иҷтимоиёт
ВАНҶ. ДАР РОҲИ ТАТБИҚИ СУПОРИШҲОИ ОЯНДАСОЗ
Дар ноҳияи Ванҷ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ авҷи тоза касб намудаанд.
Бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Темур Муҳаббатов дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев ҳаммоми замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми шароити муосир мавриди истифода қарор гирифт. Ба гуфтаи соҳибкор дар бунёди ин иншоот 300 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.
Чанде пеш дар маркази ноҳия аз ҷониби ин соҳибкор корхонаи коркарди дару тирезаҳои пластикӣ низ ба истифода дода шуд, ки дар ноҳия аввалин маҳсуб меёбад. Айни ҳол корхона аз сокинон дархост қабул намуда, онро сари вақт ба иҷро мерасонад. Иқдоми неки соҳибкор имконият фароҳам овард, ки мушкилоти мардум дар бахши сохтмон ва бо хароҷоти зиёдатӣ аз шаҳри Душанбе овардани ин масолеҳ осон шавад. Аз ин лиҳоз, талабот ба маҳсулоти корхона зиёд шуда истодааст.
Вобаста ба ин, соҳибкор тасмим гирифтааст, ки корхонаро васеъ намуда, ҳаҷми истеҳсолро афзоиш диҳад. Ҳоло дар корхона 5 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд.
- Мо аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем, ки дар вохӯриашон бо сокинони ноҳия ба мо, соҳибкорон, барои вусъати истеҳсолоти маҳаллӣ ва бо ин роҳ таъсиси ҷойҳои корӣ дастур доданд, - гуфт ӯ.
Пайшанбе ШОЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.04.2019 №: 77 Мутолиа карданд: 424