logo

иҷтимоиёт

ҶАҲОНРО БА БАД НАСПАРЕМ

Сол ба сол вазъи сиёсии ҷаҳон мураккаб мегардад ва ин амнияту оромии аҳли сайёраро аз миён мебарад. Хабари як амали номатлубу даҳшатзо бо имкониятҳои васеи техникаву технологияи муосири иттилоотӣ дар тамоми дунё зуд паҳн мегардад.
Ҳирсу тамаъҷӯӣ ва қудратталабиву қудратнамоӣ дигар мояи нангу бешарафӣ нест.
Куштору ғорат як амали одӣ ва воситаи изҳори зӯриву тавонмандӣ гаштааст.
Раҳму шафқат ҳатто ба ҳамтои худ кам мешаваду кам.
Муқаддасот ва арзишҳо эътибори худро аз даст медиҳанд.
Инсон рисолати худро дар рӯи Замин намешиносад ва баъд онро ба куллӣ аз ёд мебарад.
Бо эҳсосу дарку фаҳми ин хатарҳои бас ҷиддӣ, андешаҳои ба мафкураи мо бегона ва оқибатҳои даҳшатбори онҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чандин сол пеш аз минбарҳои баланду бонуфуз ҷомеаи ҷаҳониро аз густаришу мавқеи устувор пайдо намудани терроризму экстремизм огоҳ сохтанд. Ҳамзамон, чеҳраи зишти онҳоро, ки зери ниқобҳои гуногун буданд, во намуданд. Бо ҷасорати  том изҳор доштанд, ки террористу ифротгаро миллату дину мазҳаб надорад. Яъне, аз онҳое, ки миллату дину мазҳаб надоранд, ҳама гуна амалҳои номатлубро интизор шудан мумкин аст. Замон ин ҳақиқатро равшану возеҳ собит сохт.
Дар давроне низ, ки аксари гурӯҳҳои ифротӣ амалҳои баду зишти худро зери ниқоби ислом содир мекарданд, ба пуштибонии ин дини мубин баромаданд. Борҳову борҳо изҳор доштанд, ки ислом ба куштору ғорат ва ифротгароиву  хушунат зид мебошад. Ин дин рисолати инсонро ба дурустӣ нишон дода, одамонро ба дӯстдориву иҷрои амалҳои нек ҳидоят менамояд. Инчунин, раҳму шафқати инсонҳоро ба ҳамдигар хостор аст.
Дар сурате, ки ин вабои аср, яъне терроризм, дар тамоми дунё паҳн мешаваду густариш меёбад, роҳи пешгирии онро низ баён доштанд: «Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳадафи асосии равияҳои ифротиро ба мардум, хусусан ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва нагузорем, ки дар ҷомеа андешаҳои ба мафкураи мо бегона нуфуз пайдо кунанд».
Ин ҳақиқатро ҷомеаи кишвари мо, фикр мекунам, замоне бештару беҳтар дарёфт, ки чандин амалҳои террористӣ дар ҷумҳурӣ содир гардиданд. Инчунин, 84 кӯдаки ҷангиёни тоҷикро аз Ироқ ба Ватани азизамон баргардонданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин иқдоми бузургу башардӯстонаро бисёр хуш пазируфт ва нек арзёбӣ намуд. Ҳатто нафароне, ки аз дур ба ин кишвар ҳамеша санги маломат мезаданд, ин бор ҳақиқатро ноилоҷ пазируфтанду дар пардаҳои ғаразҳои бадашон пинҳон насохтанд.
Ҳаштоду чор кӯдак аз зулму тааддӣ, даҳшату ранҷу азоб раҳоӣ ёфт.
Ҳаштоду чор кӯдак бо эҳсоси раҳму шафқат ва таълиму тарбияи дуруст дар кишвари соҳибистиқлол дӯстдори муқаддасот, арзишҳо ва Ватани азиз – бо номи Тоҷикистон хоҳад шуд.
Ҳаштоду чор кӯдак имкон пайдо кард, ки ба мафкураашон андешаҳои ба мову онҳо бегона роҳ наёбад.
Амалҳои нангину даҳшатзо дар моҳи мубораки Рамазон дар зиндон рух доданд. Ҳатто тасаввураш осон нест, ки агар ин гурӯҳи ифротӣ дар озодӣ мебуданд, ба иҷрои чӣ амалҳои даҳшатзотар аз ин қодир мебуданд.
«Рамазон дар ҳаёти мусалмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расондани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад», - таъкид доштанд Сарвари давлат. Ин ҳақиқат ва эҳтироми моҳи Рамазон барои ифротгароён бегона будааст.
Амалҳои номатлубу даҳшатзои ин гурӯҳ дар оғози моҳи муборак дар кишвари рӯбарӯи мо, ки исломист, моро бори дигар ҳушдор дод ва бовар намуд, ки дар ҳеҷ сурату ҳолат фирефтаи ин гурӯҳ нагардем. Бо таъкиди Пешвои миллат шукронаи давлати озоду Ватани ободамонро бинамоем, ки дар фазои осуда аз баракати сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ҳаёт ба сар мебарем.
Воқеан, вазъи сиёсии ҷаҳон  дар ду – се соли баъд боз мураккабтар хоҳад шуд. Шинохти он бо ҳама паҳлуҳояш бисёр муҳим аст.
Дари фитнаҳоро боз васеътар боз мекунанд ва гирифториву раҳоӣ аз он дар ин сурат басо мушкил мегардад.
Гурӯҳҳои ифротгаро ба василаҳои гуногун ба хонаҳо роҳ меёбанд ва ба ташвиқи ғояҳои худ андешаҳои бегонаро ба мафкураҳо ҷой карданӣ мешаванд.
Бо номи иҷрои амалҳои неку мондагор, ҳадафҳои бузургу олӣ ва пешниҳоди маблағҳои калони пулӣ гурӯҳеро аз роҳи рост мезананду дуру гумроҳ месозанд.
Ба шаклҳои гуногун, зери ҳазорон ниқоб гурӯҳҳои ифротӣ зуҳур мекунанд ва усулҳои даъватро ба нафъи худу хоҷагонашон дигар менамоянд.
Афтодан ба домашон бисёр осон мешавад, агар онҳоро бо мақсадҳои нопоке, ки доранд, нашиносем.
Инак, айёми озмоиши ирода, яъне моҳи Рамазон, ба поён мерасад ва пас аз он мо – мусулмонон дар фазои орому осудаи кишвар бо амнияту хотири   ҷамъ ид мекунем. Вале иҷрои вазифаву  рисолатамон ба поён намерасад. Ва бояд чунин ҳам бошад. Оре, агар мехоҳем кишварамон, Ватани маҳбубамон барои ҳамеша озоду обод  ва амну осоиштагӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ дар он пойдор бимонад.
Ҳамин тавр, бояд ҳадафи асосии равияҳои ифротиро, ки вазъи сиёсии ҷаҳонро мураккаб мегардонанд, ба мардум бифаҳмонем ва дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми назаррас бигирем. Воқеан, биёед, то ҷаҳонро ба бад наспарем.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2019    №: 103    Мутолиа карданд: 134

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед