logo

сиёсат

АСРИ XXI. ҚАҲРАМОНҲОЕ, КИ НОМАШОН ҶОВИДОН МЕМОНАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон, зиёиён ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия зикр намуданд, ки ба шарофати хоҳишу талошҳои дуҷониба миёни ду халқи бародар ва ду кишвари дӯст 16 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки дар таърихи беш аз ду даҳсолаи охир дастоварди бесобиқа аст.
Воқеан, ин дастоварди бузургест дар муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ду миллати бо ҳам дӯсти тоҷику ӯзбек. Мо – сокинони ҷумҳуриҳои соҳибистиқлоли Тоҷикистону Ӯзбекистон чандин солҳо чунин муносибати ҳасанаро интизор будем. Вақте ки 9 марти соли 2018 дар байни ин ҷумҳуриҳои бародар 27 созишнома ба манфиати халқҳои тоҷику ӯзбек ба имзо расиду симхорҳои байни кишварҳо аз хати сарҳадҳо бардошта шуданд, хурсандии мардум андоза надошт. Дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ тоҷикону ӯзбекон ашки шодӣ мерехтанд, ҳамдигарро ба оғӯш мекашиданд, суруд мехонданду мерақсиданд. 
Имрӯз мо беҳад аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев хурсандем, ки тафриқаандозиро дар байни миллатҳои тамаддунофарини тоҷику ӯзбек аз миён бардоштанд. Айни замон, дар Ӯзбекистон мактабҳои тоҷикӣ аз нав фаъол мешаванд, забони тоҷикӣ мавқеи пешинаашро касб менамояд, тоҷикон ба корҳои давлатӣ пешбарӣ ва таъйин мегарданд, вакил интихоб мешаванд. 
Дар Ӯзбекистон ҳар як тоҷик медонад, ки баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон барқарор намудани сулҳ, ваҳдати миллӣ, баргардондани гурезаҳои иҷборӣ чӣ мушкилиҳое доштанд, вале иродаи мустаҳками Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки сулҳи сартосарӣ ғалаба намояд. 
Имрӯз мо дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Рашту Кӯшониён, Вахшу Қубодиён, Панҷу Шаҳритуз, Ҷайҳуну Дӯстӣ дигаргуниҳои бузурги иҷтимоиро дида, аз пешрафту ободӣ, сохтмонҳои муҳташам, бунёди қасрҳои фарҳанг, иншооти варзишӣ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои васею мумфарши сатҳи байналмилалӣ, боғҳову хиёбонҳои ғарқи гулҳои ҳарранга, дарахтони аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон оварда, фаввораҳо ангушти ҳайрат мегазем. Танҳо тамошои майдонҳои Исмоили Сомонӣ, Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон касро ба олами ифтихор мебарад. Ҳар сокини Ӯзбекистон, ки меҳмони пойтахти тоҷикон мешавад, ҳатман ба Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Алишери Навоӣ меояд ва дар назди ҳайкалҳои ду дӯст - устоду шогирд Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ як лаҳза таваққуф намуда, таърихи гузаштаву имрӯзаро ба ёд меорад ва ба сарварони халқпарвари ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев арҷ мегузорад, ки чунин муҳити озод фароҳам сохтаанд. 
Мардуми одии Ӯзбекистон аз Худованди бузург шукргузоранд, ки ба сарварии Тоҷикистону Ӯзбекистон мардони халқпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ато намудааст. Онҳо тавонистанд ду миллати ҳамсояро боз ба ҳам оранд, решаи нифоқро баркананд, ниҳоли дӯстӣ биншонанд. 
Мо - сокинони деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути радио шунидем, ки Ҷамъияти ӯзбекони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар шаҳрҳои Бохтар, Ваҳдат ва ноҳияҳои Лахш, Рӯдакӣ, Вахш, Панҷ ҷаласаҳо доир намуда, самари талошҳои ин ду абармардро тарғибу ташвиқ мекунанд. Аз шунидани ин хабари хуш 35 ҳазор нафар тоҷики деҳа ашки шодӣ рехт. 
Бигзор оламиён бифаҳманд, ки барои мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев воқеан қаҳрамонони асри ХХI мебошанд.   
 
Исомиддин АСЛОНОВ, 
узви ҷамъияти «Сипари Ватан»,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Равшанбӣ ҒОИБНАЗАРОВА,
сокини деҳаи Чодак, ноҳияи Поп, 
вилояти Намангон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2019    №: 79    Мутолиа карданд: 249

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед