logo

иҷтимоиёт

МУБОРИЗА БО ТАМОКУИ БЕДУД МАСЪАЛАИ ҲАЛТАЛАБ

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода, роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Марта Эверард, мутахассисон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Пешгирии тамокукашӣ дар байни ноболиғон, татбиқи қонуну санадҳои дахлдор, зарари тамокуи бедуд (нос), чилим, сигорҳои электронӣ ба саломатӣ ва баланд шудани меъёри андози аксизӣ ба маҳсулоти тамоку аз масъалаҳои меҳварии ҷаласа буданд.
- Побанди маҳсулоти тамоку шудани аҳолӣ яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир  аст. Тадқиқоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нишон дод, ки ин омил ҳамасола сабаби марги қариб 8 миллион одам  мегардад. Аз даҳ ҳолати фавт байни одамони калонсолу миёнасол якеаш бо сабаби таъсири тамоку дониста мешавад. Беш аз нисфи истеъмолкунандагони тамоку аз бемориҳое мефавтанд, ки пайдоишашон ба сигоркашӣ алоқамандӣ дорад, - изҳор дошт Марта Эверард.
Зикр гардид, ки дар соли 2017 маҳсулоти тамоку сабаби марги 3,3 миллион аҳолӣ дар ҷаҳон гардида, яке аз омилҳои асосии зиёдшавии бемории саратон шудааст.
- Мо ҳоло аз он ташвиш дорем, ки дар кишвар шумораи истифодабарандагони тамокуи бедуд, махсусан нос афзудааст. Бори аввал ду соли охир табибону мутахассисони мо муайян карданд, ки нос ба бемории саратони меъда ва ковокии даҳон оварда мерасонад, - баён намуд Саида Умарзода.
Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ба тамокукашӣ одат кардани ноболиғон аст. Мутахассисон муқаррар намудаанд, ки шахсони то 15 - сола нисбат ба онҳое, ки баъди 25 - солагӣ ба ин амал даст задаанд, панҷ маротиба бештар мефавтанд. Онҳое, ки солҳои тӯлонӣ ва аз ҳад зиёд тамоку мекашанд, ба бемории стенокардия мубтало хоҳанд шуд. Бино ба маълумоти равоншиносон, муаммои сигоркашӣ на танҳо мушкилоти тиббӣ, балки ҷиҳатҳои равонӣ низ дорад. Дар натиҷаи кашидани сигор асаби инсон хароб шуда, боиси фаромӯшхотирӣ ва асабонӣ шудан мегардад.
Истифодаи ҳама гуна маҳсулоти тамоку, аз қабили чилим, нос, сигор дар биноҳои таълимӣ, муассисаҳои варзишӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакона, нақлиёте, ки дар он кӯдакони то 16 - сола ҳузур доранд, даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва бинову иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд, манъ шудааст.
- Бо вуҷуди ин, мебинем, ки ҳанӯз талаботи қонун риоя намешавад. Фурӯши ғайриқонунии он дар бештари дукону мағозаҳои сарироҳӣ, истифодааш дар ҷойҳои мамнӯъбуда идома дорад. Бавижа, истеҳсол ва фурӯши нос аз масъалаҳои мубрам боқӣ мемонад. Зеро нос на дар корхонаи махсус, балки дар шароити хона истеҳсол шуда, гузарондани санҷишҳои махсус ва пешгирии фурӯши онро мушкил мегардонад, - гуфт табиб - пулмонолог Ҳакима Ахмедова.
Иштирокчиёни ҷаласа ташаббуси Ҳукумати ҷумҳуриро бобати баланд бардоштани меъёри андози аксизӣ ба маҳсулоти тамоку ҳамчун яке аз усулҳои мубориза бо тамокукашӣ ва воситаи самарабахши ғанӣ гардондани буҷети давлат арзёбӣ намуданд.
Дар нишаст пешниҳод гардид, ки вобаста ба огоҳонидани аҳолӣ аз зарари тамоку дар муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо вохӯриҳо ташкил шуда, барои масъулони ВАО семинарҳои омӯзишӣ доир гардад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2019    №: 103    Мутолиа карданд: 355
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед