иҷтимоиёт
РИСОЛАТИ МАРД - ХИДМАТ БА МАРДУМ
Аз сарлавҳаи ин меҳрномаи мо хонандаи азизи рӯзномаи «Ҷумҳурият» шояд пурсон шавад, ки чунин фанне ҳам ҳаст? Мо мегӯем, бале. Мактабу муаллими ин фан дили одамони наҷибест, ба монанди марди хайрхоҳ, омӯзгори асил Рустамҷон Ҳасанов.
Номбурда зодаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич буда, номашон дар байни сокинон ба некӣ ёд мешавад. Эшон дар байни мардум бо фазилат, донишу фаъолият маҳбуб гашта, дар ҷодаи накӯкорӣ пайравону шогирдони худро доранд, ки ман низ аз ҷумлаи онҳоям.
Устод дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кору фаъолият бурдаанд. Лек он касро ман, пеш аз ҳама, ҳамчун як омӯзгори беҳтарин шинохта, барои дар ҳамин касб ба сатҳи баланд расидан ва садоқаташон эҳтиром ва пайравӣ кардаам.
Рустами дастон агар марди майдон буд, қаҳрамони мо Рустами майдони илму адаб ва маорифанд. Мактабро ҳамчун роҳбар ва омӯзгор ба хонаи ҳақиқии шогирдон табдил дода тавонистанд. Бо талошҳои он кас мактаб маконе шуд, ки бештари хонандагон бо меҳр ба оғӯшаш меомаданд ва бо анбонаи пур аз дониш бармегаштанд.
Аз соли 2002 фаъолияти роҳбарии Рустамҷон Ҳасанов бо таъйиноти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Овчӣ (ҳоло Ваҳдат) оғоз ёфт. Акнун на фақат масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандони диёр ба дӯшашон буд, балки зиндагии мардум, истеҳсолоти хоҷагии халқ, ободонии деҳот ба кордонӣ, ташаббускории мавсуф марбут буд.
Вале, меҳри таълиму тарбияи насли наврас боз ӯро ба даргоҳи мактаб овард ва то ба нафақа баромадан, омӯзгорӣ карданд. Ҳоло ҳам аз таҷрибаю малакаи касбиашон истифода мебаранд. Дар мактаб чун муаллим - равоншинос фаъолият мебаранд. Равоншиносӣ дар як вақт ташаккул додани хислати одамгарист. Худи кору амали омӯзгор ба ин мақсад мувофиқ аст. Ба ин хотир ӯро устоди фанни некӣ номидем.
Рустамҷон Ҳасанов ба шогирдон дарси саховатмандӣ, садоқатмандӣ ва ватандӯстӣ медиҳанд. Пеш аз ҳама худашон намунаи ибрат шуда, ҳар вақт барои мактаб китобу ҷиҳозҳои зарурӣ армуғон менамоянд. Дар соли таҳсили 2018 – 2019, дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай ба дабистон аз тарафи он кас телевизиор, 2 принтер, 2 компютер, 15 банд коғази чопӣ ҳадя гардид.
Чунин амалҳои хайрхоҳонаашон намунаи ибрати дигарон аст. Мо нек медонем, ки устоди азиз ҷавонмардона ҳар шаб қабл аз хоб аз худ мепурсанд, ки имрӯз чӣ некие ба мардум кардам. Ин мазмунро шоири зиндаёд Абулқосими Лоҳутӣ чунин ба қалам додааст:
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
К - имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ?
Умар ҚУРБОНОВ,
директори МТМУ № 7, деҳаи Басманда
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.04.2019 №: 82 Мутолиа карданд: 399