logo

фарҳанг

 МАСЪУЛОН ГӮШИ ҲАҚШУНАВ НАДОРАНД

(Ҳамовозӣ ба матлаби Абдулқодири Раҳим)
Матлаби Абдулқодири Раҳим бо номи «Озмоишгоҳи мусиқӣ, яъне чӣ?», ки дар «Ҷумҳурият» 12 апрели соли равон ба табъ расидааст, воқеан, проблемавӣ ва қобили мулоҳиза мебошад. Ҳамчун мутахассиси соҳаи  мусиқии касбӣ зарур мешуморам, ки андешаҳоямро дар атрофи он баён бидорам.
Ин мушкилот на танҳо маро, балки ҳамаи ҳамкасбон ва онҳоеро, ки мусиқии асилро дарк мекунанд, солҳо инҷониб ба ташвиш овардааст. Дар ин хусус, дар матлабҳои банашррасондаам ва суҳбатҳои касбӣ борҳо бо ибрози фикрҳо пешниҳодҳо низ намудаам. Мутаассифона, ин ҳама об дар  ҳован кӯфтанро мемонд. Масъулон ё ба моҳияти масъала ва мушкилот сарфаҳм намерафтанд ва ё қасдан онро нодида мегирифтанд. Аз ин ҳама, албатта, миллат зарар медид. Зарари он дар коҳиш ёфтани завқи мусиқии мардум маълум мегардад. Ҳамин буд, ки дар рушди ин соҳа камтар саҳм гирифта шуд.
Коҳиш додани завқ ва куштани он як навъ ҷиноят маҳсуб мегардад. Ин қадар ҳаст, ки онро дарнамеёбанд ва барояшон ҷазо муқаррар нашудааст.
Ноҷӯр сароидану ноҷӯр навохтану ноҷӯр шунидан як чизи одиву маъмулӣ мебошад. Бешак, аксар ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Як гурӯҳи зиёд ин ноҷӯриро эҳсос наменамоянду намефаҳманд. Гурӯҳи дигар бо ин одати дерин бетафовутанд, чун медонанд, ки ба эроду пешниҳодҳояшон диққат намедиҳанд ва барои ислоҳи ин камбудиву норасоиҳои ҷойдошта тадбир намеандешанд. Вале то ба кай бояд чашм бипӯшему дидаро нодида бигирем? То ба кай муқаддамтар ё худ наранҷидани чанд нафарро бар ҳама чиз, бар ҳама кас, ҳатто ба арзишҳои бузурги миллат тарҷеҳ медиҳем? Не, миллат ба чунин муаррифии нодурусту беҳунарона ҳеҷ ниёзе надорад. Санъату ҳунари асили он ба ин худхоҳӣ дар ягон давру замон барои лаҳзае ҳам созиш накардаву намекунад.
Ифтихор ба он менамоем, ки миллати қадимаву мутамаддинем. Яъне, мо бо ниёгон, гузаштагонамон мавриди шинохту эътирофи оламиён шудаем. Бо ин вазъ, муносибат оё ояндагон моро эътироф мекунанд? Мо барои ифтихорашон дар ин самт кореро ба фарҷом расондаем? Чаро посухамон мусбат нест?
Ин масъалаву мушкилотро мо – мутахассисон бо эҳсосу дилсӯзӣ бояд ба миён мегузоштем. Вале ҳама хомӯшиву бетарафиро пеша кардем. Он гуна хомӯш гардидем, ки гӯё он ҳеҷ вақт вуҷуд надошт. Муаллиф дуруст таъкид мекунад: «Таъсису бунёди чунин озмоишгоҳи бузургу замонавӣ барои миллат аз манфиат холӣ нест. Дар он тамоми созҳои миллии муассисаҳои ҳунариро метавон ҷӯр ва таъмиру тармим намуд. Ноҷӯрӣ ва фарсудаву куҳна гардидани созҳо монеи навохтани хуб, боло рафтани завқ ва сатҳи мусиқифаҳмии миллат мешавад».
Бо илова бояд изҳор дошт, ки тамоми оркестру гурӯҳҳои ҳунарии мо ноҷӯр менавозанд. Ин ба он сабаб аст, ки созҳо аз устоҳо ва фабрикаҳои гуногуни кишварҳои дунё харида шудаанд. Мамлакатҳои пешрафта ҳаргиз мисли мо ба ин гуна иқдоми нодуруст рӯ намеоранд. Дар ин ҳол ҷӯр кардану ҷӯр навохтан ҳунармандро даст намедиҳад.
Баъзе аз устоҳои мо мусиқиро мефаҳманд ва ё шунавоии мусиқӣ доранд. Дар пардабандӣ ва тақсими овозҳо ба ҳангоми тарошидани созҳои миллӣ камтар ба хато роҳ медиҳанд. Гурӯҳи дигар аз ин устоҳо чунин дарку фаҳмишро надоранд ва барои ҷӯр будану тақсими пардаҳо як масофаи заруриро интихоб менамоянд. Агар ҳам барои як оркестр ва гурӯҳи ҳунарӣ аз чанд усто созҳои миллиро бихаранд, дар навохтан ноҷӯрӣ эҳсос мегардад. Яъне, ба ин муваффақ шуда наметавонанд, ки ҷӯр бинавозанд. Мутаассифона, созҳои мусиқии ҳамаи гурӯҳҳои ҳунарии мо аз чанд усто  ва фабрикаҳои гуногунанд. Дар алоҳидагӣ имкони ҷӯр навохтани онҳо вуҷуд дорад, аммо дар якҷоягӣ бо ҳам ҷӯр намешаванд. Аз бозе, ки худро ҳамчун донандаи мусиқӣ ва ин соҳа мешиносам, боре надидаву нашунидаам, ки дар оркестру гурӯҳҳои ҳунарӣ чанд ғижак дар якҷоягӣ ҷӯр навохта бошанд. Оре, бо ин ки хати навозиш, меъёрҳо муқаррар гардидаву мутахассисон онҳоро идора менамуданд. Бо  роял ҳам ҷӯр нестанд. Дирижёр ҳарчанд дар ин маврид кӯшиш ба харҷ медиҳаду мефаҳмонад, муваффақ шуда наметавонад.
Намедонам, барои ислоҳи вазъ аз чӣ бояд шурӯъ кард ва чӣ тавр. Муҳаққиқон, олимон бояд сарриштаи корро барои ҳалли дурусти масъала биёбанду андешаҳояшонро иброз бидоранд. Зарур аст, ки дар ин хусус бияндешанд. Ин мушкилот мушкилоти бисёр муҳими кишвар маҳсуб мешавад, ки ҳаллашон ногузир мебошанд. Бо ин ҳол овозхонҳо низ ноилоҷ ноҷӯр месароянд. Дар бораи ноҷӯрии навозишу сароидани худфаъолони театрҳову қасрҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳоҷате ба сухан гуфтан намемонад.
Кишварҳои пешрафта, махсусан Аврупо, созҳои мусиқиро аз кишварҳои дигар намехаранд. Онҳоро худашон истеҳсол мекунанд. Дар баъзе аз кишварҳои Шарқ низ аз созҳои миллии худ истифода менамоянд. Чаро? Чунки хусусиятҳои оҳангҳои миллӣ, тарзи иҷроиши онҳоро барои мутрибонашон мешиносанду ба эътибор мегиранд.
Охири солҳои 60-уми асри гузашта дар Консерваторияи миллии Ӯзбекистон таҳсил мекардем. Як дутори хурдро аз кишварамон бурда будам. Онро дар дастам чун сарвари озмоишгоҳ ё худ лаборатория дид, хоҳиш кард, ки барои омӯзиш ба ӯ бидиҳам. Яъне, ба ин масъала, масъалаи сохтани созҳо, таҷдиду дар дигар шакл бо ба инобат гирифтани имкониятҳо ва тағйироти овозӣ пешниҳод намудан, бо шинохти масъулият диққати ҷиддӣ медиҳанд. Баъдҳо ба оркестрҳо гурӯҳҳои ҳунарӣ созҳои дуторбас, рубоббас ворид гардиду мавқеъ пайдо карданд. Ман шоҳиди он будам, ки ҳамон солҳо дар ин лаборатория барои оркестри студияи Консерваторияи миллӣ 15-20 сози мусиқӣ сохта буданд, вале аз чӣ бошад, ки дар гузарондани экспертиза ё худ ташхис ҳеҷ бо якдигар ҷӯр намешуданд. Сабаби ноҷӯрии созҳоро лаборатория муайян намуд, ки устоҳо аз се намуди дарахт: зардолу, тут ва бед онҳоро сохтаанд.
Роҳбарони оркестрҳо, албатта, дар вақти хариди созҳои мусиқӣ бояд ба сертификати барориши он таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Сози мусиқӣ аз як дарахт, дар як устохона сохта, бо гузарондани экспертиза бояд ба фурӯш бароварда шавад.
Магар аз худ пурсидаем ва ё мепурсем, ки мо – тоҷикон дар сад сол чи созҳоеро сохтаему пешниҳод намудаем? Не. Ин дар ҳолест, ки кишварҳоро, миллатҳоро раванди ҷаҳонишавӣ ба ташвиш овардааст. Онҳо саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, то мероси моддиву маънавияшонро ҳифз бикунанду соҳибӣ бинамоянд ва, ҳамзамон, бо ихтироот, таҷдиди созҳои миллияшон худро бештару беҳтар муаррифӣ бикунанд.
Ҳамин тавр, нашри ин мақолаи проблемавӣ дар «Ҷумҳурият» як шуълаи умедро дар дилам афрӯхт. Масъалаву мушкилоти мазкур чун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст, масъулони Вазорати фарҳанг барои ҳалли онҳо тадбирҳои  заруриро меандешанд. Ба ин хотир, ман ҳам бо мутолиаи он қарор додам, ки дар канор наистаму хомӯш набошам. Таъсиси озмоишгоҳи мусиқӣ барои кишвар, миллат ба хотири рушду такомули ҳунари миллӣ ва муаррифии бештари он бисёр муҳиму зарур аст. Бо таъсиси он, фикр мекунам, ки ин ҳама камбудиву норасоиҳои соҳаи мусиқӣ рафъ мегарданд. Дар ин маврид мо ба тарбияи дурусти шунавандагон ва мутахассисон муваффақ шуда метавонем.
Муаллиф дуруст ёдовар мешавад: «Истиқлолияти давлатӣ ва Сарвари давлат имкониятҳои зиёдеро фароҳам оварданд, то барои рушди фарҳанг ё худ ҳастии миллат хидмат бикунем, заҳмат бикашем ва саҳми арзанда бигирем». Пас, чиро ва ё киро интизорем?!
 
Холаҳмади МАҶИД,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2019    №: 91    Мутолиа карданд: 528

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед