logo

иҷтимоиёт

НОШУНАВОРО ҲАТМАН БОЯД БИШНАВЕМ!

Мутолиаи матлаби Абдулқодири Раҳим бо  номи «Агар ношунаворо намешунавем» («Ҷумҳурият», 5 апрели соли 2019, № 64) маро ҳамчун мутахассиси забони ишора водор сохт, ки андешаҳоямро перомуни он баён дорам. Муаллиф бо мушкилоти ношунавоёни кишвар хуб ошноӣ дорад, аз ин рӯ, дар баррасӣ ва таҳлили он муваффақ мебошад. Дар ҳақиқат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 ба мактаб - интернати кару гунгҳои ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд ва аз наздик бо шароити зисту таълими ин қишр шинос шуданду барои пешрафту беҳбудии он дастуру супоришҳо доданд. Пас аз он, баъзе аз масъалаҳову мушкилот ҳалли дурусту саривақтии худро ёфтанд. Таълифу нашри китоби «Имову ишора», ворид намудани «ишора» ҳамчун фанни алоҳидаи таълимӣ, чоп гардидани чанд китоби дарсӣ, таъсиси гурӯҳҳои махсус дар донишгоҳҳои кишвар бо номи сурпедагогика – информатика аз ин ҷумла мебошанд. Албатта, боз масъалаҳову мушкилоте мавҷуданд, ки ҳаллашон вобастагӣ дорад ба масъулони соҳа.
Яке аз масъалаҳое, ки дар мақолаи номбурда баррасӣ гардидааст, мувофиқат накардани барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мактабҳои махсус мебошад. Бешак, фарогирии барномаҳои таълимӣ, дониш ва махсусан, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби ин гурӯҳи маъюбон на дар он сатҳ аст, ки қишри солим тасаввур мекунанд. Бинобар ин, дар супурдани имтиҳонҳои дохилшавии Маркази миллии тестӣ муваффақ шуда наметавонанд. Инчунин, гурӯҳи мазкур ҳамчун маъюбони гурӯҳи 3 ҳеҷ гуна имтиёз надоранд. Тавре муаллиф меорад, онҳо забонҳои хориҷиро намедонанд, ба моҳияти саволҳои тестӣ бе тарҷумони соҳа сарфаҳм намераванд. Ин масъалаҳову  мушкилот ва монанд ба онро метавонанд масъулон ба осонӣ ҳал бикунанд. Аммо дар ин хусус бо дилсӯзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намесозанд. Пас ғами онҳоро кӣ бояд бихӯрад, мушкилоташонро кӣ бояд ҳал бинамояд? Барои як гунгу ношунавое, ки ба ин марказ ҳуҷҷатҳои заруриро бояд бисупорад, осон нест. Дар ин ҳол ниёз ба раҳнамо ва ёвар дорад, чи бирасад ба супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ.
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ се нафар гунгу ношунаво таҳсил доранд: як нафар дар шуъбаи ғоибона ва ду нафар дар шуъбаи рӯзона. Омӯзиши фанҳои забонҳои тоҷикиву хориҷӣ, таърих, педагогика, психология ва дигар фанҳо бе мавҷудияти тарҷумон онҳоро даст намедиҳад. Яъне, ин ва дигар фанҳоро омӯхта наметавонанд. Бояд ёдовар бишавам, ки низоми таҳсилот дар ин муассисаи таълимӣ кредитӣ мебошад. Пас чӣ гуна бо гирифтани холҳои зарурӣ дар рейтингҳо ва супурдани имтиҳонҳо муваффақ мегарданд? Дар ин ҳол гунгу ношунаво гунаҳгор  нест. Ношунаво чун холи зарурӣ ба даст оварда наметавонаду дар имтиҳони ҷорӣ қарздор мегардад, бояд маблағи муайянро бисупорад, ки аз рӯи инсофу адолат нест.
Ҳамин тавр, дар панҷ соли таҳсил ӯ маълумоти олии касбиро намегирад.
Мо – шахсони солим ҳамеша дар бораи имрӯзу ояндаи худ меандешем, тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонем. Аз худ бипурсем, ки дар бораи онҳо бо дилсӯзӣ ва шинохти рисолати инсонӣ андешидаем? Агар ҷавоб мусбат бошад, чӣ корҳоро дар ин роҳ ба фарҷом расондаем. Не, посухамон мусбат нест ва амаламон низ. Ношунавоён, тавре дар мақола омадааст, ин гуна бепарвоию бераҳмии мо – масъулонро, ки солимем, хуб эҳсос мекунанд ва онро бо дард ва андуҳи зиёд мепазиранд.
Туфайли Истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориву роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат дар ин соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Тоҷикистон дар миёни ИДМ дувумин давлат, баъд аз Россия, мебошад, ки китоби ишораи худ, яъне миллиро баровард. Ба ҷуз ин, ба барномаи таълимӣ забони ишораро ворид сохт.  Луғату алифбои онро тартиб дод. Тамоми шароиту имкониятҳоро ба вуҷуд овард, ки ин забон чун забони муоширати давлатӣ эътироф бишавад. Мутаассифона, масъулон ё онро махсус нодида мегиранд ва ё ба моҳияти масъала ҳанӯз сарфаҳм нарафтаанд. Дар натиҷа зарари ин ҳама ба ношунавоён мерасад. Дар ҳоле, ки онҳо шаҳрвандони кишвари моанд ва дар гунгу ношунаво шуданашон худи мо - солимон гунаҳгорем. Барои ҳалли ин масъала Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле талош дорад, аммо пешниҳодҳояшонро мисли ин аст, ки қасдан намепазиранд.
Масъалаи дигаре, ки дар мақола мавриди баррасию таҳлил қарор гирифтааст, аз гурӯҳи сурпедагогика – информатика ба дигар гурӯҳ гузаштани донишҷӯён пас аз ду-се соли таҳсил мебошад. Ин дарду доғ, мутаассифона, на танҳо вуҷуд дорад, балки сол ба сол меафзояд. Дар ин сурат мо наметавонем, ки мутахассисонро  барои мактабҳои махсус омода бисозем.
Давлат барои ин гуна ихтисосҳои махсус ҳамасола ҷой ҷудо мекунаду маблағ. Яъне, онҳо буҷавианд, то нафароне, ки соҳаи мазкурро интихоб мекунанд, ройгон таҳсил бинамоянд. Аммо онҳо магар ин соҳаро интихоб месозанд? Не. Ҳатто дар бораи он тасаввурот надоранд. Холҳояшон, ки камӣ мекунанду ба ин соҳа мувофиқ меоянд, довталабонро мегузаронанд. Ба онҳо гурӯҳи наздиконашону «ёрирасонҳояшон» мефаҳмонад, ки пас аз ду-се соли таҳсил дар дигар гурӯҳ хонданро идома медиҳанд. Ва ҳамин тавр ҳам мекунанд. Ҳол он ки мо барои тайёр карданашон ду-се сол заҳмат кашидаему ранҷамон барабас меравад. Пеши роҳи инро гирифтан мумкин аст. Чӣ гуна? Ҳамаи муҳассилини ин гурӯҳ бенавбат бо хобгоҳ таъмин ва онҳо аз супурдани маблағи зист озод гарданд. Инчунин, идрорпулӣ ва ё стипендияашон аз донишҷӯёни дигар гурӯҳҳо бояд зиёдтар бошад. Дар оилаҳои ношунавоён фарзандони солим ё худ шунаво ба дунё меоянд. Агар ба ин фарзандон имкону имтиёз фароҳам биёрем, ки дар гурӯҳи мазкур таҳсил намоянд, ба манфиати кору соҳа мебуд. Чунки ин фарзандон забони ишораро дар муҳити оила аз худ намудаанд ва бо як меҳру дилсӯзӣ ба ин қишр дар мактабҳо менигаранду фаъолият менамоянд. Барои мо – мутахассисон ба онҳо дарс гузаштан осон мегардад ва ҳам ин гурӯҳ метавонанд, ки чун мутахассисони асилу варзида ба воя бирасанд. Ҳамроҳи онҳо агар чанд ношунаво дохил бишаванду таҳсил бикунанд, таълиму омӯзиш пурсамар мегардад. Яъне, байни ношунавоёну шунавоёни оилаҳои ношунавоён муоширати хубу пурманфиат ба вуҷуд меояд. Соли равон аз ин гурӯҳ 10 нафар оид ба масъалаи мазкур муроҷиат намуд. Мутаассифона, бо сабабҳои зикргардидаву маълум ҳеҷ ёрие расонда натавонистам.
Масъалаи омода кардану таълими тарҷумонҳо бояд дар маркази диққат қарор бигирад. Дар баъзе ҷойҳо зарур аст, ки чанд тарҷумон соатҳои муайян фаъолият дошта бошанд, то ҳамдигарро иваз карда тавонанд.
Муаллиф барҳақ иброз медорад: «Мо аз терроризму экстремизм бисёр хавф дорему мегӯем, аммо намеандешем, ки ин қишр барои гурӯҳҳову ташкилотҳои ифротӣ луқмаи осону арзон ва фурӯбар шуда метавонад. Худо накунад, ки онҳоро ба иҷрои мақсадҳои нопокашон ҷалб созанд». Хушбахтона, алҳол чунин маълумот вуҷуд надорад, ки ин қишр ба гурӯҳҳои мазкур дохил шуда ва ё аз онҳо истифода карда бошанд. Аммо ношунавоён чун бо намояндагони тамоми миллатҳову кишварҳо бо забони ишора сухан мекунанд, бешак, ҷалб мегарданд. Ҷалб ҳам гардида буданд, аммо ман ба онҳо фаҳмондам, ки ба ин гуна даъватҳо бовару эътимод нанамоянд. 
Хуллас, «Агар ношунаворо намешунавем...», ба нафъи мо, кишвар, миллат нест. Мо - мардуми солим, хосса масъулон, барои шуниданашон вазифадорем ва ҷавобгар низ. 
Саттор ҚУВВАТОВ,
мутахассиси забони ишора


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2019    №: 79    Мутолиа карданд: 200

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед