иҷтимоиёт
ДУШАНБЕ. ШАҲРЕ, КИ БОЯД ДӮСТ ДОШТ
Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази фарҳангии кишварамон наздики як аср мешавад, ки дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон нақши хосаву муҳимро мебозад. Тибқи маълумоти таърихӣ дар охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ дар Душанбе қалъаи мир, қозихона, дорухона, шифохона ва чойхона мавҷуд буданд.
Душанбе тадриҷан ба маркази илму фарҳанг табдил ёфта, тамоми довталабон аз гӯшаю канори Тоҷикистон барои таҳсил ва омӯзиши касбу ҳунар ба ин ҷо меоянд. Рисолати бузурге, ки бар дӯши пойтахт вогузор гардид, ин таълиму тарбияи насли нав буд. Насле, ки пойтахтро ҷои зисту фаъолият қарор дода, дар ҳаёти илмиву фарҳангиву адабӣ нақшу саҳми муносиби хешро гузошт.
Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ симои худро ба куллӣ дигар намуда, ба маркази чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, сайругашти сайёҳон, маркази илму фарҳанг, сиёсату тиҷорат ва пайвандгари тамоми манотиқи Тоҷикистон табдил ёфт.
Мавриди зикр аст, ки соли 2016 шаҳри Душанбе ба ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» - и Бунёди «Роҳи абрешим» сазовор дониста шуд. Ин мужда зимни баргузории Намоиши байналмилалии «Рассомон баҳри сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» дар шаҳри Душанбе баён гардид. Зимни супурдани ҷоиза Ченг Гуопинг, мушовири Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, чунин иброз дошт: «Шаҳри Душанбе барои таъмини суботу оромӣ, амнияту хизматрасонии осоиштаи қишрҳои ҷомеа, гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо ҷоизаи мазкур сарфароз гардонда шуд». Мавриди зикр аст, ки аввалин ҷоизаи байналмилалиро шаҳри Душанбе ҳанӯз соли 2004 соҳиб гардида буд. Ин ҳам бошад, Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» - и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором барои саҳми намоён дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамраъйӣ дар ҳаёти ҳамарӯза маҳсуб меёбад.
А. ҚУРБОНИЁН, муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.04.2019 №: 75 Мутолиа карданд: 389