logo

фарҳанг

АБДУХОЛИҚИ НАБАВӢ: "САДРИДДИН АЙНӢ ДУРРЕСТ, КИ ҲАР БОР ҶИЛОИ НАВ МЕДИҲАД"

Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба 141 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин  Айнӣ куллиёти нави ашъори ин адиби номварро бо такмил ба нашр расонад.
Вобаста ба ин тасмим ва саҳми беназири устод Садриддин Айнӣ дар ташаккулу инкишофи адабиёту фарҳанги тоҷик ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Абдухолиқи Набавӣ андешаҳои худро ба мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои Садриддин чунин баён доштааст: 
- Садриддин Айнӣ яке аз саҳифаҳои сифатан нав дар таърихи адабиёти зиёда аз ҳазорсолаи тоҷик мебошад. Агар аз асри IX - X то асри XX адабиёти мо классикӣ ва оламгир дониста мешуд, вале тарзу тариқи тасвираш асосан романтикӣ, равонӣ ва ирфонӣ буд. Аммо аз ибтидои асри XX сар карда, дар афкори адабии тоҷикии мо тағйироти сифатӣ ба вуҷуд омад.
Адабиёт ва зиндагии аҳли ҷомеаи Осиёи Марказӣ, онҷое, ки тоҷикон зиндагӣ мекарданд, ба муҳимтарин масъалаҳои асри нав ҳамоҳанг шуданд ва ин ҳамоҳангӣ буд, ки мо бояд дарди замонамон, ҳоламон, он вазъеро, ки дорем, шиносем. Ба зиндагӣ, воқеият, таърихи имрӯзаамон мутаваҷҷеҳ шавем. Ҳамин як тағйири сиёсӣ - иҷтимоӣ дар афкори мардуми тоҷик сабаби тағйир дар тафаккури адабӣ шуд, ки онро бо номи афкори адабии воқеъгаро ё реалистӣ гӯшзад мекунанд. Ва дар оғоз ин афкори адабӣ характери маорифпарварӣ дошт. Баъдтар маорифпарвари насли дуюм - ҷадидҳо буданд ва онҳо кӯшиши зиёд карданд, ки адабиётро ба ҳаёти ҳаррӯзаи мардум наздик кунанд, сода ва забонашро фаҳмо кунанд. Онҳо мехостанд, ки ин адабиёт  мушкилоту масъалаҳои зиндагии мардумро фаро гирад. Дар ҳамин росто устод Садриддин Айнӣ ҳамчун як адиби рӯшанфикр дар паҳлуи нависандагоне, чун Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Абдурауфи Фитрат, Аҷзии Самарқандӣ, Мирзосироҷи Ҳаким иштирок доштанд. Инҳо насли нави маорифпарварон пас аз Аҳмади Дониш буданд ва адабиёти моро воқеан аз ҷиҳати сифат тағйир доданд.
Он кӯшишҳое, ки ҷадидҳою навхоҳон карда буданд, то дараҷаи шакли комили адабиёт нарасид. Айнӣ ба он маънӣ асосгузори адабиёти навини тоҷик дониста мешавад, ки пас аз Инқилоби октябр, баъди он ки давлати тоҷикон ба вуҷуд омад ва  талошҳо барои омӯхтан, ҳимояи таърихи мардуми тоҷик ба арсаи иҷтимоиёт баромаданд, барои онҳое, ки мавҷудияти халқи тоҷикро дар Осиёи Миёна инкор мекарданд, барои ба мардуми тоҷик фаҳмондани таъриху зиндагӣ ва ҳастии худаш аз нафарони фаъол буд. Ин фаъолияти иҷтимоӣ устодро ба як шахсияти пешсафу пешрави адабӣ табдил дод. Муҳимтарин коре, ки устод Айнӣ карданд, ин бунёд гузоштан ба адабиёти нави воқеъгарои тоҷикӣ буд. Устод ин корро бо таълифи шеърҳо, асарҳои насрӣ, осори илмӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таълифи асарҳои таърихии калони худ анҷом дод.
Худи эҷодиёти Айнӣ тамоюлоти минбаъдаи адабиёти тоҷик ва инкишофашро муайян кард, аз ҷумла «Ёддоштҳо» аввалин жанри ёддоштӣ дар кулли Осиёи Миёна аст. Дар айни замон сабк, услуб ва омехтагие, ки дар «Ёддоштҳо» дида мешавад, гуногунии шакл, публитсистика, ҳаҷву нақлу тасвири психологиву ҳикоя андар ҳикоя омадан - инҳо минбаъд барои дар адабиёт ривоҷ ёфтани шаклҳои гуногун барои беҳтар фаро гирифтани зиндагиву воқеият дар адабиёти минбаъдаи мо  ривоҷу инкишоф ёфтанд. Дар асоси ин масъалаҳо ва ҳамаи он корномаҳое, ки устод анҷом доданд, мо устодро поягузори адабиёти нави тоҷикӣ меномем.
Дар давраи ҷадидӣ яке аз унсурҳо ва масъалаҳое, ки ба адабиёту рӯзноманигорӣ иртибот мегирифт, ин сода кардани забон буд. Устод ҳамеша таъкид мекарданд, ки забони адабиёт бояд ба фаҳми мардум  мувофиқ бошад. Дар ин кор саҳми Айнӣ, Садри Зиё, Азими Сонӣ, Мирзосироҷи Ҳаким ва Фитрат зиёд буд. Ҳадафи онҳо аз сода кардани забон - ин ба мардум фаҳмондани масъалаҳои муҳими зиндагӣ буд, ки бояд онро шиносанду донанду бедору огоҳ шаванд. Баъзе аз мардуми авоми мо ва ҳатто баъзе зиёиёни мо гумон мекунанд, ки Айнӣ дар саргаҳи табдили алифбои мо қарор дошт. Ин андешаи ғалат аст, ки аз нодонӣ ва ноогоҳии давру замон пайдо шуд. Устод Айнӣ мартабаи адибро доштанд. Табдили ҳуруф  аз зумраи корҳое буд, ки дар дараҷаи Ҳукумати Шӯравӣ ва сиёсати он ҳал мешуд. Тоҷикон ба танҳоӣ ба алифбои лотинӣ нагузаштанд, балки оғози гузаштан ба алифбои лотинӣ солҳои 1924 дар Озарбойҷону кишварҳои туркӣ оғоз ёфта буд. Соли 1927 тоҷикон охирин шуда, тағйири алифборо зарур донистанд ва ба ивазаш розӣ шуданд. Муҳимтар аз ҳама, Айнӣ ва шариконашон кӯшиш намуданд, то алифбое созанд, ки ба системаи овози забони тоҷикӣ мувофиқ бошад. Алифбои осоне бошад, ки барои зудтар ба дарку фаҳми он рафтани мардум имкон диҳад.
Имрӯз фурсати он расидааст, ки туҳмату буҳтонҳоеро, ки дар ҳаққи Айнӣ мебофанд, бояд фаромӯш кунем. Дар он давру замон низ Айнӣ ба манфиати мардуми тоҷик кор карда, кӯшиш менамуд, ки як алифбои ба мардум хос сохта шавад, то мардум зудтар савод бароварда тавонанд. Устод забони авомро дар заминаи забони адабиёти классикӣ ба ҳам омехта, як забони содаи равони тоҷикиро ба вуҷуд овард. Худи асарҳои адабӣ - бадеияшон намунаи забони муосири тоҷикӣ буд. Хизматҳои Айнӣ дар ташаккулу таҳаввул ва инкишофи забони имрӯзаи тоҷик ниҳоят бузурганд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2019    №: 76    Мутолиа карданд: 171

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед