logo

иқтисод

САНОАТ. ЧАРО КОРХОНАҲО АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМЕМОНАНД?

(Танҳо соли гузашта 100 миллион сомонии  “Фонди рушди соҳибкорӣ” истифода нашуд)

Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар ва дигар ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ мебоист бо истифода аз имконоти мавҷудае, ки Ҳукумати мамлакат фароҳам овардааст, баҳри татбиқи ин ҳадафи стратегӣ чораҳои муҳиму таъхирнопазир андешанд. То эълони ин ҳадафи миллӣ ҳам бо ҳидояти Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкорон ва тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ дар мамлакат корхонаву коргоҳҳои зиёде сохта ба истифода дода шуданд.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав танҳо соли гузашта дар ҷумҳурӣ 131 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ таъсис дода шудаанд ва дар ин замина, барои аҳолӣ 1792 ҷойи кори нав ташкил гардид. Вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода зимни ҷамъбасти натиҷаҳо иброз дошт, ки соли гузашта дар вилояти  Суғд 43 корхонаю  коргоҳи нав бо фарогирии 690 ҷойи нави корӣ, Хатлон 36 корхонаю коргоҳ бо 573 ҷойи нави корӣ, ВМКБ 4 коргоҳ бо 91 ҷойи корӣ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26  корхонаю коргоҳ бо 280 ҷойи нави корӣ ва шаҳри Душанбе 22 корхонаю коргоҳ бо 158  ҷойи корӣ  ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
Мутаассифона, ҳолатҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳо низ зиёд ба назар мерасанд. Соли гузашта 128 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Агарчи масъулини вазорат мегӯянд, ки шумораи корхонаҳои соли гузашта аз фаъолият бозмонда дар қиёс ба соли 2017 (180 корхона) коҳиш ёфтааст, вале дар муқоиса бо ҳолати саноатии кишвар аз кор мондани 128 корхонаю коргоҳ низ кам нест ва ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири амиқе хоҳад гузошт. Барои мисол,  мо дар ин ҷо ду корхонаи аз истеҳсолот бозмондаро меорем, ки  дар онҳо чандин нафар аз ҷойи кор маҳрум гаштанд. Яке аз ин корхонаҳо ҶСК комбинати маъдантозакунии “Адрасмон” мебошад, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003, № 486 “Дар бораи нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003 - 2007” 17 июли соли 2006 дар музояда аз ҷониби ширкати “Казинвест минерал”-и Ҷумҳурии Қазоқистон харидорӣ шуда буд. ҶСК комбинати маъдантозакунии “Адрасмон” ягона корхонаи саноати кӯҳӣ мебошад, ки пас аз хусусӣ шудан  зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ҳам бо ифодаи пулӣ ва ҳам бо ифодаи молӣ таъмин карда натавонист. Яке аз сабабҳои асосии натиҷаи дилхоҳ надодани ин иқдом дар он буд, ки қисми зиёди сармояи вориднамудаи ширкати “Казинвест минерал” барои рӯпӯш намудани қарзҳои кредитории корхона ва харидории дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии нозарур равона шуд. Дар “Адрасмон” 621 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин буд. Айни замон дар корхона ҳамагӣ 140 корманд аз рӯи ҷадвали корӣ дар корҳои ҳимояи  иншоот фаъолият менамоянд. Боқимонда 481 нафар аз ҷойи кор маҳрум гардид. 
Масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар  мегӯянд, ки аз моҳи июли соли 2013 то кунун бо сабабҳои паст гардидани фоизнокии маъдани истихроҷгардида ва нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ “Адрасмон” тибқи қарори собиқ соҳибмулк  фаъолияти истеҳсолиашро қатъ кардааст. Вазъи ҳозираи молиявию иқтисодӣ ва хоҷагидории ҷамъият ногувор арзёбӣ гардида, роҳбарияти он ҷиҳати ҷалб намудани сармоягузорон барои оғоз намудани фаъолияти истеҳсолӣ кӯшиш  карда истодааст.
Корхонаи дигаре, ки  аз фаъолият боз мондааст, ин ҶДММ «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» аст, ки аз моҳи апрели соли 2011 дар Тоҷикистон тибқи иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар кони маъдани қалъагию миси «Мушкистон» - и шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд фаъолият мекард. Аз ҷониби ҷамъият корҳои азхудкунии кони маъдани қалъагию  миси «Мушкистон», сохтмони фабрикаи ғанигардонӣ бо ду хати технологӣ - флотатсионӣ ва гравитатсионӣ, партовгоҳ, обанбор ва биноҳои ёрирасон дар деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент бо харҷи  умумии 125 миллион сомонӣ сохта шуда, корхона зиёда аз 12 миллион сомонӣ  андозҳои гуногун пардохт намудааст. Иқтидори лоиҳавии фабрикаи ғанигардонӣ дар як сол 75 ҳазор тонна буда, соли 2015 ҷамъият аз кони «Мушкистон» 53 ҳазор тонна маъдан истихроҷ ва бо тариқи таҷрибавӣ наздики 4 ҳазор тонна хокаи қалъагиву мис истеҳсол намуда буд.
Сабабҳои аз кор мондани корхонаҳои саноатиро масъулони соҳа ба чанд омил вобаста медонанд. Яке аз сабабҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳо дар соли 2018 ин мавсимӣ будани фаъолияти онҳо унвон мешавад. Омили дуюми аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро масъулон ба норасоии ашёи хом рабт медиҳанд ва дар ин самт бештар корхонаҳои коркарди пахтаро ном мебаранд. Масъулон мегӯянд, ки аз сабаби соли гузашта дар кишвар кам истеҳсол гардидани пахта корхонаҳо натавонистанд бо иқтидори заруриашон кор кунанд ва баъзеи онҳо комилан фаъолият накарданд. Омили дигаре, ки садди роҳи фаъолияти корхонаҳо дар соли гузашта шудааст, ин ба худкифоя набудани маводи истеҳсолии онҳо вобаста мебошад, яъне соҳибмулкон аз надоштани маблағҳои зарурӣ натавонистанд корхонаҳои худро фаъол нигоҳ доранд. Ба таъкиди масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, «Адрасмон» ва «Бротекс» аз бузургтарин корхонаҳоеанд, ки соли 2018 аз фаъолият бозмондаанд. Корхонаи «Бротекс», ки бо ҷалби  сармояи хориҷӣ фаъолият мекард, натавонист, то худкифоягиро нигоҳ дорад ва дар натиҷаи аз сармоягузорӣ даст кашидани шарикон аз фаъолият бозмонд.
Камбудии аслии соҳибкорон дар корхонаҳои саноатӣ дар он аст, ки талаботи бозорро дуруст намеомӯзанд ва ашёи ба талабот заруриро истеҳсол карда наметавонанд. Ҳамин аст, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо  харидор намеёбад, ки боиси зарар дидану аз фаъолият бозмондани корхонаҳо мегардад. Ба инобат нагирифтани дастрасӣ ба ашёи хом ҳангоми бунёди корхонаҳо низ метавонад як сабаби номуваффақии соҳибкорон бошад. Соҳибкороне, ки ба бунёди корхонаҳо иқдом мекунанд, бояд имкони ҳадди ақал ба муддати то чанд сол бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳоро пешбинӣ кунанд.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ дар кишвар, тибқи дастури Сарвари давлат, «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» таъсис дода шудааст. Барои ҷоннок кардани соҳибкории истеҳсолӣ  миллионҳо сомонӣ сармоягузорӣ мешавад. Шарти асосӣ барои соҳибкорони мамлакат  ҷиҳати аз худ кардани маблағҳои фонд ба талабот ҷавобгӯ будани лоиҳаи пешниҳодшаванда мебошад.
Соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои фонди мазкур 100 миллион сомонӣ аз худ карда нашудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанӯз ҳам соҳибкорон шароиту имтиёзҳоеро, ки Ҳукумати кишвар барои онҳо фароҳам овардааст, самаранок истифода намекунанд. Агар ин 100 миллион сомонӣ соли гузашта аз ҷониби соҳибкорон самаранок истифода мегардид, шояд имрӯз фаъолияти чанд корхонаи дигар ҷоннок шуда, барои сокинони мамлакат даҳҳо ё шояд садҳо ҷойи нави кории дигар муҳайё мешуд.
Саъдӣ FОИБОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2019    №: 102    Мутолиа карданд: 269

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед