logo

иқтисод

УРМЕТАН. КИШОВАРЗОН ДУ ҲОСИЛ МЕГИРАНД, АГАР…

Деҳоти Урметан аз беҳтарин маконҳои боғдорию зироаткорӣ ва чорводорӣ дар ноҳияи Айнӣ аст. Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии  «Мадм», «Урметан» ва  «Лангар» бовар доранд, ки  вобаста ба иқлим ва замини киштбоб дар ин мавзеъ гирифтани ду ҳосил  имкон дорад. Маҳз бо ҳамин мақсад чанд соли ахир талош меварзанд, то самаранокии замин ва афзоиши ҳосилро таъмин кунанд, вале...
Норасоии об аз мушкилоти ҳалношудаи аҳли заҳмат буду боқӣ мондааст. Иншооти обёрӣ фарсудаву заминҳои доманфарох ташна. Ниҳоят, барзгарони Урметан ба хулосае омаданд, ки оид ба ҳалли мушкилоти рақами якашон ба  рӯзнома муроҷиат намуда, ба самъи  вазорату идораҳои дахлдор, бо ин роҳ, арзи худро расонанд. Барои шиносоӣ бо ҳолати иншооти обёрию заминҳои кишт ва рӯшан намудани ҳақиқати масъала хабарнигори рӯзнома ба ин гӯшаи дурдасти диёр сафари корӣ анҷом дод. 

Дар ҳақиқат, баробари расидан ба сари замин, беобии мавзеъҳо мушоҳида шуд. Ҳарчанд фасли киштукор ҳукмронӣ мекунад, дар ин ҷо на шудгор буду на майдони зироат. Пойгоҳҳои обкашӣ зангзада ва шабакаҳои обёрӣ пур аз сангу шағал – ҳолати бесоҳибиро мемонданд.
Ҳамроҳи раиси хоҷагии деҳқонии «Мадм» Абдуҳариф Ҳомидову намояндаи ҷамоат ба назди пойгоҳҳои обкашии «Устообид 1» ва «Устообид 2» расидем. Ҳайронии моро дида Зулфон Шаҳобов, роҳбари агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия, иброз дошт, ки ин пойгоҳҳо  дар ҷойи номувофиқ сохта шудаанд ва сабаби асосии мушкилот ҳамин аст.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, қубурҳои иншоот мутаносибан дар баландии 90 ва 70 метр кашида шудаанд, ки ин ҳолат интиқоли обро аз дарё ба қитъаи даркории замин мушкил месозад.
- Таъминоти барқ дар пойгоҳҳо низ доимӣ нест. Шиддатнокии интиқоли барқ аз зеристгоҳ то иншооти мазкур доим тағйир меёбад ва, аз ин сабаб, муҳаррикҳои пойгоҳҳо зуд – зуд аз кор мебароянд. Ҳамин аст, ки ҳамасола пойгоҳҳои мазкур корношояму таъмирталаб мегарданд. Соли гузашта танҳо ҷиҳати тоза намудани онҳо беш аз 25 ҳазор сомонӣ сарф шуд, ки он ҳам қарз буд ва то ҳол баргардонда нашудааст. Дар ҳоле ки харҷи маблағ барои истифодаи барқ дар пойгоҳҳо аз фоидаи меовардаи замин бамаротиб зиёд ва бар зарари кишоварзон мебошад. Барои  назорати кор дар пойгоҳҳо дастикам 10 коргари иловагӣ зарур аст, ки ҳаққи заҳмати онҳо низ маблағи муайянро талаб менамояд. Бо ин ҳама харҷу ташвишҳои зиёд, иншооти мазкур ҳамагӣ 60 гектар заминро базӯр бо об таъмин менамояд, ки ин на танҳо фоида намеорад, балки зиёновар аст. Бо назардошти ин, бунёди шабакаи нави обёрӣ аз деҳаи Мадм тавассути қубурҳои қутрашон 500 - миллиметра то дашти Устообид дар масоҳати 12 километр роҳи беҳтарини ҳалли масъала метавонад бошад. Агар ин иқдом амалӣ гардад, кишоварзон аз мушкилоти чандинсолаи камобӣ раҳида, ба ҷойи як ҳосил ду ҳосил мегиранд ва, илова ба ин, имкони истифода аз заминҳои нав бамаротиб меафзояд, - изҳор дошт Зулфон Шаҳобов.
Ба гуфти Муқим Муродзода, раиси тозатаъйини ноҳия, шодоб гардондани ҳар ваҷаб замини кишт аз вазифаҳои  асосии мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад.
- Дар ҳолати сохта шудани хати обёрӣ бо қубурҳои қутрашон калонтар   аз мавзеи Мадм барои хоҷагиҳои деҳқонии мавзеъҳои Амсо, Айн ва дашти Устообид ҳосилнокии заминҳои кишти ин ҷо дучанд баланд гардида, 180 гектар киштзор шодоб хоҳад шуд. Зеро пойгоҳҳои обкашии мавҷудаи ин мавзеъ, воқеан, дар ҷойи ноқулай сохта шуда,  ҳамасола корношоям мегарданд ва таъмиру мавриди истифода қарор додани онҳо маблағи калонро тақозо мекунад.
Бинобар ин, агар бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ обёрии мавзеъҳои мазкур амалӣ мешуд, кишоварзони ин минтақа аз мушкилоти чандсола раҳоӣ ёфта,  дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ғизоӣ саҳми арзанда мегузоштанд, - афзуд Муқим Муродзода. 
Бино ба гуфтаи Мансур Носиров, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, айни замон хоҷагиҳои деҳқонии мавзеи номбурда танҳо аз хатҳои обёрии сойи Вашан истифода менамоянд, ки  талабот ба обро пурра қонеъ сохта наметавонанд. Бо сабаби норасоии оби полизӣ дар бисёри заминҳои обии минтақа кишти такрорӣ сурат намегирад.
Абдуҳариф Ҳамидов сабаби мушкили мазкурро дар вайрон гардидани шабакаи обёрии дашти Амсо медонад: 
- Солҳои дароз аст, ки саҳмдорони хоҷагӣ заминҳои киштро бо оби даркорӣ таъмин карда наметавонанд. Шабакаи обёрии минтақаҳои Мадму Амсо  таъмирталаб аст. Қариб 4 километри он дар натиҷаи омадани сел хароб шуд. Ҳарчанд он  ҳамасола ба таври дастаҷамъӣ аз ҷониби кишоварзон таъмир мешавад, мушкил ҳамоно боқист. Ҷиҳати  таъмири пурраи шабака ё сохтани хати нави обёрӣ аз мавзеи  Мадм имконияти молиявии хоҷагиҳо намерасад. Дар ҳолати бунёд намудани  канали обёрии худравон  майдонҳои кишти хоҷагиҳои деҳқонии «Мадм», «Урметан» ва «Лангар»  сероб гардида, деҳқонон аз заминҳо ду баробар  ҳосили баланд мегиранд ва масоҳати заминҳои обӣ низ зиёд мешавад, - изҳор намуд номбурда.
Ҳоло лоиҳаи  «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» бо маблағи грантии  16,4 миллион доллари ИМА амал менамояд, ки ҳадафи асосии он зиёд намудани ҳосили зироатҳо тавассути  беҳтар намудани  системаи обёрӣ, барқарор намудани инфрасохтори он ва таҳким бахшидани идоракунии иншооти соҳа дар ин минтақа мебошад. Лоиҳа дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон ва Деваштич татбиқ мегардад. Умеди кишоварзони мавзеи Урметани ноҳия низ ба дарди онҳо расидани мутасаддиёни ин лоиҳа мебошад.
Абдуҳариф  Ҳомидов гуфт, ки дар хусуси мушкилоти норасоии оби полизӣ кишоварзони мавзеи Амсо чанд маротиба ба масъулони лоиҳа муроҷиат намудаанд. Вале то ҳанӯз барои рафъи мушкилии беобии деҳқонони ин минтақа тадбире андешида нашудааст ва ҳадди ақал  татбиқкунандагони лоиҳаи мазкур боре аз ҳоли онҳо хабар нагирифтаанд. Агар онҳо, ақаллан, дар тоза намудани 4 километри шабакаи обёрии дашти Амсо аз сангу шағал ва шинондани қубурҳо дар ин ҷо ба мо - деҳқонон ёрӣ медоданд, масъала ҳалли худро меёфт.
Ҳарчанд кишоварзони минтақаи Амсо сохтани шабакаи худравони обёриро барои киштзорҳои ин макон роҳи ҳалли масъалаи беобии худ меҳисобанд,  Шафоат Назифов, сардори раёсати ҳавзавии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бунёди чунин шабакаро дар минтақаи мазкур ғайриимкон медонад.
- Ин ҷо  аз сатҳи дарёи номбурда хеле баланд аст. Танҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ бо оби полизӣ таъмин намудани киштзори хоҷагиҳои деҳқонии «Мадм»,  «Урметан» ва  «Лангар» имкон дорад. Аммо бо сабаби камсамар будани заминҳои ин ҷо хоҷагидорон наметавонанд, ки харҷи пардохти маблағи барқи истифодашударо пӯшонанд. Аз ин рӯ, сохтану таъмири пойгоҳи обёрӣ мушкил гардидааст. Дар заминҳои ҷамоати мазкур ба ҷуз парвариши беда дигар зироатҳо ҳосили дилхоҳ намедиҳанд. Айни замон  намояндагии Саридораи геологияи тоҷик дар минтақа якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасмим гирифтаанд, ки барои хоҷагидорони деҳоти Урметан чоҳҳои амудӣ бикананд, - гуфт ӯ. 
Вале Султон Султонов, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Урметан», дар ин хусус андешаи дигар дорад:
- Бо иллати фарсуда шудани шабакаи обёрии Устообид ва коҳиш ёфтани иқтидори обрасонии он дар хоҷагиҳои деҳқонии «Урметан» - у «Лангар» ба ҷойи  130 гектар  дар 80 гектар кишт гузаронда мешавад ва он ҳам ҳосили паст медиҳад. Гузашта аз ин, қариб даҳ сол аст, ки аз сабаби беобӣ дар ин ҷо кишти такрорӣ сурат  намегирад. Ҳоло ягона роҳи ҳалли масъалаи норасоии об дар ин минтақа кашидани хати обёрии худравон аз мавзеи Мадм  то заминҳои кишти мавзеъҳои Амсо, Айн ва Устообид мебошад, - гуфт ӯ.  
Ноҳияи Айнӣ минтақаест, ки кӯҳсори бисёр ва заминҳои хокии обёришавандаи кам дорад. Тавре кишоварзон ба мо зимни боздид аз иншооти вайронаи обёрӣ ва заминҳои беоб гуфтанд, агар майдонҳои кишти мавҷуда низ дар деҳоти Урметан чанд соли дигар бо оби зарурӣ таъмин нашаванд, пас ояндаи соҳаи  кишоварзӣ дар ин мавзеъ чӣ гуна хоҳад шуд?! Ҳолати камии об дар деҳоти мазкур ба он оварда расондааст, ки  баъзе  деҳқонон  ногузир  аз кишту парвариши зироат - ягона манбаи даромадашон даст кашидаанд. Дар ин ноҳияи камзамин  самаранок истифода нашудани қариб 200 гектар  замини ҳосилхез  боиси нигаронист. Ҳарчанд аҳолии ҷамоати мазкур наздики 19 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, он ҳамагӣ 375 гектар замини обёришавандаи кишоварзӣ дорад. Ҳақиқати ҳол аст, ки норасоии об  мӯҷиби ҳосили паст мегардад. Кишоварзони ин минтақа ҳадди ақал як порча замини дар ихтиёр доштаашонро босамар истифода бурда наметавонанд.  Мутаассифона, бо вуҷуди  пешрафти илму техника ва роҳу усулҳои зиёди обёрии заминҳо  масъулони соҳа  то ҳанӯз нақшаи бунёди шабакаи обёриро тартиб надодаанд. Имсол низ мавсими киштукори баҳорӣ дар ин ҷо бесамар мегузарад. Деҳқонони деҳоти номбурда аз боз ҳам сар задани  мушкили ҳарсола нигаронанд. Вале оё масъулони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва сохторҳои дигари дахлдор сари ин мушкил  меандешида бошанд? Саволест, ки посух мехоҳад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2019    №: 74    Мутолиа карданд: 289

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед