logo

фарҳанг

 ҲИФЗИ САРҲАД ҲИФЗИ ВАТАН АСТ


Басо рамзист, ки сарҳадбонон ба тан либоси сабз доранд. Зеро ин ранг дар ниёгони мо «содиқ ба анъанаҳои пешин» маънидод мешавад ва ҳам нишони амну осоиш аст, ки  муҷиби сабзиш мегардад. Анъана аз эътибор наафтод ва соли 1918 барои фарқ ниҳодан аз дигар неруҳо ба  сарҳадбонон иҷозат шуд, ки  кӯлоҳи қуббаи  сабздор бипӯшанд.  Аломати сарҳад сутунҳоеанд, ки бо рангҳои сурху сабз ороста ва  аз соли 1938 дар марзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо шуданд. Ҳарчанд аломати муайянкунандаи сарҳадро дар Бадахшон дар охири асри XIX гузоштаанд. Ҳарчанд таърих ёд дорад, ки нахуст аломатҳои марз бо бурҷу манораҳо дар даврони Ҳахоманишӣ, Сосонӣ ифода мешуданд.
Неруҳои сарҳадии тоҷик 25 сол аст, ки сарҳади пурвусъатро нигаҳбонанд. Яъне, ҷавон аст, вале ниёгонамон ба қавли Фаррухӣ аз қадим «бинои мулк ба теғу қалам қавӣ…» карданд.
Нахуститтиҳод, ки робитаи хунӣ ва таборӣ доштанд, марзу бумро ба василаи таҳамтаноне, монои Рустаму Суҳроб, Геву Тӯсу Исфандиёр ҳифз мекарданд. Ин гуна  вилоят ва кишвар  дар Авесто «даҳйу» номида шудааст, ки марзи муайян дошт.  Ба навиштаи Ғулом Доварӣ, дар  китоби муқаддас истилоҳи хiiaona  ба маънои «мардум» ва «хок, кишвар» низ омадааст .
Сарчашмаи муҳиме, ки дар боби 16  кишвар маълумот медиҳад, ҳамин «Авесто» аст. Дар  Видедват аз хосиятҳои мулкҳо сухан рафта аз марз ва марзбон низ ёд шудааст. Пасон, дар паҳлавӣ истилоҳи  ханак  вомехӯрад, ки хона ва маскан аст.
Аз нахуст давлатҳо бо атрибутҳои идорӣ дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадааст. Аз ҷумла, И. В. Пянков, тибқи нишондоди Ктесий, дар шумори аввалинҳо бохтариҳоро медонад, ки дар  маркази замин шаҳри Балхро бо девори баланд ва  дирафшҳои афрошта бунёд ниҳоданд. Аз ин рӯ, модари шаҳрҳо номида шудааст. Ҷомеаи ин давронро аз чор тоифаи  мавҷуд аристократияи  разманда сарварӣ ва ҳимоя мекард. Ва дар як давраи  мадид ҷумлаи давлатҳо бо  мавҷудияти ду тоифа: ободгарон (барзгарон ва ҳунармандон) ва ҷанговарон барҷо буд. Манзур ободгарон мебошад, ки шумораашон бештар аст, захира фаровон кунанд ва  размандагонро нигоҳ доранд, то кишвар аз душман табоҳ нашавад.
Пасон низ шоҳону волиён, ки худ ҷанговар буданд, дар даврони Ҳахоманишӣ ва Ашконӣ ба ҳифзи марз ва ҳимояи  мардум таваҷҷуҳи зарурӣ  медоданд.
Аз ҳуҷҷатҳои даврони Ашкониён, ки ба юнонӣ аст, истилоҳи «бумхватай» вомехӯрад . Бино ба пажӯҳиши Ҳ. С. Нуберг «бум» ба маънои «замин, хон» ва «хватай» ба маънои «ҷаноб ва хӯҷаин», дар маҷмӯъ «хӯҷаини замин» маънидод шудааст.
Истилоҳоти даврони Кӯшон ва  давлатдории  Сосониён: куноранг, каралраг, асворон, усворон, артиштарон, дижпат, аркапаат ва ғайра реша аз даврони пешин доранд, ки ҳамон  саворон, посбонон, дижбонон ва  посдорон мебошанд.
Дар Бундахшон омада, ки алайҳи Аҳриман Ҳурмузу неруҳои хушкор, накуроӣ ва сапеддоман офарид. Артиштар аз он ҷумла буд, ки накуҷомаи зарин, симин ва  гавҳарнишон дошт. Вазифаи ӯ душманонро аз миён бурдан ва  офаринишро посбонӣ кардан буд.
Дар ҳама фарҳангномаҳои пасин «марз, марзбон, сарҳад, сарҳадбон» ба як маъно омада, дар тӯли таърихи  дароз вазифа ва  масъулияташон тағйир наёфтааст. Ва марзбонони  тоҷик, ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «… чун сипари боэътимод шарафу номуси ватани аҷдодӣ ва парчами парафшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар марзҳои муқаддаси он… ҳифз менамояд».
 
Ҷонибек АСРОРИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2019    №: 96    Мутолиа карданд: 113

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед