logo

фарҳанг

САРАЗМ - ҲАМСОЛИ НАВРӮЗ

То имрӯз оид ба таърихи Наврӯз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд. Ҳар муҳаққиқе, ки доир ба таърихи пайдоиши он тадқиқоти илмӣ бурдааст, бештар ба маъхазҳои хаттӣ такя намуда, шурӯи ҷашнгирии Наврӯзро ба давраи ҳахоманишиҳо мансуб медонад.
Аксари  бостоншиносон чунин ақида доранд, ки он ба давраҳои хеле қадимаи тотаърихӣ (то пайдоиши хат ва давлатҳои нахустин), яъне ба замони Пешдодиён рост меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки Наврӯз таърихи 6000 - сола дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, иди кишоварзон будааст. Барои рӯшанӣ андохтан ба таърихи пайдоиши Ҷашни Наврӯз ба бозёфтҳои моддии бостоншиносӣ рӯ меорем. Дар таъриху тамаддуни башарият марҳилае бо номи «Инқилоби неолитӣ» маълум аст. Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихӣ (ҳазорсолаҳои 7 - 6 пеш аз мелод) инсоният вобаста ба иқлими мавзеи зист ба ҳаёти муқимӣ рӯ оварда, ба бунёди деҳшаҳрҳо, ба кишти зироатҳои ғалладона машғул мешавад. Ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразми Панҷакент таърихи беш аз 5500 - сола дошта, 40 сол аст, ки таҳқиқ карда мешавад. Бозёфтҳои сершумори бостонӣ собит месозанд, ки шуғли асосии саразмиён кишоварзӣ буда, ҳамзамон, бо ҳунармандии гуногунсоҳа (кулолӣ,  маъданҷӯиву маъдангудозӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва ғайраҳо), инчунин, равобити савдову тиҷорат бо қабилаҳои ҳамҷавори АвруОсиё доштаанд.
Дар давраи ҳаёти мадании Саразмиён ва қабилаҳои ҳамҷавори он давра (ҳазорсолаҳои 4 - 3 - и қабл аз мелод) ҳанӯз хат вуҷуд надошт. Ҳангоми пажӯҳишҳои бостоншиносӣ аз Саразм даҳҳо зарфҳо ва пораҳои сафоли мунаққаш пайдо шудаанд. Кулолон ва рассомони аҳди бостон тахайюлоту фаҳмишу дарки муҳити хешро бо нақшҳои ҳандасӣ дар рӯи зарфҳои сафолӣ сабт намудаанд. Ҷолиб он аст, дар рӯи зарфҳои сафолӣ сабзиши майсаи ҷаву гандум, мавҷи дарёву ҷӯйбор, нури зиндагибахши Хуршедро моҳирона ҳаккокӣ намудаанд. Мардуми аҳди қадим омад - омади баҳорро баъди сардию карахтии замин интизорӣ кашида, бо базму маросимҳои ба худ хос, махсус бо афрӯхтани оташ пешвоз мегирифтанд.
Аз қабатҳои сеюму чаҳоруми маскуни маданияти Саразм, ки ба нимаи аввал ва охири ҳазорсолаи III пеш аз мелод мансубанд, изи даҳҳо мавзеи оташафрӯзӣ дар зери осмони кушод пайдо шуданд. Саразмиён дорои маданияти баланду рушдёфтаи меъмории замони хеш буданд. То имрӯз дар 17 мавзеи ёдгорӣ пажӯҳиш гузаронда шуда, боқимондаҳои биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва растаҳои ҳунармандӣ кашф гардиданд. Гумон меравад, ки пеш аз оғози биносозӣ гурӯҳи муайяни меъморон лоиҳаи сохтмонро пешакӣ тарҳрезӣ намудаанд. Бештари биноҳо тарҳи росткунҷаро дошта, дару тирезаҳои онҳо ба самти Шарқу Ғарб, яъне самти офтоббаро ва самти тулӯи Офтоб нигаронда шудааст. Чунин биноҳо аз якчанд ҳуҷра ва баъзан як ва ду толори васеи барҳаво иборатанд. Дар маркази толорҳо оташкадаҳои мудаввар ва чоркунҷа бо умқи марказии начандон калон мавҷуданд.
Чунин оташкадаҳо аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии ҳамдавру ҳамзамони саразмиёни бостон дар ёдгориҳои Мундигоки Афғонистон, Шаҳри Сӯхтаву Теппаи Ҳисори Эрон, Пираки Балуҷистон, ёдгориҳои маданияти Анаву Намозгоҳтеппаи Туркманистони Ҷанубӣ ва дигар мавзеъҳои бостонии Осиёи Марказӣ пайдо шудаанд. Пас, гумон меравад, ки ибодат ба “оташ” ҳамчун рамзи бузургдошти Хуршед ҳанӯз аз ҳамин давраҳо дар байни қабилаҳои аҳди қадими кишоварзӣ маълум буда, садсолаҳои минбаъда аз насл ба насл гузашта, бо пайдоиши нахустдинҳо (зардуштия) ва нахустдавлатҳо бо тобишу ҷилои нав дар (ҳазорсолаҳои II - I қабл аз мелод) бо номи «Ҷашни Наврӯз» ба ҳукми анъана даромадааст.
Зимнан, Наврӯз, ки дар тамоми давру замон ба ягон мазҳабу дину оин алоқамандие надошта, аз тобишҳои сиёсии давру замон эмин монда, то имрӯз аз тарафи мардуми тамаддунофарин - тоҷикон ва меросбарони дигар дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Инкишофи он аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Осиёи Марказӣ, бахусус Саразми Тоҷикистон, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун яке аз аввалин шаҳрҳои олам шинохта шудааст, сарчашма мегирад.
Барои мардуми кишоварз, ки бесаброна омадани баҳори нозанинро интизорӣ мекашиданд, сабаб гаштааст, ки ин айёмро бо маросимҳои ба худ хос истиқбол гиранд. Пас, чӣ сабаб гаштааст, ки рассомони Саразм бо маҳорати баланд дар рӯи зарфҳои сафолӣ мавҷи хурӯшони ҷӯйборон, нурафшонии Хуршед, сабзиши гандум ва пухта расидану сар хам кардани хӯшаҳои онро тасвир намудаанд.
Сабзиши гандум омад - омади фасли баҳорро ифода намояд. Пухта сар хам намудани хӯшаи гандум, ба иди ҳосилот, ки баъдан ҳамчун иди Сада маълум гашт, ишора дорад. Он то имрӯз яке аз ҷашнҳои фархундаи миллии мо мебошад.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Наврӯзу ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм бо арзишҳои баланди фарҳангии хеш ҷаҳонӣ гашта, ба Феҳрасти мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардидаанд ва соли 2020 5500-солагии Саразм дар миқёси ҷаҳон таҷлил мешавад.
Абдурауф РАЗЗОҚОВ, бостоншинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2019    №: 77    Мутолиа карданд: 426
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед