logo

маориф

ХАТЛОН. 1287 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ КАБИНЕТИ ЛИНГАФОНӢ НАДОРАД

Дар шӯрои рушди маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ки бо ширкати мутасаддиёни ниҳодҳои дахлдор, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ ва мудирони шуъбаҳои маориф барпо гардид, ҷараёни тадриси забонҳои русӣ ва англисӣ, фарогирии омӯзгорон ба бозомӯзӣ, ҳолати бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Диловар Исозода, сардори раёсати маорифи вилоят, дар баробари зикри муваффақиятҳо аз камбудиҳо низ ёдовар шуда, гуфт, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят 15 омӯзгори забони англисӣ ва 10 муаллими забони русӣ намерасад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки 17 дарсади омӯзгорони забонҳои хориҷӣ маълумоти олии нопурра доранд.
“Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ бинобар набудани мутахассисони соҳибмаълумот ва муҳайё нашудани шароити мусоиди таълим хонандагон аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ дониши хуб надоранд. Ин аз иштироки сусти хонандагон дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баръало муайян мегардад. Масалан, хонандагони муассисаҳои таълимии навоҳии Балҷувон, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Қубодиён ва Хуросон дар даври вилоятии олимпиада аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ ширкат карда, бинобар надоштани дониши қаноаткунанда ҳамеша дар даври ниҳоӣ, яъне ҷумҳуриявӣ иштирок карда наметавонанд.
Мушкили дигар ин аст, ки таҷрибаи пешқадами омӯзгорони забонҳои хориҷӣ тарғиб карда намешавад, ки ин боиси коҳиш ёфтани завқи омӯзгорони соҳибтаҷриба мегардад. Масалан, дар шӯрои рушди маорифи ноҳияи Кӯшониён ба ин масъала ягон маротиба эътибор дода нашудааст.
Дар баъзе кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ фаъолият накардани мушовири фанни забони англисӣ низ ба ташкил ва таълими босамари ин фан таъсири манфӣ мерасонад. Чунин вазъ дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Носири Хусрав ва Хуросон мушоҳида мешавад.
Ташкил кардани кабинетҳои лингафонӣ ва истифодаи воситаҳои техникӣ ба раванди забономӯзии хонандагон таъсири хуб мерасонад. Вале, мутаассифона, аз 1 ҳазору 342 муассисаи таълимии шаҳру навоҳии вилоят ҳамагӣ дар 55 муассиса кабинети лингафонӣ мавҷуд аст. Аз ин рақам танҳо 38 кабинети лингафонӣ бо таҷҳизот пурра таъмин карда шудааст. Дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии Левакант, Шаҳритуз ва Балҷувон айни ҳол ягон кабинети лингафонӣ фаъолият намекунад”, - афзуд сардори раёсати маорифи вилоят.
Зимнан, изҳори нигаронӣ шуд, ки дар ноҳияҳои Шаҳритуз се омӯзгор, Панҷ - шаш, Н. Хусрав - ду ва Қубодиён як омӯзгор бо доштани маълумоти таҳсилоти миёна ба шогирдон забони хориҷӣ омӯзонда истодаанд.
- Натиҷаи ҷой доштани мушкилоти зиёд дар самти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисист, ки толибилмони муассисаҳои таълимии вилоят дар соли хониши кунунӣ аз фанҳои мазкур ба гирифтани фақат шаш медал ноил шуданд, - бо таассуф зикр кард М. Хидирзода, муовини раиси вилоят.
Ин нишондиҳанда аз сифати ғайриқаноатбахши таълим дарак медиҳад.
Маҳмадӣ Шарифов ва Ҷамшед Намозов, роҳбарони филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, ҳангоми таҳлили масоили соҳаи маориф, аз ҷумла зикр карданд, ки бинобар пардохт нашудани сафархарҷӣ дар баъзе аз шаҳру навоҳии вилоят омӯзгорон бо вуҷуди зарурати касбӣ, ба курсҳои такмили ихтисос камтар таваҷҷуҳ мекунанд.
Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтар дунафарӣ доктору номзади илм фаъолият мекунанд, ки ин кофӣ нест. Аз камобеш 20 мақолаи давоми солҳои 2018 - 2019 аз ҷониби устодони ин муассиса ба табъ расондашуда бештарашон хусусияти илмӣ - тадқиқотӣ доранд, на илмӣ - методӣ. Аз ин ҷиҳат дар ҷодаи такмилдиҳии донишу малакаи муаллимон таъсири камтар доранд.
Бинои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб солҳои 60 - уми асри гузашта сохта шуда, ҳоло ба таҷдиди ҷиддӣ ниёз дорад.
Дар робита ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Консепсияи роҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сармутахассиси раёсати маорифи вилоят Сафармаҳмад Алимардонов гуфт, ки аз шумораи умумии кабинетҳои технологӣ барои духтарон дар вилоят 48 - то кам гардида, дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии Кӯлоб, Темурмалик, Ҷайҳун, Шамсиддин Шоҳин, Шаҳритуз ва Хуросон зимни тақсими соатҳои дарсии фанни мазкур (таълими меҳнат), тартиб додани нақшаҳои тақвимӣ ва муҷаҳҳаз кардани кабинетҳои фаннӣ ба камбудиҳо роҳ додаанд.  Дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 20, 26, 32, 33, 36, 39, 40 ва 44 - и ноҳияи Ҷайҳун аз сабаби нарасидани синфхона кабинетҳои технология таъсис дода нашуда, ҳамзамон, ба истиснои шаш муассиса, дигар дар ягон мактаби ноҳия лабораторияҳо барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ мувофиқ гардонда нашудаанд. Дар ноҳияи Шаҳритуз аз 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фақат дар 15 - тои он талаботи консепсияи мазкур пурра не, балки қисман иҷро шудааст. 
-  Соли ҷорӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии вилоят корҳои таблиғотӣ оид ба интихоби касб гузаронда шуд, вале чун солҳои қаблӣ довталабон ҳангоми интихоб ба хатоҳои гуногун роҳ доданд, - зикр кард Раҳмоналӣ Халилов, сардори бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва афзуд: - Тағйироти имсола дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ин аст, ки довталабон аз фанни забони тоҷикӣ иншои хурд, яъне эссе намесупоранд. Сабабаш он аст, ки соли гузашта аксарияти довталабон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил нагардида буданд. Баъдан, барои санҷидан ва баҳогузории эссеҳои навиштаи довталабон соли гузашта аз вилоят ба ҷойи 50 омӯзгор ҳамагӣ 12 нафари сатҳи донишу фаҳмишаш мувофиқ пайдо ва ба маркази ҷумҳуриявӣ фиристода тавонистем.      
Махфират Хидирзода таъкид намуд, ки соли 2018 бархе аз мудирони шуъбаҳои маориф ва сарварони муассисаҳои таълимӣ бинобар дохил нашудан ё ҳамагӣ то 5 дарсад дохил шудани хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз вазифа сабукдӯш ва иддае бо дигар усулҳо муҷозоти интизомӣ шуданд. Биноан, маслиҳат дода шуд, ки бо мақсади минбаъд ба камбудиҳо роҳ надодан дарсҳои иловагӣ ташкил карда, хонандагон мувофиқи қобилият ва касби интихобкардаашон ба онҳо ҷалб карда шаванд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2019    №: 101    Мутолиа карданд: 174

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед