иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Дар ҳама давру замон дар олами фарҳангу маънавиёт инсонҳое ба майдон меоянд, ки бо пиндору гуфтори нек ва ҷаҳонбинию фаъолияти хос сарсупурдаи соҳаи хешанд. Марҳабо Турсунзода аз ҷумлаи чунин шахсони нек ба шумор меравад. Ӯ 40 сол шуд, ки бо қалби саршор аз муҳаббат нисбат ба китобу китобдорӣ, ба тарғибу ташвиқи ин ганҷинаи пурарзиш машғул аст.
Пас аз хатми мактаби миёна Марҳабо Турсунзода бо маслиҳати модар ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба кор омад ва меҳраш нисбат ба китоб дучанд гардид. Ҳамин буд, ки соли 1980 ба факултети китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд. То соли 1992 мавсуф дар китобхона фаъолиятро босамар идома дода, аз вазифаи китобдор то ба сардори шуъбаи санъат камол ёфт.
Барои вусъат бахшидани корҳои китобхонавӣ дар соҳаи маориф табодули вазифа намуда, соли 1998 мудири китобхонаи мактаб таъйин гардид. Тақдир моҳи декабри соли 2009 ин бонуи китобдорро дубора ба китобхонаи вилоятӣ овард.
Бо ташаббуси вай дар як муддати кӯтоҳ кори китобхона ранги дигар гирифт. Байни хонандагон «Рӯдакихонӣ», «Шоҳномахонӣ», «Ҳофизхонӣ», «Айнихонӣ», «Турсунзодахонӣ», «Забондонӣ» ва «Ровии беҳтарин» барин озмунҳо, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон, олимону донишмандон, чеҳраҳои машҳури сиёсиву ҷамъиятӣ, инчунин, конфронсҳо ва муаррифии китобҳои тозанашр зуд–зуд баргузор мешуданд. Марҳабо Турсунзода кӯшиш менамуд, ки дар маҳфилҳо соҳибназаронро даъват намояд, зеро ӯ хуб медонад, ки таъсири сухани зинда ва гармии гуфтору суҳбати рӯ ба рӯ бо донишмандон бамаротиб бештар аст. Ва маҳз муносибати самимии ӯ буд, ки сафи хонандагон рӯз ба рӯз бештар гардида, онҳо бо шавқу ҳаваси зиёд ба китобхона меомаданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол», ки соли 2014 бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар баргузор гашт, дар он Марҳабо Турсунзода сазовори ҷойи якум ва соҳиби нишони фахрии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” шуд. Ҳамчунин, хизматҳои неки мавсуф бо нишони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, ифтихорномаҳои мақомоти давлатию ҷамъиятӣ қадр гаштааст.
Баҳром МИРСАИДОВ,
директори китобхонаи вилоятии оммавии
ба номи Тошхоҷа Асирӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.05.2019 №: 103 Мутолиа карданд: 274