logo

Хабарҳо

ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар Чемпионати Осиё оид ба дзю - до дар вазни +100 кг сазовори медали нуқра гардид.
Бино ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзю - до (IJF), Темур Раҳимов мусобиқаро аз даври дуюм оғоз намуда, бар Ракан Зайдан (Арабистони Саудӣ) ғолиб омад. Баъдан, Дууренбайар Улзибайар (Муғулистон) ва Юрий Краковетский (Қирғизистон) - ро шикаст дода, дар даври ниҳоӣ қувваозмоиро бар Ким Сунгмин (Корея) бохт.

 

БОКС. Роҳхати Баҳодур Усмонов ба нимфинал
Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов (64 кг) ба даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс роҳ ёфт.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Баҳодур Усмонов, ки қувваозмоиро аз даври дуюм оғоз кард, бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу ғолиб омад. Дар чорякфинал бошад, Баҳодур Туғрулбег Паззиев (Туркманистон) - ро шикаст дод. 25 апрел ӯ дар нимфинал бо Саматалӣ Толтаев (Қазоқистон) вомехӯрад.

 

ТАЭКВОН – ДО. Тоҷикистон мизбони мусобиқаи байналмилалӣ
Аз 26 то 28 апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди Тоҷикистон оид ба таэквон - до «Tajikistan Open Taekwondo WT» баргузор мегардад.
Ба иттилои раиси Федератсияи таэквон - до WT-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, дар мусобиқа варзишгарони Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд.

 

ЛИГАИ ОЛӢ. Ду бурд ва ду мусовӣ
Даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар рақобати марказии давр «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо тими «Кӯктош» мусовӣ (2:2) кард.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, голҳоро аз дастаи мизбон Муҳиддин Одилов дар дақиқаҳои 4 ва 10 вориди дарвозаи «Истиқлол» намуд. Ду голи меҳмононро бошад, Шаҳром Самиев (дақиқаи 31) ва Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 87 - уми дидор аз зарбаи 11 - метра заданд. 
Натиҷаи се бозии дигар:
«Хуҷанд» – КМВА «Помир» 1:1
«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ» 0:1
«Хатлон» – «Истаравшан» 2:1
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 295

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед