logo

Хабарҳо

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

Дар доманакӯҳҳои ноҳияи Рашт 200 гектар ҷангалзори нав бунёд меёбад. Ниҳолшинонӣ ва хуррамгардонии гӯшаю канори кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, яке аз суннатҳое мебошад, ки ба мо аз гузаштагони хуррамниҳод ва ободкорамон мерос мондааст.
Дар ин асос имрӯзҳо бо иқдоми Раҳимҷон Набизода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт, ҳашарҳои сабзкориву ниҳолшинонӣ, бахусус бунёди ҷангал ва боғу токзор, вусъат гирифтааст.
12 апрел беш аз 1000 нафар фаъолону зиёиён - кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ба хотири сабзу хуррамгардонии атрофи шаҳраки Ғарм ба ҳашари умумии ниҳолшинонӣ ва бунёди ҷангал дар доманаи кӯҳи Мунданӯл баромада, дар майдони 12 гектар беш аз 10 ҳазор бех ниҳоли зардолу, чормағз, хуч, ақоқиё ва сада шинонданд.
Тавре Абдулазиз Қаландаров, сардори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, таъмини ниҳолҳои ин мавзеъ пурра аз ҳисоби  муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия сурат гирифт. Дар нақша аст, ки дар давоми 5 соли оянда дар доманакӯҳҳои Ҷамоати шаҳраки Ғарм то мавзеи пуштаи маҳаллаи Донишҷӯён 200 гектар ҷангалзори нав бунёд карда шавад.
Худодод ЗАЙНИДДИН,  «Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 102

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед