Хабарҳо
Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд
Interfax.ru. Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ оид ба Сурия Гейр Педерсен аз раванди наздикшавии мавқеи ҳукумати кишвар ва мухолифон дар ташаккули кумитаи конститутсионӣ хабар дод.
"Метавон гуфт, ки мавқеи ҷонибҳо доир ба бисёр масъалаҳои баҳснок наздиктар шуд. Алъон зарурати механизмҳои мутавозии ҳамраисӣ, қабули қарорҳо, нақши СММ ва як идда масъалаҳои дигарро ҷонибҳо дарк месозанд", - зикр намуд Педерсен дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ.
Ӯ ҳукумати Сурия ва мухолифонро ба созиш ҷиҳати мувофиқаи ниҳоии ҳайат ва ваколати кумитаи конститутсионӣ даъват намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 413