logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Деҳоти кишвари азизам
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 - 2021, мо тасмим гирифтем кроссвордеро бо номи «Деҳоти кишвари азизам» пешниҳоди хонандагони худ намоем. Дар кроссворди мазкур номи деҳаҳои кишварамон сабт шудааст. 

Аз чап ба рост:
1. Деҳа дар ноҳияи Айнӣ. 2. Деҳа дар ноҳияи Балҷувон. 3. Деҳа дар ноҳияи Шаҳринав. 4. Деҳа дар ноҳияи Нуробод. 5. Деҳа дар ноҳияи Восеъ. 6. Деҳа дар шаҳри Ҳисор. 7. Деҳа дар шаҳри Ҳисор. 8. Деҳа дар ноҳияи Носири Хусрав. 9. Деҳа дар ноҳияи Муъминобод. 10. Деҳа дар шаҳри Турсунзода. 11. Деҳа дар ноҳияи Данғара. 12. Деҳа дар шаҳри Ваҳдат.

Аз боло ба поён.
1. Деҳа дар ноҳияи Вахш. 2. Деҳа дар ноҳияи Данғара. 3. Деҳа дар ноҳияи Панҷ. 4. Деҳа дар ноҳияи Лахш. 5. Деҳа дар ноҳияи Айнӣ. 6. Деҳа дар шаҳри Ваҳдат. 7 Деҳа дар ноҳияи Варзоб. 8. Деҳа дар ноҳияи Фархор. 9. Деҳа дар шаҳри Ваҳдат. 10. Деҳа дар шаҳри Исфара. 11. Деҳа дар шаҳри Панҷакент. 12. Деҳа дар шаҳри Ҳисор.

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Ҷавоб ба муаммои «Бозӣ бо ададҳо»
аз 12 апрели соли 2019
• 1х2+34х56+7+89=2002
• 1+2+34х56+7+89=2003
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru


ФАЛСАФАИ  ЯК  ДАРС
Ҳангоми дарс профессори фалсафа ғайричашмдошт зарфи шишагии селитраро гирифту дарунашро бо санг пур кард.
- Зарф пур шуд? - пурсид аз донишҷӯён.
- Бале.
Баъдан, профессор қоғазхалтаи нахӯдро кушода, ба зарф рехт.
- Акнун чӣ? - боз пурсид аз шогирдон.
- Бале, - пур аст.
Баъди ин, философ қуттии пур аз хокро гирифта, ба зарф рехт ва даҳони онро маҳкам кард.
Пас, боз як бори дигар аз донишҷӯён пурсид, ки «Акнун чӣ?». Вақте донишҷӯён бо як овоз ҷавоб доданд, ки: «Ин дафъа зарф аниқ пур аст». Устод аз зери миз пиёлаи пур аз обро гирифта, боз ба зарф рехт. Ҳама якҷоя базавқ хандиданд.
- Ҳамин зарфи шишагӣ рамзи ҳаёти шумост, дарсро давом дода гуфт, профессор. Сангҳо ин чизи муҳим - оила, саломатӣ, дӯстон, фарзандон ва амсоли инҳо. Нахӯд - ин чизе, ки худи шумо муҳим мешуморед: кор, хона, мошин. Хок - ин майдачуйдаҳои зиндагӣ. Агар зарфро аввал бо хок пур кунем, ҷой барои нахӯд ва санг намемонад. Бинобар ин ҳама вақт дониста қувваатонро барои чизҳое, ки хушбахтӣ меоранд, сарф намоед. Донишҷӯе даст бардошта, пурсид: «Пас, пиёлаи об чӣ маънӣ дошт?»
Профессор хандиду гуфт: «Дар зиндагиатон ҳамеша барои истироҳат ҷой монед. Он ҳамон оби мусаффоест, ки муҳити тираро соф мекунад».
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ


ТОҶИКИСТОН. Мавзеъҳое, ки шуҳрати сайёҳӣ доранд
ҚАЛЪАИ ҲИСОР
Қалъаи Ҳисор аз таъриху фарҳанги бостону пурғановати шаҳрсозии водии Ҳисор ва, умуман, мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Он дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дошта, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст. Аз макони бекнишин тамоми шаҳри Ҳисор чун дар кафи даст ба чашм мерасад.
Роҷеъ ба пайдоиши қалъа ақидаҳои гуногун ҷой доранд. Бештари сарчашмаҳо бунёди қалъаро ба аҳди подшоҳии Таҳмурас ишора мекунанд.
Ин қалъа дар сари Роҳи Абрешим ҷой гирифта, дар равобити байни қавмҳову мамолики мухталиф хидмат карда, то кунун таваҷҷуҳи аҳли оламро ба худ мекашад. Дар тӯли таърих Қалъаи Ҳисор чанд маротиба ба харобазор табдил ёфтааст.
Бо даст ёфтан ба Истиқлолияти давлатӣ  қалъаро ҳамчун мероси таърихиву фарҳангӣ обод намуданд. Дар ҷараёни барқарорсозӣ деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, чойхона бо 100 ҷойи нишаст, ҳавзи дохил, 6 айвон, сарбозхона, амфитеатр бо 700 ҷойи нишаст, 10 дукони гуногун барои ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихӣ бунёд шуданд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


БАРҚИ ҒЕЛОН
Барқи ғелон ҳодисаи нодиртарини табиат буда, пас аз раъду барқ дар абри заряднок ба вуҷуд меояд ва то як дақиқа давом мекунад. Рангаш чун «оташи паррон» сурхчатоб асту бо ҷараёни бод ҳаракат мекунад ва аз он шарора мепарад. Ҳаҷми он баробари пиёла ва ё ба андозаи коса ё калонтар аз он мешавад. «Оташи паррон» ба хона даромада, боз аз тиреза, ва ё аз ягон сӯрохии дигар мебарояд. Таркидани он ками дар кам рух медиҳад. Олимон ин ҳодисаи нодиртарини табиатро ҳанӯз пурра наомӯхтаанд. Аҷоиботаш дар он аст, ки барқи ғелон чун раъду барқ зуд пайдо ва нест мегардад.
Таҳияи Миратулло МАҲИМОВ, омӯзгори литсейи тамоюли техникии «Афлотун»-и ноҳияи Данғара


10 ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МУСАВВАРАҲОИ РАССОМОНИ МАШҲУР
Намои сайёраҳо дар як тасвир 
Солҳои 60 - уми асри XX дар шаҳри Прагаи Чехия мусаввараи яке аз рассомони машҳури олам Питер Паул Рубенс “Ишрати худоён дар Олимп” - ро пайдо намуданд. Санъатшиносон муддати тӯлонӣ натавонистанд  санаи офаридани онро муайян созанд.  Ин асрор танҳо ба шарофати ситорашиносон ифшо гашт. Қаҳрамонҳо дар асар тавре тасвир шудаанд, ки сайёраҳо соли 1602 чунин намо доштанд. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


БУЛКА
ТАЪРИХИ 7500 – СОЛА ДОШТАНИ ОН ИСБОТ ШУД
Мувофиқи манбаъҳои таърихӣ саноати нонпазӣ таърихӣ 7500 - сола дорад. Аввалин коргоҳҳои нонпазӣ дар Мисри Қадим пайдо шудаанд.  Дар ин маврид миёни мисриён ривояте аҷибе ҷой дорад. Нақл мекунанд, ки шахсе омехтаи орд ва обро дар рӯйи бухории гарм монда, паси корҳои худ меравад. Ва чун бармегардад, хӯрданиеро мебинад, ки тамъи хеле хуш дорад. 
Хусусан, кулчаҳои қандӣ аз анвои дӯстдоштании мисриҳо будааст. Қолибҳои аз Миср дарёфтнамудаи бостоншиносон бар он далолат мекунанд, ки нахустин булкаҳоро (хлеб) низ, дар ин ҷо пухтаанд.
Таҳияи М. БЕРДИЁРОВ


МАН ДАР ХОНА НЕСТАМ
Рӯзе физик ва  математики машҳури франсуз Андре Мари Ампер (1775 - 1836), ки бениҳоят  дар ҷаҳл буд, бо зарба дари хонаашро кӯфта, пушти он навишт: «Ҷанобон! Дар хона ҳеҷ кас нест, ман шаб дер бармегардам». Баъди чанд муддат, ки бо гумони ғолиб, қаҳраш андаке фуромада буд, Ампер ба хона баргашт, вале чун пушти дар навиштаҷотро дид, аз даромадан худдорӣ кард:
- Соҳибхона, ки набошад, дертар меоям,- гуфта, бадар рафт.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


Ҳёте
«Девони ғарбию шарқӣ»  намунаи олии шеър ва истеъдоди Ҳёте, офаридаи бузургтарини адабии Олмон ва Аврупост, ки бештар аз Олмону Аврупо ҳам ба мардуми форсизабон мутааллиқ аст (Шуҷоаддин Шифо).
«Девони ғарбию шарқӣ» ба ҳама забонҳои маъруфи ҷаҳон тарҷума ва интишор гардид.
Ба забони форсӣ - тоҷикӣ бори нахуст соли 1949 тарҷума ва нашр шуд. Тарҷумони бомаҳорат Шуҷоаддин Шифо 153 шеъри «Девон»-ро дар шакли озод - тарона тарҷума кард. Тарҷумаи пурраи «Девони ғарбию шарқӣ» ба қалами Маҳмуд Ҳаддодӣ мутааллиқ аст. Куруши Сафавӣ, Салимшо Ҳалимшо, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибулло Файзулло, Мирсаид Миршакар ва Фарзона тарҷумонҳои асосии Ҳёте ба забони форсӣ – тоҷикианд.
«Девони шарқию ғарбӣ» аз 12 китоб иборат аст: 1. Муғаннинома. 2. Ҳофизнома. 3. Ишқнома. 4. Тафаккурнома. 5. Ганҷнома. 6. Ҳикматнома. 7. Темурнома. 8. Зулайхонома. 9. Соқинома. 10. Масалнома. 11. Порсинома. 12. Хулднома.
Таҳияи Д. ҚУДРАТУЛЛО


ХОМАҲОИ ҲАФТРАНГИ ШАМРЕЛ
Дар ҷанубу ғарбии ҷазираи Маврикия деҳаи хурде бо номи Шамрел мавҷуд аст, ки бо замини ҳафтрангаш машҳур аст.
Дар ин ҷо хомаҳои рег ҳамчун рангинкамон – бо ҳафт ранг ҷило медиҳанд. Баъди вулқон хокистар бо лой омехта шуда, ин рангҳоро пайдо намудааст.
Бо вуҷуди тағйирёбии боду ҳаво замини Шамрел рангҳояшро дигар намекунад.  Ҳатто агар хокаро омехта кунанд ҳам, он боз ба рангҳои пештара бармегардад.
Махсус барои сайёҳон хокро дар найчашишаҳои махсус ҳамчун туҳфа ҷой доданд. Аҷиб ин аст, ки хоки ранга ҳангоми такон додан дар найчашиша ҳам ҳарчанд омехта шавад, баъди чанд муддат боз ҳафт ранги худро мегирад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Арӯси гаронвазн, вале бовафо
Баъди ҷашни бо шӯру валвалаи арӯсӣ, Григории 36 – солаи петербургӣ, аз хушбахтӣ бо як рӯҳияи баланд хост мувофиқи анъанаи аҷдодӣ арӯсаш – Еленаи 24 – соларо, ки 130 кило вазн дошт, аз остонаи хона то ҷойи хоб рӯи даст гирифта барад. Вай Еленаро болои даст бардоштанӣ шуд, аммо кӯшишаш нобарор анҷом ёфт. Домод афтид, бадбахтона мулоимак не, ба фарш чунон ғалтид, ки баъдан дар аробачаи маъюбӣ ҷой гирифт. Хушбахтона, пас аз чанд ҷарроҳии сутунмуҳра ба по хест. Еленаи бовафо ба курси лоғаршавӣ аъзо шуд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


КАЗУАР СОҲИБАШРО БА ҚАТЛ РАСОНД
Дар иёлати Флорида соҳиби худ Марвин Ахоси 75 - соларо ба қатл расонидани парандае ҳамаро ба ҳайрат овард.
Вале агар мо аз олами ин ҷонварҳо огоҳ  бошем, медонем, ки казуарҳо ба «Китоби рекордҳои Гиннес» чун аз ҳама хатарноктарин парандаҳои дунё шомил шудаанд. Қади казуари калон то 2 метр ва вазнаш то ба 60 килограмм мерасад. Вай парвоз ҳам намекунад ва суръати даваш дар як соат қариб ба 50 километр баробар мешавад.
Казуарҳо қодиранд бо пойҳои пурқуввати худ зарбаи марговар бизананд. Чанголҳои онҳо то 10 сантиметр дарозӣ доранд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


АҶОИБ ДОСКАЕ
Вақте Ампер дар боғ сайругашт мекард, дар фикри кадом як мушкиле ба андеша фурӯ рафт. Ногаҳон, дар рӯбарӯяш, аз куҷое доскаи сиёҳи ҷилодор пайдо мегардад. Ампер бе он ки ҳайрон шавад, аз рӯи одат, аз кисааш бӯрро бароварда, ба навиштани зарбу тақсим шурӯъ мекунад. Аҷиб, ки баъди чанд дақиқа доска худ аз худ ба ҳаракат даромада, пештар меравад. Ампер, ки дар ин ҳолат чизеро ҳис намекард, аз қафои ӯ дар гӯшаҳои холии доска формуланависиро идома медиҳад. Вале ҳаракати доска торафт тезтар мешаваду олим қафо мемонад. Акнун, Ампер қариб ки давида, бо азобе ӯро дарёб мекунад, то боз чанд рақаме нависад. Бо вуҷуди ин, баъди фурсате, ҳаракат якбора тезтару доска аз пеши дасти олим дур шудан мегирад. Ампер чун мебинад, ки дигар давидан ҳам фоида надорад, ба қавле, ба тақдир тан медиҳаду дар ҷояш меистад.  Танҳо дар ҳамин лаҳза, вақте аз хастагӣ нафаси чуқур мекашад, Ампер ба худ меояд ва мебинад, ки доскаи ногаҳон пайдошуда, тахтаи пушти фойтун будаасту аз қафои ду аспи бодпо давидан дорад.
Таҳияи Самади ҚУРБОНАЛӢ


ФУТБОЛ. ГАРОНАРЗИШТАРИН БОЗИГАРОН  КИҲОЯНД?
Сомонаи расмии «Transfermarkt» рӯйхати футболбозонеро интишор намуд, ки дар таърихи ин намуди варзиш гаронарзишанд. Дар ин замина, ситораи «ПСЖ» Неймар, ки бо арзиши 222 миллион евро ба ин даста гузаштааст, қиматтарин ба ҳисоб меравад. Ҳоло таваҷҷуҳ кунед ба ин рӯйхат.

Дарвозабон: Кепа Аррисабалага ("Челси"), арзиш: 71 млн. евро.
Ҳимоятгарон: Кайл Уокер ("Манчестер Сити"), арзиш: 47 млн. евро, Эмерик Ляпорт ("Манчестер Сити") - 58 млн. евро, Вирҷил ван Дейк ("Ливерпул") - 70 млн. евро, Менди ("Манчестер Сити"), - 51 млн. евро.
Нимҳимоятгарон: Родригес ("Реал Мадрид"), арзиш: 67 млн. евро, Филиппе Коутиню ("Барселона") - 112 млн. евро, Пол Погба ("Манчестер Юнайтед") - 94 млн. евро.
Ҳамлагарон: Мбаппе ("Пари - Сейнт Жермэн"), арзиш: 121 млн. евро, Криштиану Роналду ("Ювентус") - 105 млн. евро, Неймар ("Пари - Сейнт Жермэн" - 222 млн. евро.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


СЕРИАЛ. ТЕАТР ПЕШСАФ Ё КИНО?
Ҳар чизи нав чизи хуби муваққатан фаромӯшшуда аст. Силсилафилмҳои муосир низ истисно нестанд. Ҳанӯз замонҳои пеш дар Ситсилия намоишҳое ба саҳна гузошта мешуданд, ки то як сол идома меёфтанд.  Тамошогарон ҳар бегоҳ дар театр барои дидани идомаи воқеаҳо ҷамъ меомаданд.
Боз намоишҳое ҳам буданд, ки гаштаю баргашта намоиш дода мешуданд. Барои мисол, муддати 800 сол намоиши «Роланда» аз дӯстдоштатарин спектаклҳои ин мардум буд. Дар он аз қаҳрамониҳои Роланда дар мубориза бар зидди аҷнабиён сухан мерафт.
Театрҳои Ситсилия ин анъанаи гузаштагони худро ҳоло ҳам идома дода истодаанд. То ҳол дар шаҳрҳои ин вилояти Италия намоишҳое таҳия мешаванд, ки як моҳ идома меёбанд.
Баъдан, ин усул дар кинематография низ хеле васеъ истифода шуда, силсилафилмҳоро асос гузошт.
Сабрина БУРАКЗОДА, донишҷӯи коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Бӯйдоқов


МАЙДОНҲОИ  ҒАЙРИОДИИ  ТАМОШОБОБ
Эурланн
Норвегия яке аз кишварҳои зебову тамошобоби дунёст, ки бо табиати ҳайратангезаш сайёҳони оламро ба худ ҷалб намудааст. Дар маркази ин кишвар шаҳраке бо номи Эурланн ҷойгир аст. Он ҷо барои тамошои ҳамагон махсус роҳраве сохта шудааст, ки  касро аз лаби ҷар мустақиман ба даруни баҳр мебарад. Пайроҳа ҳатто панҷара ҳам надорад. Ҳангоми ҳаракат дар дили кас ваҳм пайдо мегардад. Аммо, вақте бо роҳрав меравӣ маълум мешавад, ки он аз ду паҳлу бо шишаҳои махсус маҳкам шудааст. Аҷибаш ин аст, ки рӯи кӯҳпора роҳ меравию ногаҳон кӯҳе, ки зери по буд, ғайб мезанад ва худро рӯи баҳр дида, ҳайратзада мемонӣ.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


11 МУЪҶИЗАИ ЗЕРИ ЗАМИН
5. Forestiere (Калифорния)
Балдасаро Форестере соли 1906 заминеро барои бунёди боғ харид намуда, мехост ба парвариши дарахтони ситрусӣ машғул шавад.
Аммо, маълум гардид, ки замини харидааш корношоям аст.  Ӯ, ки дар сохтмони метрои Ню-Йорк ширкат варзида буд, ба қароре  омад, ки боғи орзуҳояшро дар зери замин бунёд намояд. Ҳамин тавр, аз соли 1906 то 1946 ба кандани ғор шурӯъ намуда, баъд аз 40 сол боғе месозад, ки ҳамагонро ба ҳайрат меорад. Ин макони афсонавии зеризаминӣ дар Фреснои Калифорния ҷойгир буда, дорои дарахтони гуногуни ситрусӣ, ангуру анор, анҷир ва авокадо, инчунин, гулҳои рангоранги садбаргу рустаниҳои нодир аст.  Сарфи назар аз он, ки ба дохили ғор нурҳои офтоб хеле кам мерасанд, дарахтони он то ҳанӯз меваҳои тару тоза ба бор меоранд ва боғ саросар ободу пуртароват аст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


10 КИШВАРЧАИ БОЙ
1. Князигарии Монако
Монако дуюмин давлати хурд аст, вале дар ҷаҳон аз ҳама бойтарин ба ҳисоб меравад ва дар (Cфte d'Azur) соҳили Лоҷувард, байни Фаронса ва Италия ҷой гирифтааст. Масоҳаташ аз боғи марказии Ню - Йорк ҳам хурдтар аст. Бо вуҷуди ин, ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар нафар аҳолӣ  тақрибан 188 409 долларро ташкил медиҳад.
Таърихан ин давлат аз ҳама беҳтар ба шарофати издивоҷи овозадор байни ҳунарпешаи амрикоӣ Грейс Келли ва княз Рене III маълум аст. Дар ин ҷо, ҳамчунин, ҳамасола мусобиқаи автомобилии «Формула - 1» барои дарёфти Гран-При дар роҳи автомобилии давлати Монте-Карло аз соли 1929 баргузор мегардад.
Ба Монако ҳамасола миллионҳо сайёҳ ташриф меорад ва ин  кишвари хурди дорои аҳолии ҳамагӣ 40 000 нафараро пур мекунад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2019    №: 75    Мутолиа карданд: 371

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед