озмунҳои Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ”, “Наврӯз - мероси фарҳангии сайёҳӣ”, «Чакомаи гесӯ», “Душанбе - шаҳри сайёҳӣ», ҳамчунин, намоишгоҳҳои байналмилалии маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, фарҳангӣ, ҳунармандӣ ва иқтидорҳои сайёҳию сармоягузорӣ баргузор гардиданд.
Ҳоло Душанбе ба маркази бузурги созандагӣ ва намунаи ободӣ барои шаҳру ноҳияҳои кишвар табдил ёфтааст. Тавре муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои пойтахт куллан дигаргун мешавад. Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина ривоҷ додани корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахти мамлакат давоми 3 соли оянда бунёди 4000 иншооти нави таъйиноти гуногун пешбинӣ шудааст.
Баробари татбиқи амалии нақшаҳои ояндасози шаҳрдорӣ Душанбе боз ҳам ба яке аз шаҳрҳои дӯстдоштаи сайёҳон мубаддал мегардад. Ҳоло дар пойтахт «Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2020» мавриди амал қарор дорад, ки фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷию дохилӣ ҳадафи асосии он аст. Айни замон, дар шаҳри Душанбе дарҳои 17 боғи фарҳангу фароғатӣ, ки дар онҳо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, ба рӯи меҳмонону сокинон бозанд.
Тибқи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Душанбе соҳиби нишони хоссаи шаҳр мегардад, ҳамчунин, унвони «Сокини фахрии пойтахт» таъсис меёбад. Ҳудуди Душанбе васеъ мешавад. Дар доираи Нақшаи генералии шаҳр аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ 7,6 ҳазор гектар ба ҳудуди шаҳр ворид гардид. 
Имсол Рӯзи пойтахт дар шароите ҷашн гирифта мешавад, ки Душанбешаҳри нозанинро беш аз 4 миллион гулҳои зебо ҳусну зеби тоза бахшидаанд. Аввалин маротиба дар шаҳри Душанбе дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори раиси шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2019 баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ озмуни шаҳрии гулҳо “Сайри гули лола” баргузор гардид, ки Душанберо лолазор намуд. Шумораи умумии гулҳои Душанбе беш аз 4 миллион, аз ҷумла лола беш аз яку ним миллион донаро ташкил медиҳад. Маъракаи сабзкорию гулзорнамоӣ идома дорад. Бовари комил аст, ки бо ин равиши созандагию ободонӣ Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зеботарини ҷаҳон табдил меёбад.
С. АЗИЗӢ, “Ҷумҳурият”

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2019    №: 72    Мутолиа карданд: 160

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед