Хабарҳо
Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд
Синхуа. Дар он мушкилоти умдаи дипломатияи мардумӣ дар вазъияти ҷаҳонишавӣ баррасӣ гашт, ки як навъ ҷамъбасти таҷрибаи дар ин самт андӯхтаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай шуд. Ин нуктаро директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон Раҳматулло Назаров ироа намуд.
Миёни иштирокчиёни ҳамоиш доир ба имконоти дипломатияи мардумӣ дар тавсеаи ҳамкории минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Мушовири сиёсии Сафорати Чин дар Ӯзбекистон Чжан Вэн Чуан аҳамияти робитаҳои густурдаи бародарии шаҳрҳо, низоми муовизаи байналмилалӣ дар соҳаи илм, фарҳанг ва санъат, ҳамчунин, байни созмону ҳаракатҳои ҷамъиятиро таъкид сохт. Аз ин хотир, иртиботи хуби байни Тошканду Шанхай, Сиан ва Самарқанд, Лоян ва Бухороро мисол овард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 202