logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ШОҲҶОИЗА САРФАРОЗ ШУД

Дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, банди 22 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъанаю  ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021 озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола” баргузор гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав ба гурӯҳи кории комиссияи ҷумҳуриявии озмун шомил шуда, ба иштирокчиён аз рӯйи беҳтарин гулгашту хиёбонҳо бо шинондани гулҳои лолаю садбарг, дарахтони сояафкану ороишӣ, беҳтарин шаҳраку деҳот ва маҳалла баҳои сазовор доданд. Ҳамин тавр, аз рӯйи 9 номинатсия ғолибонро муайян карданд. Дар ҷумҳурӣ маҳаллаи Рӯдакии шаҳри Бохтар беҳтарин маҳалла дониста шуд. Ба гуфтаи Одинахон Насруллоев, раиси маҳалла, он дорои инфрасохтори ҷавобгӯ ба талаботи муосир, аз ҷумла роҳҳои навтаъмиру навсохти байни кӯчаю маҳаллаҳо, се гулгашти зебо бо беш аз 20 ҳазор гулҳои лолаю садбарг, 6 бинои баландошёнаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири равшаннамоӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад.
Рушди деҳот, ки аз масъалаҳои муҳим давоми се соли оянда ба ҳисоб меравад, “Беҳтарин деҳот” яке аз  номинатсияҳои озмун буд. Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ аз рӯи ин номинатсия ғолиби ҷойи аввал шуд. Ибодулло Неъматзода, раиси ҷамоат, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории озмун ҳам эҳтиром гузоштан ба зебоӣ, ободонӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва бедор кардани муҳаббати шаҳрвандону сокинони пойтахт ба гулпарварӣ мебошад, ки дар ин замина, шаҳраку деҳот ва пойтахти кишвар боз ҳам зебою обод гардонда мешаванд.
– Ҳудуди ҷамоат ҳоло бо гулҳои лолаю садбарг ва дарахтони гуногуни ороишӣ зебою хуррам гардонда шуд. Ҷараёни сабзиши 18 ҳазор гули лола ва 39 ҳазор гули садбарг наворгирӣ ва ба аъзои комиссия пешниҳод гардид, - гуфт ӯ.
Дар ҷумҳурӣ дар пайи ташкили озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола” то 8 апрел 2673123 гули лола шинонда шудааст. Раванди сабзиши гулҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор ёфта, беҳтаринҳо маҳз тавассути пешниҳоди расми мавзеъҳои гулкоришуда ва сабти видеоӣ дар ҳамаи номинатсияҳо ва дидан кардан аз гулзорҳои бунёдшаванда аз ҷониби комиссияи корӣ баҳогузорӣ гардид, - гуфт И. Неъматзода.
Дар номинатсияи “Беҳтарин деҳа” деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара ғолиб омад. Шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе дар номинатсияҳои беҳтарин шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоят ғолиб омаданд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бинобар сабаби номусоидии боду ҳаво натавонист дар озмун иштирок намояд. Шоҳҷоизаро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо назардошти бунёди гулгашту боғоти зебою замонавӣ дар чанд соли охир  сазовор гашт. Махсусан, гулгашти назди бинои Сирки давлатӣ ҳазорон нафар сокинону меҳмонони пойтахтро ба худ ҷалб намуда, ба макони сайру гашт ва истироҳат табдил ёфтааст. Гулгашт дар майдони 2750 метри мураббаъ зиёда аз 6 ҳазор дона гулҳои лолаю садбарг ва майсазорро фаро мегирад. Аз моҳи май шинондани дигар гулҳои мавсимӣ дар ин ҷо шурӯъ мегардад. Ба гуфтаи Ҷамшед Ватанзода, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, ба озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола” таҳияи композитсияи гулҳо бо дизайни замонавӣ пешниҳод карда шуд, ки он аз рӯйи номинатсияи “Беҳтарин гулгашт ва хиёбон” мақоми аввалро соҳиб гашт.
Ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравии омоданамудаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рамзи озмун аз сангҳои нодири Тоҷикистон аз ҷониби ширкати ватании ҶДММ “Рухом” тарҳрезигардида, мукофотонида шуданд. Комиссияи кории ҷумҳуриявӣ ҳамзамон, барои иҷрои сархати 5 – и боби 8 – уми низомномаи озмун боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи Аҳмади Дониш, Алишери Навоӣ, Садриддин Айнӣ, “Кӯли ҷавонон”, “Ирам”, “Ҷавонон” ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” – ро, ки дар озмун иштироки фаъолона доштанд, бо сипосномаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонд.  
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2019    №: 77    Мутолиа карданд: 401
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед