logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел, ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мешавад, ки ин сана соли равон ба 20 апрел рост меояд.

Душанбе – гаҳвораи тамаддуни миллат
“Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад”. Ин  дурдонагуфтори  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати   миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии баҳогузории шинохти арзишҳои баланди таърихи деринаи миллат буда, моро ба раванди афзун бахшидани тадбирҳои нав ба нави созандагиҳо ба шинохти умедхонаи тоҷикон – шаҳри Душанбе раҳнамуну ҳидоят месозад.
Боиси ифтихори бузург аст, ки шаҳри Душанбе дар муҳлати хеле кӯтоҳи таърихӣ симояшро комилан дигаргун намуда, ба сифати яке аз шаҳрҳои рӯ ба инкишоф мавқеъ ва нуфузашро на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯз ба рӯз устувортару намоёнтар гардонда истодааст.

Неруи тавоно ва фитрати устувор
Оғоз аз соли 2017 ба фаъолият шурӯъ намудани даҳҳо иншооти иҷтимоию маишӣ, аз қабили мактабу кӯдакистон, муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ, толору майдончаҳои варзиш ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ нишони возеҳи рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони пойтахти азизамон ба ҳисоб мераванд.
Аввалин рӯйдоди хотирмоне, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пойтахт дар соли 2017 ба амал омад, ин дар раддабандии шаҳрҳои аз нигоҳи туризми ояндадор ҷойи аввалро соҳиб шудани шаҳри Душанбе буд. Ин назарсанҷиро маҷаллаи сайёҳии “34travel” бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури  амрикоии «Mastercard» таҳия кардааст.
Ба фаъолият шурӯъ намудани мактаби байналмилалии Академияи Кембриҷ дар пойтахти мамлакат нуфузу мартабаи ҷаҳонии маорифи миллиро рангинтару устувортар намуд. Маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» - аквапарк ё худ парки обӣ, ки 19 - уми июни соли 2017 бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор гирифт, аз калонтарин парки обии муосир дар ҳудуди ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Мушкили нақлиёт ва хизматрасонии сокинон яке аз дардҳои куҳнаи соҳа ба ҳисоб рафта, дар пайи иҷрои як қатор тадбирҳои иловагӣ ин монеаҳо зина ба зина ҳалли худро пайдо мекунанд. Аз ҷумла, ворид намудани автобусҳои хуштарҳу замонавии навъи “АКИА” ва ифтитоҳи корхонаи автобуссозиро метавон намунаи возеҳи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии шаҳр нисбат ба ин соҳа номид.
Дар ин замина, 21 июли соли 2017 бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими рӯнамоии лоиҳаи намунавии «Корти шаҳрӣ» - и пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар нақлиёти мусофирбар доир гардид. Лоиҳаи низоми автоматии пардохт ва назорати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳрро мутахассисони ширкати «IBA-Group» - и Ҷумҳурии Беларус тарҳрезӣ намуда, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электронӣ дар ҳамоҳангии шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода шуданд.
 25 августи соли 2017 бошад, бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ рӯнамоӣ гардид, ки он аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ» - и шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст.
Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2018 шомил гардид, ки ин муждаи фараҳбахшро 19 апрели соли 2018 Агентии таҳлилии «ТурСтат» - и Россия дар асоси натиҷаҳои ҳамапурсӣ интишор кард.
Боиси зикр аст, ки дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туризм (WTCF), ки аз 7 то 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. Табиист, ки чунин дастовардҳои арзишманд дар татбиқи босамари эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақши намоён гузошта, азамату эътибори фарҳанги шаҳрдории моро низ аз ин ҳам болотару зиёдтар нишон хоҳад дод.
Пайвастани хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмуриву маишӣ ба шабакаҳои гармидиҳии пойтахт боиси сарфа гардидани неруи барқ шуд, ки ин иқдом дар даври беш аз бистсолаи мушкилоти бебарқӣ яке аз омилҳои муҳими аз миён бардоштани маҳдудияти неруи барқ дар саросари кишвар гардид.

Меъморию шаҳрсозӣ – шинохти санъати асил
“Итминони комил дорам, ки ҳамаи мо, пеш аз ҳама сокинони пойтахт, дар ҳамбастагӣ қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро бо дарки масъулияти баланд ба хотири ояндаи неки Ватан, таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои олии халқу давлатамон иҷро хоҳем кард”. Амалисозии ин таъкиди арзишманди Пешвои муаззами миллат ва масъулияти фарзандиву шаҳрвандии сокинони сарбаланди шаҳри Душанбе аст, ки пойтахти Тоҷикистон имрӯзҳо ба як шаҳри зебову дилоро табдил ёфтааст. Мутобиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари мавҷуда то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст. Давоми солҳои 2019 – 2021, ки ба истиқболи таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун, мисли биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, бунёд мегарданд. 
Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки дар кӯчаи Айнӣ давоми ду соли оянда  беш аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор нафар ба истифода дода мешавад. Бояд гуфт, ки ин биноҳои муосири замонавӣ аз 12 - ошёна боло буда, дар назди онҳо майдончаҳои варзиш, мактабу боғчаҳои бачагона, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудаанд. Дар маҳаллаи “Ҳаёти нав” биноҳои аз ҳама баландтарини пойтахт бунёд хоҳанд гашт. Иншооти болозикр дар раванди татбиқи марҳилаи аввал (то соли 2025) ва оғози марҳилаи дуюми Нақшаи генералии шаҳри Душанбе (то соли 2040) сохта мешаванд.
Амалигардии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки дар пойтахт метро ва дигар воситаҳои муосири соҳа бунёд карда шаванд. Бино ба маълумоти мавҷуда, шурӯъ аз дарвозаи ҷанубии шаҳри Душанбе то хиёбони Н. Қарабоев сохтмони метрои сабуки ҳавоӣ дар назар буда, дар марҳилаи дигари татбиқи Нақшаи генералӣ сохтмони метрои зеризаминӣ низ пешбинӣ шудааст.
Дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузарондани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ таҳия шуда буд, бо бартариҳои афзалиятдор - ифодакунандаи тамоми талаботи озмун, рамзи давлатдорию таърих ва тамаддуни оламшумули миллати тоҷикон сазовори ҷойи якум гашт.
Баландии муҷассама 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе 30 гектарро фаро гирифта, дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта мешавад.

Аз дастовардҳои мондагор то ояндабинии устувор
Бо таваҷҷуҳ аз истиқболи арзандаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи бомароми нақшаҳои мавҷуда ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмиру навсозии роҳҳо ва инфрасохтори муосири хизматрасонӣ  боиси рушди суръатноки маҳсулоти сифатнок ва шинохти мақоми волои пойтахти азизамон гардида, рӯз ба рӯз ин маҷро раванди тозаро касб менамояд. Дар пойтахт, ба истиқболи ин санаи арзишманди таърихӣ, дар майдони қариб 9 гектар корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе сохта мешаванд.
Дар ин минтақа ширкатҳои бузурги ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ корхонаҳои коркарди маҳсулоти пахтагин, дӯхти либосҳо ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти нонӣ, меваи хушку  афшура, истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, коркарди сангҳои рангаю худҷило, истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ, таҷҳизоти барқӣ, истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.
Маҷмӯи зиёди иншооту биноҳо бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир, боғу гулгашт ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе боиси васфи махсус ва маҳсули тозакориҳои босамари шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ буда, натиҷаҳои арзишманди мактаби  созандаи Пешвои муаззами миллат боиси омӯзишу омӯхтани ҳар яки мо мебошад.
Зоир РАҲМОНЗОДА, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2019    №: 74    Мутолиа карданд: 139

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед