logo

фарҳанг

"ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИН". ТОҶИКИСТОНРО ДАР ОН КӢ МУАРРИФӢ МЕНАМОЯД?

Дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ фасли 18 - уми озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” доир шуд.

Созмондиҳандагони озмун Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар ин амали хайр ба онҳо намояндагии ширкати “Хуавей” дар Тоҷикистон ёрӣ расондааст.
Бояд гуфт, ки даври навбатӣ пас аз марҳилаи интихобӣ миёни донишҷӯёни Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 100 нафар довталаб сурат гирифт. Дар даври интихобӣ сабқат миёни 25 нафар донишҷӯ доир гашт, ки танҳо 10 нафарашон тавонистанд соҳиби роҳхат ба марҳилаи асосӣ шаванд.
Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зимни суханронӣ иброз дошт, ки озмуни мазкур бо меҳнату заҳмати пурмаҳсули устодону шогирдон доир мегардад. “Ин ҷо месазад, ки аз хизматҳои шоёни омӯзгорони забони чинӣ дар роҳи пойдории муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин ёдовар шавем. Бо истифода аз фурсат ба кулли омӯзгорони чиние, ки дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд, изҳори ташаккур менамоем. Боиси хушнудист, ки дар  баргузории чунин озмунҳои сатҳи баланд Институти Конфутсий саҳмгузор мебошад”, - иброз дошт Муҳаммадюсуф Имомзода.
Лю Бин, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба довталабон муваффақият таманно намуда,  изҳор дошт, ки рушди босуръати омӯзиши забони чинӣ дар Тоҷикистон аз муҳаббати дӯстона ва равобити фарҳангии ҳазорсолаи миллатҳои мо сарчашма мегирад. “Ин раванд солҳои охир таҳти раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин равнақу ривоҷи бештар ёфта истодааст. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, ба наздикӣ  Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуда, дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд “Як камарбанд – як роҳ” бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин мулоқот намуданд. Роҳбарони ҳар ду давлат нақшаҳои навро оид ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ муҳокима карданд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки заминаҳои гузошташуда дар оянда барои донишҷӯёни ихтисоси забони чинии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити боз ҳам мусоидтарро фароҳам меоранд”, - гуфт Лю Бин.
Ҳамчунин, сафир ба толибилмони тоҷик  барномаи “Забони чиниро аз худ намуда, дар тамоми ҷаҳон дӯстони худро пайдо намо” - ро муаррифӣ кард. “Толибилмон низ метавонанд дар роҳи рушду пойдории муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин хизматҳои шоён анҷом диҳанд, - гуфт ҷаноби Лю Бин. - Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт кумаку дастгириҳои хешро дареғ нахоҳад дошт”.
Озмуни навбатӣ дар чор давр: намоиши рангин, рақобат дар чанд лаҳза (ба саволҳо зуд посух додан), сабқати шифоҳӣ (муҳокима) ва баландтарин қуллаи рақобат роҳандозӣ гашт. Дар даври намоиши рангин 10 довталаб дар бораи таҷрибаомӯзии хеш дар ширкатҳои чинӣ қисса намуданд. Аз марҳилаи якум 6 нафар тавонист, ки ба даври дувум роҳхат гирад. Дар ин давр довталабон на танҳо хушсалиқагиву заковати хеш, балки тӯли як дақиқа маҳорати ба саволҳои бештар посух доданро намоиш доданд. Ҳамчунин, дар ин марҳила маҳорати довталабон дар саҳна низ санҷида шуд. Аз ин давр 2 нафар довталаб натавонист ба  марҳилаи навбатӣ роҳ ёбад.
Сабқати шифоҳӣ дар шакли муҳокима баргузор гардида, дар он маҳорати суханронӣ ва қобилияти устуворона фикрронии довталабон мавриди озмоиш қарор гирифт. Аз уҳдаи иҷрои ин шарт ду нафар – Шоҳина Ҳалимова ва Умед Нозимов баромада, ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.
Даври баландтарини рақобат малакаҳои фарҳангӣ ва забондонии довталабон (забони чинӣ) - ро муайян месохт. Ҳамчунин, онҳо донишҳои худро доир ба таърих ва давлатдории Чин озмуданд.
Ҳамин тариқ, дар даври ниҳоӣ Шоҳина Ҳалимова донишу маҳорати бештар нишон дода, ғолибият ба даст овард. Акнун ӯ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуда, дар озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни довталабон аз дигар кишварҳои ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.
Ҷаноби Лю Бин мукофоти озмунро ба Шоҳина Ҳалимова тақдим намуда, барои муваффақияташ ӯро таҳният гуфт.
Бояд зикр намуд, ки тӯли чанд соли охир омӯзиши забони чинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумӯ намуда, ҳамчун кишвари минтақаи марзии “Як камарбанд – як роҳ”, дар кишвари мо шумораи ихлосмандони ин забон сол ба сол меафзояд. Ёдовар мешавем, ки аз соли 2010 инҷониб бо дархости Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Конфутсийи назди ДМТ 10 даври минтақавии Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни донишҷӯёни Тоҷикистон доир мегардад. Аз миёни довталабони мо, ки ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуда, дар ин озмуни байналмилалӣ  ширкат варзиданд, то имрӯз Илҳом Тагиров, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва Худойназар Ҷӯраев, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, миёни довталабони давлатҳои Осиёи Миёна дар солҳои 2015 – 2016 мақоми сеюм, Шабнам Шарифова, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, соли 2017 мақоми “Беҳтарин истеъдод” ва Ҳусайн Асозода, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи намунавиро ба даст овардаанд.
Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2019    №: 92    Мутолиа карданд: 175

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед