logo

Хабарҳо

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед бинои нави шабакаи ёрии таъҷилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки сохтмони бинои мазкур тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 оғоз гардида буд. Бино дуошёна буда, дорои долон, сездаҳ ҳуҷраи корӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Барои бунёд ва таҷҳизондани он аз ҳисоби Буҷети давлатӣ наздики 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.
Зимни ифтитоҳи иншоот раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иброз дошт, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки давлату Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола барои рушди инфрасохтори он лоиҳаҳои мухталифи сармоягузорӣ татбиқ мешаванд. Бунёди чунин бинои муосир ва муҷаҳҳаз бо таҳҷизоти ҳозиразамон имкон медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар гардад.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед зикр намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят аз ҳисоби Буҷети давлатӣ чандин иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд ва навсозӣ шуда, бо муосиртарин таҷҳизот таъмин шуданд. Аз ҷумла, танҳо дар панҷ соли охир  бо маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ мутобиқ ба талаботҳои стандарти байналмилалӣ таваллудхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд. Чунин  иншоотро дар дигар  ноҳияҳои вилоят низ метавон ном бурд, ки барои бунёди онҳо аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағҳои зиёд харҷ шудаанд ва ин бори дигар аз таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии кишвар ба соҳаи тандурустӣ шаҳодат медиҳад.
Раҳмони  ГУЛЗОР, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 106

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед