logo

иқтисод

 ИМТИЁЗҲО. АЙБ ДАР ОШ АСТ Ё ДАР МОШ?

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорону соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиёти кишвар як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ муқаррар гардидаанд. Махсусан, корхонаҳои истеҳсолии навтаъсис дар соҳаҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ, тавлиду фурӯши либосҳои мактабӣ, доруворӣ ва коркарди нахи пахта, аз пардохти баъзе намудҳои андоз озоданд. Огоҳӣ ва бархӯрдории соҳибкорон аз ин имкониятҳо ба манфиати худи онҳо ва иқтисоди мамлакат мебошад. Бинобар ин, суоле ба миён меояд, ки магар ҳамаи соҳибкорон аз ин имтиёзҳо огоҳанд ва аз онҳо баҳра мебардоранд?
 
Пӯлодҷон Юсуфӣ, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин бора гуфт, ки дар ҳақиқат, то ҳанӯз баъзе соҳибкорону хоҷагидорон аз имтиёзу сабукиҳои муқарраркардаи Кодекси андоз ба таври зарурӣ огоҳ нестанд ва, бинобар, ин аз онҳо на ҳама вақт истифода мебаранд.
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи имтиёзҳои муқарраргардида, корхонаҳои истеҳсолу фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ва томактабӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озоданд. Ҳамзамон, корхонаҳои дӯзандагие, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати мамлакат тасдиқ менамояд, ҳангоми ворид намудани ашёи хом (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ин намуди андозро намесупоранд.
Шаҳло Бурҳонова, роҳбари корхонаи дӯзандагии «Зебо - 75» - и ноҳияи Шаҳритуз, аз ин имтиёз огоҳ набуданашро иқрор дошта, гуфт, ки корхона шаш намуди андозро пардохт менамояд. «Зебо - 75» барои хонандагону омӯзгорон, кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ, савдогарон ва корхонаҳои дигар мувофиқи шартнома сарулибос омода мекунад.
Фирдавс Мирзоев, роҳбари коргоҳи дӯзандагии «Сумая» - и ноҳияи Лахш, гуфт, ки аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ бархӯрдор аст. Аммо дар бораи озод будани корхонаҳои дӯхти либоси мактабӣ аз андоз аз арзиши иловашуда изҳори бехабарӣ намуд.
Ҷойи зикри махсус аст, ки давра ба давра зиёд гардидани имтиёзҳои андозӣ ба рушди истеҳсолоти дохилӣ мусоидат намояд ҳам, ба воридоти маблағҳои андоз ба Буҷети давлатӣ, инчунин, ба вазъи молиявии соҳибкорони аз имтиёзҳо бехабар таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, огоҳии саривақтии истеҳсолкунандагони ватанӣ аз имтиёзҳои давлату Ҳукумат хеле муҳим аст.
Тавре аз Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз соли 2013 инҷониб ҳаҷми манбаъҳои андозбандие, ки нисбат ба онҳо имтиёзҳои андозӣ татбиқ шудаанд, ба 13,2 миллиард сомонӣ баробар гашта, 30,3 дарсади маблағи андозҳои дохилии дар ин давра ба буҷет воридгардидаро ташкил медиҳад. Соли 2013 ҳаҷми маблағи имтиёзҳои истифодашудаи андозӣ 522 миллион сомониро ташкил дод. Соли гузашта бошад, ин нишондиҳанда ба 3,3 миллиард сомонӣ расидааст. Инчунин, пас аз ворид намудани тағйирот ба кодексҳои андозу гумрук шумораи имтиёзҳои барои соҳибкорону сармоягузорон пешбинишуда аз 71 номгӯи 2017 соли гузашта ба 97 номгӯй расид.
Абдулмубин Ҷӯраев, сармуҳосиби ҶДММ «САТН», ки корхонаашон ба коркарди нахи пахта ва истеҳсоли либосворӣ, аз ҷумла шиму костюми ҷинс, машғул аст, гуфт, ки аз имтиёзҳои андозӣ огоҳанд, вале аз онҳо истифода намебаранд, зеро мувофиқи моддаи 313 Кодекси андоз ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 имтиёзҳо барои корхонаҳои навтаъсис муқаррар шудаанд.
- Пас аз тағйирот ба моддаи мазкур дар соли 2018 ба корхонаҳои амалкунанда низ имтиёз дода мешавад. Бо мақсади дастрасӣ ба ҳамин имтиёзҳо, корхонаи «САТН» ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кард. Айни замон ҷавоби мусбати вазоратро интизорем, то ба рӯйхати имтиёздорон ворид шуда, корро дар самти истеҳсолӣ ҷоннок намоем, - гуфт Ҷ. Абдулмубин.
Иброҳим Ғафуров, директори генералии ҶДММ «Ҷавонӣ», дар ин бора, гуфт, ки мо аз имтиёзҳо огоҳ ҳастем.  Аммо дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба мо мегӯянд, ки дар ҳолати насохтани силсилаҳои навбатӣ (тавсеаи истеҳсолот, таъсиси коргоҳҳои нав) корхона аз ин имтиёзҳо бархӯрдор нахоҳад гашт. Нофаҳмӣ дар он аст, ки дар моддаи болозикр ин ҷиҳатҳо дарҷ нашудаанд. Айни замон ба ҷавоби мусбати вазорат умед мебандем, зеро истифодаи имтиёз метавонад иқтидори истеҳсолиро боз ҳам зиёд гардонад.
Корхонаи «Ҷавонӣ» алҳол беш аз 1000 тонна нахи пахтаро то марҳилаи ниҳоӣ коркард карда, бо бренди «Made in Tajikistan» мол истеҳсол менамояд, ки дар баробари фурӯш дар бозори дохилӣ ба ИМА, Италия, Россия ва кишварҳои дигар содирот мешавад.
Тибқи моддаи 313 Кодекси андоз, корхонаҳои навтаъсис ва амалкунанда аз 6 намуди андоз озоданд. Панҷ намуди ин имтиёзҳо дар дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ низ муқаррар шудаанд.
Содиқ Исмоилзода, сармутахассиси раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, гуфт, ки аз 18 корхонаи ресандагии дар ҷумҳурӣ фаъолияткунанда 12 корхона аз ин имтиёзҳо бархӯрдор буд. Ҳоло нисбат ба 5 корхона имтиёз қатъ карда шудааст ва 5 корхонаи дигар дар марҳилаи истифодаи имтиёзҳо қарор доранд. Аз инҳо 2 корхона то ҳол силсилаҳои навбатиро насохтаанд. 6 корхонаи боқимонда - «Самари Восеъ», «Нуртеҷи Хуҷанд», «Вализода Мастчоҳ», «Бофандаи Норак», «САТН» ва «Ҷавонӣ» хоҳиши сохтани силсилаҳои навбатиро накарданд.
Корхонаҳои истеҳсолии «Неку Хуҷанд», «Файзи Истиқлол», «Спитамен Текстайлз», «Олим Текстайлз» ва «ХИМА Текстайлз» пештар аз ин имтиёзҳо бархӯрдор буданд. Аммо ин корхонаҳо дар замони буҳрони молиявӣ таъсис ёфта, талаботи имтиёзро иҷро карда натавонистанд, аз ин рӯ, имтиёзашон қатъ карда шуд. Баҳсҳои байни онҳо бо кумита дар ҳалли масъалаҳои молиявӣ то ҳол идома доранд. Чунин истифодабарии имтиёзҳоро дар мисоли ҶДММ «ХИМА Текстайлз» мебинем. Корхона соли 2008 бо сармоягузории 13,4 миллион доллари ИМА таъсис ёфта, бо иқтидори коркарди 2000 тонна нахи пахта ва бо фарогирии 170 коргар фаъолият мекард. Имтиёзҳои гирифташудаи корхонаи мазкур 543,6 ҳазор сомониро ташкил дод, вале аз сабаби аз уҳдаи иҷрои талаботи имтиёзҳо, яъне бунёди сехҳои иловагӣ набаромадан, бо қарори муштараки Кумитаи андоз ва Вазорати молия маблағи имтиёзҳои истифодашуда бо фоидаю ҷаримаҳояш (ба маблағи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ) аз нав ҳамчун қарзи корхона ҳисоб карда шуд ва ин ҳолат боиси муфлисшавии корхонаи истеҳсолии ватанӣ гардид.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки имтиёзҳои дар моддаи 313 муқарраршуда барои ҳалли масъалаҳои молиявии корхонаҳо таъсир намерасонанд, яъне суде надоранд. Гузашта аз ин, насохтани силсилаҳои навбатӣ ва хавфу таҳдидҳои бозситонии  маблағи имтиёзҳои додашуда бо ҷаримаҳояш, дар ҳақиқат, дилхоҳ соҳибкорро дилсард мекунад, яъне ба таъбири халқӣ - “на пӯсти хирс мехоҳам, на чашми кандагӣ”.
Ба корхонаҳои навтаъсис, ба ғайр аз шиддати рақобати бозор, боз  хавфҳои нарх ва рақобати корхонаҳои бузурге, ки бо сабаби ба кор даровардани хатҳои нави технологӣ иқтидори истеҳсолиашон баланд ва арзиши аслии маҳсулоташон паст аст, таҳдид мекунанд. Гузашта аз ин, конюктураи талаботи маҳсулот дар бозори истеъмолӣ тез - тез тағйир меёбад ва чунин шуданаш ҳам имконпазир аст, ки бо сабаби вазъияти бамиёномада дар шароити тиҷорат, ки тахминан ҳар 4 сол самтҳои нав пайдо менамояд, соҳибмулк бо сабаби зиён ва ба фурӯш нарафтани маҳсулот фаъолияташро коҳиш медиҳад ё умуман, қатъ мекунад. Дар чунин шароит чӣ гуна соҳибкор силсилаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда тавонад?  Маҳз дар ин ҳолатҳо имтиёзҳо бояд ба соҳибкор кумак намоянд. Бунёди силсилаи нави истеҳсолӣ бояд дар муҳлати тӯлонӣ, баъди ба пой рост шудани корхона сурат гирад. Ва имтиёзҳо бояд устувору муассир бошанд, яъне санаду меъёрҳои дигари ҳуқуқӣ пеши роҳи амали онҳоро гирифта натавонанд.
Пӯлодҷон Юсуфӣ, муовини раиси Кумитаи андоз, иброз дошт, ки аз ин лиҳоз, дар доираи қонунгузорӣ танзими дурусти татбиқи имтиёзҳои андозӣ муносибатҳои андозию буҷетиро устувору шаффоф гардонда, ба  истифодаи самараноки онҳо мусоидат менамояд. Ин амал раванди сармоягузориро низ ба низом дароварда, ба миён омадани рақобати нобаробару носолимро пешгирӣ месозад ва дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ, ҷамъоварии пурраи даромадҳои андозӣ ва таъмини буҷети давлатӣ заминаи боэътимод мегузорад.
Ба андешаи мо, кормандони вазорату идораҳои масъул бояд имтиёзу сабукиҳои барои соҳибкорон муқарраргаштаро зимни суҳбату вохӯриҳо, ҳамчунин, дар сомонаҳои интернетӣ бояд эълон намоянд ва шарҳу эзоҳ диҳанд, зеро имтиёзҳо бо мақсади рушди истеҳсолот, соҳибкорӣ ва иқтисодиёти мамлакат пешбинӣ мешаванд. Рушди иқтисод дар навбати худ шукуфоии воқеии мамлакат аст ба нафъи ҳам соҳибкор, ҳам аҳолӣ ва ҳам Буҷети давлатии Тоҷикистон. Агар имтиёзҳо дуруст истифода шаванд, дар оянда бо рушди истеҳсолот буҷети мо хеле ғанитар ва таъсири муваққатии онҳо ба ҷамъоварии андоз чандкарата ҷуброн мешавад.
 
Шаҳбоз АБРОР,
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.05.2019    №: 85    Мутолиа карданд: 234

20.05.2019


 "ФОРМУЛА – 55". ЯК ИҚДОМИ НАҶИБ

 ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН: МУНТАХАБҲОИ ИШТИРОКЧӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

 ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ" ПЕШСАФИ ЯГОНА

 ДАР НАЗДИ АҲРОМҲОИ МИСР ТАРКИШ БА АМАЛ ОМАД

 ВАКИЛИ РАДАИ ОЛӢ ТАЛАФОТИ УКРАИНАРО АЗ КОҲИШИ СОДИРОТ БА РОССИЯ $80 МИЛЛИАРД ШУМУРД

 ГУФТУШУНИДИ ТИҶОРАТИИ БАЙНИ ИМА ВА ЧИН БОЗДОШТА ШУД

 НАТИҶАИ «ЕВРОВИДЕНИЕ - 2019» - РО МЕТАВОНАНД БЕКОР СОЗАНД

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед