logo

Хабарҳо

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Дар мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои даставӣ ва номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи 11 фанни таълимӣ ва фанҳои табиӣ - риёзӣ баргузор гардид.
Дар олимпиадаи даставӣ 450 хонанда иштирок намуда, 83 нафарашон ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф шуданд. Хонандагони шаҳри Душанбе донишу маҳорати хуб нишон дода, бо гирифтани 38 медал (10 тилло, 10 нуқра, 18 биринҷӣ) ҷои аввал ва шоҳҷоизаро соҳиб гаштанд. Толибилмони вилояти Суғд 3 медали тилло, 11 нуқра, 10 биринҷӣ ва вилояти Хатлон 4 тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ ба даст оварда, ҷойҳои дувуму сеюмро ишғол карданд. Хонандагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ се медал (1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо як медали нуқра ба даст оварданд.
Даври ҷумҳуриявии олимпиадаи номӣ бошад, бо ширкати 190 хонанда баргузор шуд. Дар он хонандагони вилояти Суғд сазовори 22 медал, вилояти Хатлон 9 медал, шаҳри Душанбе 8 медал, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 медал гаштанд.
Ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои даставӣ ва номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ҷом, медали рамзӣ, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин, хонандагоне, ки дар ин олимпиадаҳо сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, ҳангоми супурдани имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан соҳиби 100, 75 ва 50 холи иловагӣ (бонус) ҳастанд.
Зимни маросими ҷамъбасти олимпиада Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки сол то сол сафи иштирокдорони олимпиадаҳо зиёд гардида, сатҳи дониши онҳо низ беҳтар шудааст. Бо назардошти беҳгардии сифати таҳсилот кумитаи тадорукотии олимпиада шартҳои озмунро низ пайваста мураккаб менамояд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд, хонандагони кишвар дар баробари муваффақиятҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соли 2018 дар 22 олимпиадаи байналмилалӣ ширкат варзида, 260 медал (56 медали тилло, 92 нуқра ва 112 биринҷӣ) ба даст оварданд, ки нисбат ба соли пешин 95 медал зиёд мебошад. Аз аввали соли 2019 бошад, хонандагони мо дар 5 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 50 медал гаштанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 31 – то бештар аст.
Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 175

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед