logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Азамату шукӯҳи омӯзгор дар он аст, ки ӯ инсонсоз мебошад. Омӯзгори асил онест, ки ҳамвора баҳри зеҳну малакаи шогирдон талош меварзад. Номзади илмҳои иқтисодӣ Саид Ғоибназарзода аз зумраи чунин омӯзгорони асил маҳсуб мешавад. Ӯ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро соли 2008 аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит бо дипломи аъло хатм намудааст. Маълумоти дуюми олиро бошад, соли 2018 аз рӯи ихтисоси идоракунии давлатӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб  мешавад.
Саид Ғоибназарзода фаъолияти меҳнатиашро аз муҳосиби хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ оғоз намудааст. Шурӯъ аз соли 2009 то соли 2015 дар вазифаҳои муҳосиби музди меҳнат, муҳосиби моддӣ, ҷонишини сармуҳосиб, сариқтисодчӣ ва раиси иттифоқи касабаи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) кор кардааст. Аз моҳи майи соли 2015 то соли 2016 фаъолияти худро ба ҳайси мудири кафедраи “ Таҳлили иқтисодӣ ва омор” - и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур идома медиҳад. Моҳи майи соли 2016 мудири кафедраи “Идоракунии иқтисодиёт ва молия” - и Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад. Айни ҳол декани факултаи идоракунии давлатии донишкадаи мазкур мебошад.
Самти таҳқиқоти илмии устод иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ, иқтисодиёти ҷаҳон, рушди иқтисодиёти минтақавӣ ва татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар  дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат аст.
Саид Ғоибназарзода соли 2010 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Муассисаи давлатии умумироссиягии илмӣ – таҳқиқотии иқтисодиёт, меҳнат ва идоракунӣ дар хоҷагии халқи Академияҳои илмҳои Федератсияи Россия дар шаҳри Москва дохил шуда, соли 2015 рисолаи номзадиро дар мавзӯи иқтисодиёт ва хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат) ва иқтисодиёти ҷаҳон ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ мегардад.
Барои хизматҳои шоён ва пажӯҳишҳои арзишмандаш дар соҳаи илм соли 2017 ӯро ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ дар бахши илмҳои иқтисодӣ мушарраф гардонданд.
Рӯзгори устод барои шогирдон ва ҳамкасбон намунаи барҷастаи як инсони комил ва олими пуркор мебошад, ки месазад аз он ибрат бигирем.
Худойдод АВҒОНОВ, донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2019    №: 74    Мутолиа карданд: 251

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед