logo

маориф

ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБИ ОН

Низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои муҳимтарини системаи таҳсилот буда, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушду такомули неруи зеҳнии омӯзгорон мусоидат мекунад. Субъекти асосии таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои такмили ихтисос, омӯзгор аст. Бо омӯзгори касбӣ таъмин будани муассисаи таълимӣ шарти зарурии ба роҳ мондани таҳсилоти босифат ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад.

Натиҷагирӣ аз таҳлилҳо шаҳодат медиҳад, ки ҳоло муассисаҳои такмили ихтисос низ бо кадрҳои соҳибтахассус, махсусан бо мутахассисон унвони илмӣ дошта ба таври бояду шояд таъмин нестанд. Дараҷаи илмӣ - методӣ ва мувофиқати маҳорату таҷрибаи касбии омӯзгорони бахши такмили ихтисос ба талаботи рушди босуръати замони муосир мувофиқат намекунад, ё аз замони пешрафти илму техника ва технологияи муосири педагогӣ қафомонда боқӣ мемонад. Чун корманди муассисаи такмили ихтисос «омӯзгори омӯзгорон» ба ҳисоб меравад, бинобар ин, зарур аст, ки дар муассисаҳои такмили ихтисос кадрҳои дорои сатҳи баланди касбият гирд оварда шаванд.
Такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф тавассути Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд ба амал бароварда мешавад. Ҳамасола ба ҳисоби миёна муассисаҳои такмили ихтисос 23-25 ҳазор кормандони соҳа, аз ҷумла кормандони муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мураббияҳо,  психологҳои боғча ва муассисаҳои таълимӣ, кормандони интернатҳо, китобдорон, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, сармуҳосибону кормандони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорони фаннӣ ва ғайраро аз курсҳои такмили ихтисос мегузаронанд.
Дар баробари ин, мутаассифона, як қатор проблемаҳои системаи такмили ихтисоси омӯзгорону кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф вуҷуд дорад, ки дар ҳалли масъалаҳои ҳалталаби соҳа мушкилотро ба миён меорад. Аз ҷумла, ба талабот ҷавобгӯ набудани заминаи моддӣ – техникӣ, илмӣ, методӣ ва иттилоотии раванди такмили ихтисос, махсусан дар филиалҳои донишкада, таъмин набудани раванди такмил бо кормандони касбӣ ва унвони илмидошта, нокифоя будани синфхонаҳои таълимии бо технологияи муосир муҷаҳҳазгашта, набудани таъминоти методӣ ва китобхонаҳои электронӣ барои дастрас шудан ба сифатнокӣ ва самаранокии курсҳо, мувофиқат накардани давраи панҷсолаи такмили ихтисос ба суръати инкишоф ва татбиқи технологияи инноватсионии таълим, тибқи нақша фаро гирифта нашудани омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба курсҳои такмили ихтисос, номукаммалии банақшагирӣ дар сатҳи мактаб, ноҳия ва шаҳр, набудани китобхонаҳои электронӣ оид ба методикаи таълими фанҳо дар заминаи муассисаҳо, мавҷуд набудани раванди таҳияву дастрасии маводи таълимию методӣ ва барномаҳои таълимии вариативӣ (гуногун) вобаста ба дараҷаҳои тахассусӣ, собиқаи корӣ ва ғайра.
Ислоҳоти соҳаи маориф ва дигаргуниҳои куллӣ дар таҳсилот ворид намудани навгониҳоро дар соҳаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф низ ба таври ҷиддӣ тақозо дорад. Такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф омили асосӣ ва зарурии такомули соҳа буда, барои ба талаботи замон ва инкишофи ҷомеа мутобиқ сохтани дараҷаи тахассусии кормандони он ва дар ин асос, боло бурдани сифати таҳсилот низ мусоидат мекунад.
Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои такмили ихтисос анҷом додани корҳои зиёди илмию методӣ, ташкили системаи пайвастаи муайянсозии муваффақият ва проблемаҳои фаъолияти педагогии анҷомёфта, муайян сохтани вазифаҳои дуру наздик ва ҳалли проблемаҳои соҳаи таҳсилот зарур аст.
Вобаста ба ин, бунёди пояи муосири техникӣ ва технологии раванди такмили ихтисос ва дар ин асос, ташкил намудани китобхонаҳои электронӣ оид ба методикаи таълими фан, коркарди механизми ба муассисаҳои такмили ихтисос ҳарчи бештар ҷалб намудани мутахассисони сатҳи баланди касбӣ, гузаштан ба сикли сесолаи такмили ихтисос, бунёди инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, худомӯзию истифодаи васеи шабакаи интернет, маблағгузории сафари хизматии шунавандагони курсҳо, омода намудани шароити моддӣ - техникӣ ва методию таълимии гузариш ба шакли такмили ихтисоси фосилавӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Саидашрафи АКРАМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2019    №: 102    Мутолиа карданд: 192

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед