logo

иқтисод

ЧОРВОДОРӢ. ЧӢ ГУНА САРШУМОРРО ЗИЁД НАМОЕМ?

Парвариши моли майда соҳаи афзали чорводорӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноати коркарди ашёи хом аҳамияти калон дорад.
Бо фаро расидани фасли баҳор дар хоҷагиҳои гӯсфандпарварии ҷумҳурӣ мавсими наслгирӣ оғоз меёбад. Дар як муддати кӯтоҳ (1–1,5 моҳ) ба даст овардани миқдори зиёди барраю бузғола, пурра ва эмин нигоҳ доштани онҳо масъалаи бағоят муҳим буда, заҳмати зиёдро талаб менамояд. 
Барои гирифтани насли солиму боқувват ва зиёд намудани саршумори чорво солимию фарбеҳии мешҳо муҳим мебошад. Хусусан, ба нигоҳубини мешҳои сернаслу сершир, ки барои инкишофи насл нисбатан зиёдтар моддаҳои ғизоӣ сарф менамоянд, аҳамияти махсус додан зарур аст. Ин гуна мешҳоро ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо намуда, дар ҷойҳое нигоҳ доштан лозим аст, ки дар шароити гуногуни обу ҳаво ҳолати онҳо омӯхта  шавад ва дар мавриди зарурӣ бо ему хошоки иловагӣ таъмин гарданд.
Беда ва ем бояд хушсифат бошад. Ба мешҳо ҳаргиз ему хошоки куҳнаю пӯсида ва мағорзада додан мумкин нест, чунки ин боиси бачапартоии онҳо шуда метавонад. Ба мешҳои обистан хӯроки ғизонок  додан зарур аст, то наслҳои солим зоянд. Инчунин, барои бо об таъмин намудани мешҳо ғамхории махсус зоҳир бояд кард, зеро талаботи мешҳои обистан ва барразоида ба нӯшидани об ду баробар зиёд мегардад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳо дар вақти ба касалиҳои сирояткунанда гирифтор шудани гӯсфандон онҳоро дар ҷойи алоҳида нигоҳ медоранд.   
Солиму бардам нигоҳ доштани мешҳо ва парвариши барраҳо аз тайёрии ҳаматарафаи хоҷагиҳо, чӯпонҳо ва беталаф ба анҷом расондани маъракаи наслгирӣ вобастагии зиёд дорад. Бинобар ин, 8 - 10 рӯз пеш аз таваллудкунии мешҳо оғилхонаро аз пору тоза ва фарши онро бо коҳу бедаҳои хушк нарм намудан лозим аст. Оғилхона набояд дорои рутубати баланд ва бодгузар бошад. Инчунин, дар вақти зоидани мешҳо ҳарорати оғилхона бояд 17-18 дараҷа нигоҳ дошта шавад. Оғилхонае, ки дар он наслгирӣ сурат мегирад, бояд кушоду равшан  бошад. Торикӣ, тангии оғилхона ва бисёр зич ҷойгир намудани мешҳои обистан, сабаби талафоти насл ва камшавии саршумор мегардад. Пеш аз саршавии наслгирӣ бояд миқдори зарурии дастшӯякҳо, қуттиҳои байторӣ, собуни ҷомашӯӣ, чароғҳои дастӣ ва дигар асбобу анҷоми зарурӣ муҳайё када шаванд.  Баррачаҳоро тоза ва хушк кардан зарур аст, то онҳо шамол нахӯранд. Тавсия дода мешавад, ки баъди 20 дақиқаи таваллуд баррача бояд аввалин шири меш - фалларо бо серӣ макад. Барои ёфтани пистон ба ӯ ёрӣ расондан лозим аст.
Мешҳо ҳангоми барразоӣ моеи бисёр талаф медиҳанд. Бинобар ин, бояд пас аз таваллуд ба мешҳо 1-1,5 литр оби ширгарм диҳем.
Бо мурури замон миқдори шири мешҳо кам шуда, талаботи ҳаррӯзаи барраҳо ба хӯрокҳои ғизонок афзун мегардад. Бинобар ин, бояд аз синни 2-3 - ҳафтагӣ баррачаҳоро ба ғизоҳои омехтаи консентратӣ, беда ва ғизоҳои ширадор одат кунонем, ба ҳар баррача дар як шабонарӯз 50 - граммӣ хӯроки омехта дода, баробари зиёд шудани вазни зиндаи онҳо меъёрро ба 200 - 300 грамм расонем. Баъд аз он, барраҳоро аз 15 - 20 - рӯзагӣ то 4,5-5 - моҳагӣ (то давраи аз мешҳо ҷудо намудан) ба нигоҳубинии пурраи чарогоҳӣ гузарондан мумкин аст.  
Дар давраи тӯлгирӣ ба ҳисоб гирифтани саршумори онҳо низ хеле муҳим мебошад. Ба гӯши барраҳо дар рӯзи зоида шудан рақамгузорӣ намуда, дар «Дафтари қайди ҷуфтикунонӣ ва маъракаи наслгирӣ» рақами ҷудогонаи мешҳою барраҳо ва вазни зиндаи онҳоро сабт намудан даркор. Баъд аз ин, навиштаҷотро ба варақаҳои фаръии чорво дохил менамоянд. Дар ин варақаҳо рӯзи ҷуфтикунонии меш ва аз кадом зоти қӯшқори наслдеҳ таваллуд шудани барра нишон дода шудааст.
Барои бомуваффақият ба анҷом расондани маъракаи наслгирӣ зарурати бо кормандони мавсимӣ таъмин кардани чӯпонҳо (ёрдамчиён) пеш меояд.
Иҷрои дастуру тавсияҳои пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки дар рамаҳо саршумори моли майда афзуда, чорво солиму фарбеҳ парвариш ёбад.
Абдураҳмон МАҲМАДШОЕВ,
Хуршед ДАВЛАТОВ,
Муяссара ОТАЕВА,
ходимони калони илмии Институти
чорводории Академияи илмҳои
кишоварзии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2019    №: 76    Мутолиа карданд: 141

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед