logo

маориф

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. МАҲАЛЛАИ ИСТИҚЛОЛ - 3 КАЙ СОҲИБИ МАКТАБ МЕШАВАД?

Рушди соҳаи илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа пешравиҳои назаррас ба амал омадаанд. Ҳар сол ба манзури баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ба омӯзишу парвариши фарогир ҷалб кардани наврасону ҷавонон дар шаҳру деҳоти мамлакат даҳҳо муассисаҳои наву замонавии таълимӣ бунёду мавриди истифода мегарданд. Вале, ҳанӯз мушкили нарасидани ҷойҳои нишаст аз мавзӯъҳои мубрам боқӣ мемонад.
Дар ҳамин радиф сокинони маҳаллаи Истиқлол - 3 - и ноҳияи Рӯдакӣ бо шумули 800 хоҷагӣ солҳо боз дар орзуи бунёди чунин як муассисаи таълимӣ дар маҳаллаашон мебошанд. Ҳоло фарзандони онҳо масофаи наздик ба 4 километр роҳро тай намуда, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 - и маҳаллаи Истиқлол - 1 мераванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки муассисаи таълимии №15 дигар имкони фарогирии аз ин бештари хонандагонро надорад. Зеро, айни замон дар ин муассиса ба ҷои 20 - 25 нафар дар як синфхона аз 40 то 45 хонанда фаро гирифта шудааст. Мусаллам аст, ки дар чунин вазъ сатҳу сифати таълиму тарбияро тавсиф намудан ғайриимкон аст.
Ба гуфтаи Маҳкамбой Юнусзода, раиси маҳаллаи Истиқлол - 3, хонандагон то расидан ба муассисаи таълимӣ бо роҳи соҳилии Кофарниҳон мераванд. Дар ин роҳ асосан мошинҳои боркаш бо кашондани сангу шағал ҳаракат мекунанд, ки ба бехатарии пиёдагардон  кафолат дода намешавад.
- Сокинони деҳа 3 сол пеш ба таври ҳашар  сохтмони мактабро оғоз намуда, девори онро бардошта буданд. Тибқи ваъдаи масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои боқимонда бояд аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ амалӣ мегардид. Мутаассифона, бо сабабҳои номаълум бинои нимсохт зери барфу борон ва аз мадди назари масъулон дур мондааст. Вобаста ба ҳалли ин мушкилот сокинони маҳалла ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва борҳо ба раиси шаҳраки Мирзо Тусунзодаю  шуъбаи маорифи ноҳия ба таври хаттӣ муроҷиат карданд. Мутаассифона,  то имрӯз ягон ҷавобе нест, - мегӯяд Маҳкамбой Юнусзода.
Бо вуҷуди ин, раиси маҳаллаи Истиқлол – 3 дар суҳбат ба мо изҳори умед кард, ки шояд дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маҳалла бунёди мактаб иттифоқ афтода, мушкили сокинон бартараф гардад.
Сайёраи АВАЗ,  коромӯзи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2019    №: 75    Мутолиа карданд: 366

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед