logo

Хабарҳо

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

Чанде пеш аз ҷониби кормандони Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ тарҷумаи тоҷикии китоби яке аз донишманди фарҳехта ва ҷуғрофидон Закариё ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Қазвинӣ бо номи «Осор – ул - билод ва ахбор – ул – ибод» ба нашр расид.
Нашри ин китоб аз аввалин кӯшишҳои тарҷумаи мустақим аз забони арабӣ буда, дар ҳаҷми 684 саҳифа аз ҷониби корманди муассисаи мазкур Абдушукур Ғафуров ба зевари табъ ороста шудааст.
Китоб аз кишварҳову сарзаминҳо ва манотиқи бузурги ҷуғрофӣ сар карда, то шаҳру рустоҳо, ҷазираҳо, кӯҳҳо, қалъа ва биноҳои шомили онҳо, инчунин, хусусиятҳои нажодӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии мардуми кишварҳои гуногун ва амсоли он, муфассал нақл мекунад. Закариёи Қазвинӣ дар муқаддимаи асар кӯшиш кардааст, то матлабҳои асосии ҷуғрофиёи ҷаҳонро мутобиқ ба ҷаҳонбинии  мардуми Шарқ фароҳам оварда, масъалаҳои зарурати падид омадани шаҳру деҳаҳо, хусусиятҳои навоҳии мухталиф, иқлими минтақаҳо ва амсоли онро ба риштаи таҳрир кашад.
Муаллиф дар пайравӣ аз гузаштагон, Заминро ба ҳафт иқлим тақсим намуда, дар ибтидо бо маълумоти дақиқ дарозию паҳно ва мавқеи ҷуғрофии ҳар яки онро баён мекунад. Сипас, мамлакату вилоят ва шаҳру навоҳии шомили иқлимҳоро аз рӯи тартиби алифбо мураттаб карда, дар мавриди олимони машҳури ин кишварҳо низ маълумоти дақиқ меорад.
Китоб дар баробари доштани матолиби муҳими ҷуғрофӣ масоили зистшиносӣ ва мардумшиносиро низ таҷассум карда, аз сарчашмаҳои пурарзиши асримиёнагӣ ба шумор меравад.
Шамсия МАЛИКОВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 2, ноҳияи Зафаробод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 122

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед