logo

мулоқотҳо

ҲАМОИШ БО РОҲБАРОНУ НАМОЯНДАГОНИ ҶАМЪИЯТҲОИ ТОҶИКОН, СОҲИБКОРОН, ЗИЁИЁН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК

16 апрел дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт - зодагони Тоҷикистон, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом доданд.
Бояд хотиррасон кард, ки зимни ҳар як сафар ба Федератсияи Россия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохӯриҳои судманду созанда анҷом медиҳанд. Чунин вохӯриҳо қаблан дар шаҳрҳои Қазон, Москва, Челябинск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия бо ҳамватанони муқими кишвари паҳновари Россия доир шуда буданд.
Бо гузашти айём имрӯз нуфузу эътибори тоҷикон дар Федератсияи Россия рӯ ба болоравӣ дорад. Дар зиёда аз 70 минтақаи Россия бомуваффақият фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад. Чунонки аз рафти суҳбат маълум гашт, аксари мушкилоте, ки дар мулоқотҳои пешин зикр мегардиданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҳалли худро ёфтаанд.
Зимни ин сафар низ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон, донишомӯзии донишҷӯёни тоҷик ва вазъи муҳоҷирати меҳнатиро дар Федератсияи Россия баррасӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2019    №: 73    Мутолиа карданд: 263

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед