иҷтимоиёт
ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Дар ноҳияи Данғара барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ тайи чор моҳи соли равон чор ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд.
- Дар навбати аввал сарбозоне, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргаштаанд, бо ҷойи кор ва кумакпулӣ таъмин гардиданд. Инчунин, дар соҳаҳои гуногун ба 12 шаҳрванд барои пешбурди соҳибкорӣ 45 ҳазору 800 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд, - гуфт Салимҷон Нуралиев, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия.
Дар ин давра аз 625 шаҳрванде, ки ба шуъба барои пайдо намудани ҷойи кор муроҷиат намуд, 325 кас дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин гардид. Талаботи бозори меҳнат ва номгӯйи корҳои ҷамъиятӣ омӯхта, дар асоси шартномаи тарафайн 47 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок фаро гирифта шуд. Аз ҳисоби оилаҳои серфарзанд 10 нафар дар беморхонаи марказии ноҳия кори доимӣ пайдо намуд.
Дар баробари ин, бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби духтарону бонувон ва ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар ва дар оянда бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 182 нафар ба омӯзиши барномаҳои компютер, ҳунарҳои гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, чӯбтарошӣ, табақтарошӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ ва кафшергари барқӣ ҷалб шуданд.
Хайринисо Кароматова, омӯзгори филиали ноҳиявии муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», гуфт, ки дар курсҳои кӯтоҳмуддати марказ бештар занону духтарони хонашин ҳунаромӯзӣ мекунанд.
- Дар ин курсҳо мехоҳам ҳунарҳои шерозабофӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзию чакандӯзӣ, қолинбофӣ ва ҳунарҳои дигарро омӯхта, соҳиби шуғли доимӣ шавам, ҳамчунин, нозукиҳои онро ба дигарон омӯзонда, ҳамчун ҳунарманди моҳир соҳиби эътибор бошам, - мегӯяд Сайёҳат Маҳмадавлатова, сокини Ҷамоати деҳоти Корез.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.05.2019 №: 102 Мутолиа карданд: 493